Синамои Тоҷикистон: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
AryanBot (баҳс | ҳисса)
х Бот кор карда истодааст, replaced: байналмилалӣ → байналмиллалӣ (2)
Сатри 12:
 
== Эҳё ва рушд==
Аз нимаи дуюми солҳои 50, марҳалаи дигари рушди кинои тоҷик оғоз меёбад. Дар марҳилаи солҳои 50 – 70 таҳиягар [[Кимёгаров Бенсион Ариевич|Борис Кимёгаров]] яке аз пешсафони кинематографияи тоҷик шинохта шуд. Ӯ дилбохтаи тоҷикон ва фарҳанги онон буд. Хушбахтона, дар кинои тоҷик маҳз ба ҳамин шахсият таърих ва саодати эҷодӣ имконияти бештаре додааст, ки ба мавзӯҳои муҳими ҳуввияти мардуми тоҷик камар бандад. Дар хотираи таърихии халқ эҳё кардани симои Рӯдакии бузург - филми «Қисмати шоир» (барандаи ҷоизаи аввал дар Кинофестивали байналмилалии Қоҳира, соли 1959), тавоноии маънавии шеър ва ҳикмати Абулқосим Фирдавсӣ - филмҳои «Коваи Оҳангар» (соли 1961), «Достони Рустам» (соли 1970), «Рустам ва Сӯҳроб» (соли 1971), «Достони Сиёвуш» (соли 1976); ба экран овардани классикаи муосири тоҷик - «Дохунда» (соли 1956), «Ҳасани аробакаш» (соли 1965), «Одам пӯсташро иваз мекунад» (солҳои 1977 -1978) аз ҷумлаи комёбиҳои беназири кинои тоҷик дар офаридани филмҳои бадеӣ ба шумор мераванд. Сохтани филмҳои «Тоҷикистон» (соли 1945) бо ҳамкории Л. Степанова (соҳиби медали биринҷӣ ва Грамотаи Фахрии Кинофестивали байналмилалии Венетсия, соли 1946), «Дар кӯҳҳои Помир» (соли 1946), «Водии миллионерҳо» (соли 1974), «Қувваи бузург» (соли 1948), «Дар Помир» (соли 1952), «Водии Вахш» (соли 1954), «Сарзамини ҷавонӣ» (соли 1950), «Тоҷикистони Советӣ» (нахустин филми ранга, соли 1951; Мукофоти давлатии СССР, соли 1952), «Иди халқи тоҷик» (соли 1955), «Одамони кишвари офтобрӯя» (соли 1957), «Ассалом, Тоҷикистон» (соли 1960), «Чаҳор суруд дар васфи Тоҷикистон» (соли 1964), «Садриддин Айнӣ» (соли 1949), «Сарояндаи Ватан» (соли 1968), «Садриддин Айнӣ» (соли 1978), ки воқеан кинои тоҷикро соҳиби аввалин ҷоизаҳои байналмилалӣбайналмиллалӣ гардонда буданд (хусусан филмҳо дар бораи нависандаи бузург Садриддин Айнӣ, ки ба шарофати онҳо ӯ барои наслҳои оянда зинда мондааст) ба соҳаи дигари фаъолияти кинои тоҷик – ба офаридани филмҳои мустанад бунёд гузошт ва он тадриҷан инкишоф ёфт. Бо ин ҳама Кимёгаров асолати ахлоқи ҳамидаи тоҷикон – меросбарони бойтарин фарҳанги маънавии мардуми эронинажодро баланд бардошт ва моро ба фарогирии навоварона, оммавӣ ва умумихалқии арзишҳо ва сарчашмаҳои маънавии гузаштаамон раҳнамун сохт.<ref name="ReferenceA">Энциклопедия кино Таджикистана. Краткая история кино Таджикистана - Душанбе, 2012, с.6-38</ref>
 
