Басра: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
No edit summary
AryanBot (баҳс | ҳисса)
х Бот кор карда истодааст, replaced: байналмилалӣ → байналмиллалӣ
Сатри 9:
|Харита =
}}
БАСРÁ ([[арабӣ]]:بصرة) Бассора, шаҳр дар қисми ҷанубу шарқии [[Ироқ]], маркази маъмурии музофоти Басра.
 
Аҳолиаш 191420 нафар (2010). Дар қисми ҷан. пастии Байнаннаҳрайн ва резишгоҳи д. Шатту-л-Араб ҷойгир аст. Маркази р. о. ва автомобилӣ. Бандари калони дарёию баҳрӣ бо терминали нафткашонӣ, ки дар масофаи 120 км аз резишгоҳи д. Шатту-л-Араб ба халиҷи Форс воқеъ аст. Нуқтаи охирини р. о.-и Бағдод. Фурудгоҳи байналмилалӣбайналмиллалӣ дорад. Басра с. 637 ё 638 аз тарафи халифа Умар ҳамчун истеҳком бунёд шудааст. Дар асрҳои 8–12 маркази муҳимми маданӣ ва иқтисодии хилофати Аббосиён ва бандари бузургтарини Шарқи Наздик буд. Дар а. 13 аз тарафи муғулҳо (лашкари Ҳулокухон) торумор гардид. Асрҳои 16–19 маркази музофотии империяи Усмонӣ буд.
 
Солҳои 1917–30 аз тарафи лашкариёни англис забт гардид, дар давраи Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ (1939–45) ба пойгоҳи ҳарбии Британияи Кабир табдил ёфт. Басра дар натиҷаи ҷанги Эрону Ироқ (1980–88) ва ҷанги Халиҷи Форс (1991), бомбаборони Қувваҳои ҳарбию ҳавоии ИМА ва Британияи Кабир (2003) зарари бисёр дид. Бинои корхонаҳои истеҳсолӣ хароб гардиданд. Басра маркази истихроҷ ва коркарди нафти Ироқ буда, хатти қубурҳои нафт то конҳои аз-Зубайр ва ар-Румайл кашида шудаанд.
 
Саноати киштисозӣ, нассоҷӣ, нафту ки¬миё ва хӯрокворӣ (хусусан коркарди хурмо) ривоҷ ёфтааст. Басра донишгоҳ, осорхонаҳои таърихӣ ва флоти ҳарбию баҳрӣ дорад. Аз ёдгорҳои таърихӣ боқимон¬даҳои девори қалъаи асримиёнагӣ маҳ¬фуз мондааст.
 
== Манбаъ ==
[[Энсиклопедияи Миллии Тоҷик|Энсиклопедияи миллии тоҷик, ҷилди 2]]
 
[[Гурӯҳ:Энсиклопедияи Миллии Тоҷик]]
[[Гурӯҳ:Маҳаллаҳои аҳолинишин аз рӯи алифбо]]
Баргирифта аз "https://tg.wikipedia.org/wiki/Басра"