Асетилен: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
No edit summary
No edit summary
Сатри 1:
[[Акс:Acetylene-CRC-IR-dimensions-2D.png|border|right|frameless|250x250px]]
[[Акс:Acetylene-3D-vdW.png|border|right|frameless|249x249px]]
'''АТСЕТИЛЀН''' (''этин СС ≡ СН'') — карбогидриди беҳад (носер); гази беранг, бӯи пасти эфирӣ дорад; ҳарорати гудозиш –81,8°С, ҳарорати ҷӯшиш –83,8°С, зичиаш 1,17 кг/м3 (дар шароити муътадил); дар [[атсетон]] ҳал мешавад. Атсетиленро аввалин бор Э. Деви (1836) дар натиҷаи таъсири об ба карбиди калий кашф кардааст. Солҳои 1859–60 Бертло ҳангоми аз найчаи тафсон гузарондани моддаҳои гуногун (этилен, спиртҳои метил ва этил, эфир) онро аз нав кашф намуд. Усули аз ре­аксияҳои зерин ҳосил кардани атсетиленро Мясников ва Савич (1861) дарёфт намуданд:
CH<sub>2</sub>Br – CH<sub>2</sub>Br → CH ≡ CH; CH<sub>2</sub> = CHBr → CH ≡ CH
Атсетилен бо алангаи равшани сердуд месӯзад. Омехтаи атсетиленбоатсетилен бо ҳаво моддаи тарканда аст. Танҳо омехтае, ки аз 5% кам атсетилен дорад, наметаркад. Сабаби асосии ба табаддулоти сершумори кимиёӣ дучор шудани атсетилен карбогидриди беҳад будани он аст. Ҳамин тавр, он ба реаксияи полимеризатсия майли зиёд дорад. Бо CuCl ва NH4Cl дар маҳлули турш полимеризатсия шуда, винилатсетилен ва дивинилатсетилен ҳосил мекунад:
2CH ≡ CH → CH<sub>2</sub> = CH – C ≡ CH
3CH ≡ CH → CH<sub>2</sub> = CH – C ≡