Беларус: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
AryanBot (баҳс | ҳисса)
х Бот кор карда истодааст, replaced: байналмилалӣ → байналмиллалӣ (3)
Сатри 39:
==Сохти давлатдорӣ==
[[File:Belarus-Minsk-House of Government and Vladimir Lenin Monument (perspective corrected).jpg|alt=Бинои Ҳукумат дар Минск|left|frameless|166x166px|Бинои Ҳукумат дар Минск]]
Тибқи конститутсияи соли 1994 қабулгардида Белоруссия давлати воҳиди ҳуқуқбунёд ва республикаи президентӣ аст. Сарвари давлат – президент, ки ба муҳлати 5 сол интихоб мешавад, сардори ҳукумат – сарвазир, мақоми қонунгузор – Маҷлиси миллист, ки аз ду палата – Шӯрои Республика (64 ҷой) ва Палатаи намояндагон (110 ҷой, ваколаташон 4 сол) иборат аст. Суди олӣ ва Суди конститутсионӣ амал мекунанд. Белоруссия узви СММ (аз соли 1945), ИДМ, Шӯрои Аврупо, САҲА ва дигар ташкилотҳои байналмилалӣбайналмиллалӣ мебошад. Мувофиқи шартномаи соли 1999 басташуда Белоруссия якҷоя бо Россия давлати иттифоқӣ гаштанд. Муносибатҳои дипломатии Белоруссия бо Тоҷикистон аз 5 сентябри 1992 барқарор аст. Дар сатҳи дипломатияи мардумӣ дар [[Тоҷикистон]] Ҷамъияти дӯстии «Тоҷикистон – Белоруссия» ва дар Белоруссия Ҷамъияти дӯстии «Белоруссия – Тоҷикистон» фаъолият доранд.
==Ҷуғрофиё ва геология==
[[File:Belarus satellite image MODIS Terra true color 2010-06-29.jpg|alt=Тасвири Белоруссия аз кайҳон|left|frameless|238x238px|Тасвири Белоруссия аз кайҳон]]
Сатри 49:
==Табиат ва олами ҳайвонот==
[[File:Zubr 003.jpg|alt=Зубри аврупойӣ|left|frameless|199x199px]]
Аз 5 ҳисса 2 ҳиссаи ҳудуди Белоруссия бешазор буда, бештарашро [[дарахтони сӯзанбарг]] ташкил медиҳанд (бешазорҳои Налибок, Беловеж). Гиёҳҳои доруӣ зиёд мерӯянд (валериана, зарпоша, карвиё), 20 дарсади ҳудуди мамлакат ботлоқзор аст. Дар Белоруссия беш аз 50 намуд ҳайвоноти ширхор ва наздики 200 намуд паранда ҳаст. Гавазн, оҳу, хук, рӯбоҳ, гург, хирси малла бештар вомехӯранд. Дар Мамнӯъгоҳи Беловеж зубр ва дар ботлоқзорҳо намуди нодири сангпушти ботлоқӣ боқӣ мондааст. 4,2 дарсади сарзамини Белоруссия минтақаҳои ҳифзшавандаанд. Дар Полесйе Мамнӯъгоҳи радиатсионию экологӣ – барои омӯзиши ҳолати маҷмӯаҳои табиӣ (баъди садамаи [[Нерӯгоҳи барқи атомии Чернобил]]) ва дар Березин Мамнӯъгоҳи биосферӣ ташкил шудаанд. Чаҳор боғи миллӣ дорад: Беловежская Пуша, Кӯлҳои Браслав, Припятский, Нарочанский. Вазъи экологии Белоруссия мураккаб аст. Баъди фоҷиаи [[Чернобил|Чернобили]]и Украина (1986) 22 дарсади ҳудуди маскуни мамлакат, 26 дарсади бешазорҳо ва 20 дарсади хоҷагиҳои кишоварзӣ гирифтори ифлосшавии радиоактивӣ шуда, 2,64 ҳазор га заминҳои ҳосилхез аз эътибор соқит дониста шуданд.
==Аҳолӣ==
Аҳолии мамлакатро [[белорусҳо]] 81,2%, [[русҳо]] 11,4%, полшагиҳо 3,9%, украиниҳо 2,4%, яҳудиҳо 0,3% ва ғайра ташкил медиҳанд. 80 дарсади аҳолӣ муътақидони равияи православии дини масеҳӣ ва такрибан 15% католикҳо мебошанд. Таносуби фавт нисбат ба таваллуд афзунтар буда, бемориҳои силсилаи гардиши хун ва саратон бештар ба назар мерасанд, ки ин ҳам оқибати ҳодисаи Чернобил мебошад. Баъди пошхӯрии [[Иттиҳоди Шӯравӣ]] муҳоҷират ба [[ИДМ]] ва давлатҳои хориҷии дур – Исроил, ИМА, Канада, Олмон, Полша, Австралия зиёд шуд. Танҳо баъд аз фоҷиаи Чернобил аз Белоруссия беш аз 130 ҳазор нафар ҳиҷрат намудаанд. Дар ҳавзаи дарёи [[Днепр]] аҳолӣ зичтар ҷойгир шуда, қисми шимолии мамлакат ва ҳамвориҳои Полесйе камаҳолитаранд. 71,5 дарсади сокинон шаҳрнишин буда, нуфуси камтарини маҳаллаҳои аҳоли­нишини деҳот то 125 нафар мерасад.
==Таърих==
[[File:St Barys and Hleb Church Horadnia.JPG|alt=Калисои Колож, ёдгории ҳифзшавандаи асри XII |thumb|319x319px|'''Калисои Колож''', ёдгории ҳифзшавандаи асри XII ]]
