Муҳаммад Закариёи Розӣ: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
Ibrahim (баҳс | ҳисса)
Саҳифаи нав: {{Зиндагинома |Номи тоҷикӣ=Закариёи Розӣ |Номи аслӣ=زکریای رازی |Акс=Zakariya Razi 001.JPG |Зодрӯз=865 |Зодг...
 
No edit summary
Сатри 1:
{{Зиндагинома
|Номи тоҷикӣ=Закариёи Розӣ
|Номи аслӣ=زکریای رازی (Abu Bakr Muhammad ibn Zakariya ar-Raziy)
|Акс=Zakariya Razi 001.JPG
|Зодрӯз=865
Сатри 9:
}}
 
'''Абӯбакр Муҳаммад ибни Закариёи Розӣ''' (865, Рай – 925, ҳамон ҷо), [[олим]] ва [[табиб]]и шаҳири аҳли сомонӣфорсй. Арабҳо ӯро «табибу-л-муслимин» ва ба муносибати ба забони арабӣ будани китобҳояш (забони илмии олами ислом дар он рӯз) ӯро «[[Ҷолинусу-л-араб]]» номидаанд. Аз оғози ҷавонӣ ва таҳсилоти ӯ иттилое дақиқ ҷуз он чӣ тазкиранависон навиштаанд, дар даст нест. Дар бархе аз сарчашмаҳои асримиёнагӣ омадааст, ки Закариёи Розӣ гӯё Мансур ибни Нӯҳ ибни Насрро (ҳукмрониаш с-ҳои 961 – 976) табобат кардааст. Бархе гуфтаанд, ки ӯ дар айёми ҷавонӣ заргарӣ мекардааст ва баъзе навиштаанд, ки ӯ дар оғоз сарроф будааст. Пешаи заргарӣ ва саррофӣ таваҷҷӯҳи ӯро ба самти илми химия равона кардааст, то ки битавонад гавҳари филизотро дигаргун созад. Дар натиҷаи шуғли пайвастааш бо ин фан, наздикӣ ба оташ ва бӯйҳои тунд чашмҳои ӯ дучори беморӣ гардиданд ва ӯ аввал ба муолиҷа пардохта, сипас ба тиб рӯй овардааст.
 
Дар маъхазҳо омадааст, ки ӯ барои дармони дарди чашми худ назди каҳҳоле рафт. Каҳҳол барои дармон понсад динор талаб кард ва ӯ ночор онро бипардохт. Сипас бо худ гуфт, ки «кимиёи воқеӣ илми тиб аст, на он ки ту бад-он машғулӣ». Баъдан аз илми кимиё дурӣ ҷуст ва ба илми тиб пардохт.