Аттори Нишопурӣ: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
No edit summary
No edit summary
Сатри 39:
=== «Мухторнома» ===
«Мухторнома», ки дар он рубоиёти Аттор бо як муқаддимаи мансури мусанниф аз 50 бобу 5000 байт иборат аст. Шоир ин ашъори хешро ба мавзӯъҳо табақабандӣ кардааст, ки дорои афкору мазмунҳои ҷолибанд. Дар маснавиҳои Аттор вобаста ба мазмуну муҳтавои мақолаву бобҳо ҳикояти бисёре омадааст, ки қаҳрамононашон бештар аз табақаи поини ҷамъият – хоркаш, гадо, бекасукӯй, муфлису дармонда, бечораву афтода, фақиру бенаво ва ҳатто девонагон мебошанд. Аттор бо ин адабиётро аз дарбор ба берун кашид ва бар хидмати ҷомеа равона сохт. Ӯ бахусус ба симои зан – модар таваҷҷуҳи хосса дорад ва мавқеи занро дар ҷомеа хеле бузург арзёбӣ мекунад, ки камтар суханварони адабиётамон ба ин поя расидаанд.
=== «Девон» ===
«Девон»-и Аттор, ки камобеш 9940 байт дорад. Ӯ худ девонашро сохта будааст, ки мегӯяд:
: Зи гуфти ман, ки табъи обу зар дошт,
Сатри 56:
: Дами Исост, ки бо боди саҳар мегузарад
: В-оби Хизр аст, ки бар рӯйи Хазар мегузарад.
Қаландариёти А.Аттор низ дар ғазалиёти ӯ мавқеи алоҳида­ро соҳиб аст. Дар ин навъи ғазал А. бар асоси афкори қаландария андешаҳои шӯрангези исёнкоронаашро алай­ҳи мутаассибин истифода кардааст ва ишқ дар онҳо як ишқи қаландарона аст. Таълимоти қаландарияро тарки русуму одоби ҷорӣ ташкил медод. Тахриби зоҳиру бадномиро бар некӣ тарҷеҳ додан, аз масҷид роҳ сӯи майхонаву калисо гирифтан, ишқи духтари тарсо варзидан ва ғайра мазомини умдаи қаландариёти шоир ва ин ҳама як навъ эътирози устокоронаву пардапӯшона алайҳи золимони мухталифуттабақаи давр буд:
: Азми он дорам, ки имшаб ниммаст
: Пойкӯбон кӯзаи дурде ба даст