Дар ҳудуди Белоруссия инсон ҳанӯз дар замони палеолити миёна ва боло маскан гирифта буд. Бошишгоҳҳои тамаддуни мустйер дар Подлужйе, Юпевичи, Бердиж ва вилояти Гомел пайдо шудаанд. Аксари ҳудуди Белоруссияро дар асрҳои аввали милодӣ қабилаҳои славянҳои шарқӣ ишғол кардаанд. Иттиҳодияҳои қабилавии дулебҳо, кривичҳо (аз болооби дарёҳои Днепр ва Волга томаҷрои миёнаи Двинаи Ғарбӣ), дреговичҳо (дар ҳавзаи дарёҳои Березина ва Припят), радимичҳо (ҳавзаи дпрёи Сож), древлянҳо (дар Ҷумҳурии Белоруссия) дар ин давра ташаккул ёфта, ҳудудҳои ишғолкардаи онҳо дар асри 9 ба давлати Руси Киевӣ ҳамроҳ карда шуданд. Кривичҳо ва радимичҳо ширкаткунандагони юришҳои князҳои киевӣ Олег (907) ва Игор (944) ба пойтахти Византия–Сарград (Константинопол) буданд. Дар миёнаи асри 10 князигарии Полотск ташаккул ёфта, шаҳрҳои Витебск, Туров, Берестйе (Брест), Минск, Орша, Пинск ва ғайра бунёд гардиданд. Дар асрҳои 11–12 давлати Руси Киевӣ барҳам хӯрда, князигариҳои Полотск, Смоленск ва Туров мустақил гардиданд ва дертар боз ба князигариҳои хурдтар тақсим шуданд. Дар асрҳои 12–14 алоқа бо марказҳои тиҷоратии русҳо, украинҳо, олмониҳо мустаҳкам шуда, дар ҳудуди ҳозираи Белоруссия князҳои литвонӣ нуфуз пайдо карданд. Дар натиҷа, солҳои 1230–1240 яке аз давлатҳои муқтадири асримиёнагии Аврупо–Князигарии бузурги Литва (марказаш ш. белоруссии Новогрудок, дертар Вилна – Вилнюс) арзи вуҷуд кард. Соли 1385 баъди баста шудани Унияи Киев заминҳои Белоруссия ба ҳайати давлати мут­таҳидаи Полшаву Литва (сарвараш князи литвонӣ Ягайло) ҳамроҳ карда шуд. Баъди паси сар шудани ҷангҳо ва ихтилофи байни католикҳо ва муътақидони православӣ ба аксар шаҳрҳои белорусӣ – Брест (1300), Гродно (1391), дертар Слутск, Полотск ва Минск ҳуқуқи худидоракунӣ дода шуд. Дар аҳди Витовт (аз соли 1387), ки 40 сол ҳукмронӣ кард, Князигарии бузурги Литва хеле пеш рафт. Дар аввали асри 16 баъди ҷанги байни Князигарии бузурги Литва бо давлати Маскав ва ба имзо расидани Унияи Люблин (1569) замини Белоруссия боз ба ҳайати давлати муттаҳидаи Полшаву Литва, ки Реч Посполитая ном гирифта буд, дохил карда шуд.
Дар асри 16 дар як қатор шаҳрҳо ҳаракатҳои динӣ маорифпарварӣ сар заданд, ки дар инкишофи забон ва фарҳанги миллӣ нақши намоён бозиданд. Маорифпарвар Ф. Скорина аввалин китобҳои славянҳои шарқиро ба табъ расонд. Сарзамини Белоруссия дар давоми асрҳо саҳнаи ҷангҳои манфиатҷӯёнаи хунрез буд (ҷанги Ливон – 1558–1583; ҷанги русҳо бо полшагиҳо – 1654–1667; Ҷанги шимолии байни Россияву Реч Посполитая ва Шветсия – 1700 – 1711). Дар натиҷаи се қисм тақсим гардидани Реч Посполитая (1772–1795) заминҳои онвақтаи Белоруссия (губҳои Вилен, Витебск, Гродно, Минск, Могилёв) ба империяи Россия ҳамроҳ карда шуданд. Ҳангоми Ҷанги ватании соли 1812 ҳудуди Белоруссияро фаронсавиҳо ишғол карданд. Нимаи дуюми асри 19 сохтмони роҳҳои оҳани Маскав–Брест, Либава–Ромен, Петербург–Варшава боиси пешравии иқтисодии Белоруссия гашт, вале Ҷанги якуми ҷаҳонӣ (1914–1918) ба ин пешравӣ зарба зад.
Сатри 68:
=== Нақлиёт ===
[[File:Orsha-M1Route.JPG|alt=Шоҳроҳи М1, назди Орши|thumb|280x280px|Шоҳроҳи М1, назди Орши]]
Соҳаи нақлиёти Белоруссия хеле тараққӣ кардааст. Аз ҳудуди Белоруссия як қатор роҳҳои дорои аҳаммияти байналмилалӣбайналмиллалӣ, пеш аз ҳама – роҳи трансаврупоии «Шарқ–Ғарб» (Париж – Брюссел – Минск – Маскав) лӯлаҳои нафту газ, роҳҳои байнидавлатӣ: Санкт-Петербург – Витебск Гомел – Киев – Одесса – Таллин – Рига – Вилнюс–Минск – Гомел – Киев ва шоҳроҳи Брест – Гродно мегузаранд. Аҳаммияти роҳҳои обӣ аз роҳҳои автомобилӣ кам набуда, бор ва мусофиркашонӣ дар дарёҳои Днепр, Припят, Березина, Сож, инчунин дар наҳрҳои киштигарди Днепр – Буг, Днепр – Неман, Березина сурат мегирад. Борҳои асосӣ маводди сохтмон (85%), ғӯлачӯб ва дигар маҳсулоти чангал мебошанд. Бо нақлиёти лӯлаӣ тавассути лӯлаҳо маҳсулоти нафтӣ (дарозии лӯла 2443 км), газ (5213 км), маводди ғизоӣ (1686 км) равона ва ирсол мешаванд. Дар Белоруссия 133 аэропорт (50-тоаш бетонпӯш), аз он ҷумла 3 аэропорти байналмилалӣбайналмиллалӣ мавҷуд аст.
 