[[Кимёгаров Бенсион Ариевич|Борис Кимёгаров]] нахустин коргардоне буд, ки бо чунин қадрдонӣ ва эҳтиром ба мероси бойи халқҳои эронӣ рӯй овард ва аввалин шуда ин меросро дар марҳилаи нави таърихӣ ба шакли ҳунари нав – кино дубора ба арзишҳои тамаддуни ҷаҳонӣ табдил дод.
Сатри 37:
Аз ҳамин сабаб, яке аз хусусиятҳои асосии давраи аввали истиқлолият дар кинематографияи тоҷик ин аст, ки кинои миллӣ ба ду тариқа арзи вуҷуд кард – яке дар дохил ва дигар дар хориҷи кишвар. Филмҳои баландмақоми кинематографистони тоҷик дар хориҷи кишвар “Қош ба қош” (соли 1993) ва “Падари маҳтобӣ”-и Бахтиёр Худойназаров (соли 1999), “Парвози занбӯр” (соли 1998, дар ҳамкории Мин Бионг Хан) ва “Фариштаи китфи рост”-и Ҷамшед Усмонов (соли 2002) маҳсуб мешаванд. Дар дохили кишвар бо сабаби бӯҳрони молиявию технологӣ бештар филмҳои рақамиву видеоӣ ба навор гирифта шуд. Ташаббускори ин бахши нави кинематография каналҳои телевизионии кишвар гардиданд. Аз ҳамин боис филмҳои бисёрсериягии телевизионӣ шӯҳрати бештар пайдо намуданд. Аммо филмҳои рақамие, ки дар чорчӯбаи эстетикаи кинои ҳунарӣ таҳия шуданд, низ ба вуҷуд омаданд. Дар байни шумораи зиёди ин қабил филмҳо, ки бештар эстетикаи Болливудро пайгирӣ кардаанд, филмҳои тозабунёд ба мисли “Ва ман равам ба сӯи сарнавишт” (коргардон М.Орифов, аввалин филми касбии видеоии тоҷик, соли таҳияаш 1998), “Муҷассамаи ишқ” (У.Мирзоширинов, соли 2003), “Овора” (Г.Муҳаббатова, Д. Раҳматов, соли 2006), “Тақвими интизорӣ” (С. Солеҳ, соли 2005), филмҳои кӯтоҳметраи “Хушбахтӣ” (соли 2006), “Синамои муҳаррик” (соли 2007) - ро метавон ёдовар шуд, ки ба тарзи нави истеҳсолӣ (тибқи кинематографияи продюсерӣ) ва эстетикаи ҷолиб баррасӣ шуданд. Маҳз дар ҳамин давра дар харитаи кинематографияи миллӣ студияҳои мухталиф аз қабили “Синамо”, “Киносервис”, студияҳои телевизионӣ ба вуҷуд омаданд.<ref name="ReferenceA"/>
 
Маҳз дар ҳамин партав аввалин бор дар давраи истиқлолияти Тоҷикистон филми ҳирфаии “Қиёми рӯз” аз ҷониби [[Носир Саидов]] дар кинопленкаи 35 мм ба навор гирифта шуд (соли 2009). Филм то ин дам соҳиби 9 ҷоизаи кинофестивалҳои байналмилалӣбайналмиллалӣ гаштааст. Кинематографистони тоҷик дар давраи ҳозира хеле фаъолона бо ҳамкасбони хориҷии худ ҳамкорӣ намуда, филмҳои муштарак эҷод менамоянд.
Дар пойтахти Тоҷикистон ҳар ду сол кинофестивали байналмилалии “Дидор” баргузор мегардад. Кинематографистони тоҷик дар кинофестивалҳои байналмилалии кишварҳои мухталиф иштирок карда, соҳиби ҷоизаҳо мегарданд. Кинои тоҷик ҳамчун яке аз падидаҳои фарҳанги миллӣ вазифаи муқаддаси худро дар назди мардуми хеш ба андозае иҷро кардааст. Вай ҳамчун оинаи миллат аз ғаму шодии мардум бохабар буд ва миллатро ба худи ӯ ва ба мардуми ҷаҳон муаррифӣ кардааст. Ҳамин ҳадафҳо имрӯз ҳам пеши назари ояндабини кино қарор доранд.<ref name="ReferenceA"/>
Аз соли 2012 директори киностудия "[[Тоҷикфилм]]" коргардони варзида [[Носир Саидов]] аст.<ref>[ http://www.avesta.tj/sociaty/12271-tadzhikfilm-vozglavil-izvestnyy-rezhisser-nosir-saidov.html «Таджикфильм» возглавил известный режиссер Носир Саидов]</ref>