Атсетон: Тафовут байни таҳрирҳо

no edit summary
No edit summary
No edit summary
'''АТСЕТÓН''' (CH<sub>3</sub>COCH<sub>3</sub>, ''диметилкетон, кетони сода'') — моеи беранг, бӯйи хос дорад, ҳарорати ҷӯшишаш 56,2°С, ҳарорати гудозиш –94,9°С, зичиаш 790,8 кг/м3. Дар [[об]], [[спирт]] ва [[эфир]] нағз ҳал мешавад. Атсетон хосияти кетонҳоро дошта, оксим, семикарбазон, 2,4 – динитрофенилгидразон, оксинитрил ва ғайра ҳосил мекунад. Оксинитрил барои истеҳсоли шишаи органикӣ – полиметилметакрилат истифода мегардад. Атсетон дар таркиби маҳсули буғронии хушки чӯб мавҷуд аст. Ҳангоми аз карбонати барийи тафсон гузарондани буғи кислотаи атсетат бо миқдори зиёд ҳосил мешавад. Дар саноат онро бо роҳи аз карбонати сери тафсон борҳо гузарондани буғи кислотаи атсетат, ҳамчунин бо роҳи деҳидрогенонии спирти изопропил (ба сифати [[катализатор]] порчаи биринҷӣ истифода мешавад) истеҳсол мекунанд. Бо роҳи таҷзияи бактериявии карбоҳидратҳо ([[крахмал]], декетрин, малтоза) ҳосил кардани он низ маълум аст. Зери таъсири ''Bacterium atcetoaethylicum'' аз крахмал 10–30% спирт ва 6–10% атсетон ба даст оварда мешавад. Ҳангоми таъсири Bacillus macerans аз крахмал ба миқдори зиёд атсетон ҳосил мегардад. Усули асосии ба даст овардани атсетон ҳидрататсияи пропилен ва оксидонии минбаъдаи спирти изопропили ҳосилшуда мебошад.
Атсетонро дар пешоби беморони касалии қанд (диабет) ошкор мекунанд. Аз атсетон бо таъсири хлор ё йод ва ишқор хлороформ ва йодоформ ҳосил кардан мумкин аст.
: <math>\mathsf{C_6H_6 + CH_3CH\text{=}CH_2 \longrightarrow C_6H_5CH(CH_3)_2}</math>
: <math>\mathsf{СН_3СОСН_3 + ЗСl_2 + 4КОН\longrightarrow}</math>
СН<sub>3</sub>СОСН<sub>3</sub> + ЗСl<sub>2</sub> + 4 КОН →
→СН<sub>3</sub>СООК + СНСl<sub>3</sub> + 3KC1 + ЗН<sub>2</sub>О