=== Савдои берунасрӣ ===
Сатри 77:
 
== Тандурустӣ ==
Дар Белоруссия тибқи қонун «Дар бораи ҳифзи тандурустӣ» ба тамоми аҳолӣ хизмати тиббӣ ройгон аст. Марказҳои таҳқиқоти тиббии Белоруссия Маркази ҷумҳуриявии илмию амалии гематология ва трансфузиология, Институти нейрохирургия ва физиотерапия, Институти таҳқиқоти илмии эпидемиология ва микробиология (Минск), Маркази ҷумҳуриявии илмию амалии тибби радиатсионӣ ва экологияи инсон, Маркази ҷумҳуриявии илмию амалии «Кардиология».
 
== Варзиш ==
Сатри 111:
*Новая российская энциклопедия. Т. П, Москва, 2005, Страны мирасри Современный справочник. 2008.
{{Умуми}}
 
{{ИИЕ}}
 
[[Гурӯҳ:Энсиклопедияи Миллии Тоҷик]]
[[Гурӯҳ:Ҷуғрофия]]
Line 116 ⟶ 120:
[[Гурӯҳ:Давлатҳо аз рӯи алифбо]]
[[Гурӯҳ:Давлатҳои Аврупо]]
{{Умуми}}
 
 
{{ИИЕ}}