Белиз: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
No edit summary
AryanBot (баҳс | ҳисса)
х Бот кор карда истодааст, replaced: байналмилалӣ → байналмиллалӣ
Сатри 36:
'''БЕЛЍЗ''' ({{забон-ен|Belize}}) — давлат дар [[Амрикои Марказӣ]], дар қисми ҷанубу шарқии нимҷазираи Юкатан. Дар Шимол ва Шимол Ғарб бо Мексика, дар Ғарб ва Ҷануб бо Гватемала ҳамсарҳад буда, қисми шимолиаш соҳили [[Баҳри Кариб]] аст. Масоҳаташ: 23 ҳазор км<sup>2</sup>, аҳолиаш 315 ҳазор нафар ([[2011]]). Пойтахташ – [[Белмопан]]. Ба 6 округ (дистрикт)-и маъмурию ҳудудӣ тақсим шудааст. Иди миллиаш Рӯзи истиқлолият – 21 сентябр Асъори миллӣ – доллари Белиз. Сохти давлатӣ–монархияи конститутсионӣ дар ҳайати Иттиҳоди Британия. Сардори давлат – Шоҳбонуи Британия, ки ӯро дар Белиз генерал-губернатор намояндагӣ мекунад. Ҳокимияти қонунбарор – Ассамблеяи (Маҷлиси) миллии иборат аз Палатаи намояндагон ва Сенат. Белиз узви СММ, [[Хазинаи Байналмилалии Асъор]], Бонки Рушди Кариб ва ғайра мебошад. Забони давлатӣ – англисӣ, забонҳои испанӣ ва креолӣ низ роиҷ аст.
== Таърих ==
Асрҳои 4–10 ҳудуди ҷазираи Белиз дар ҳайати давлати ҳиндуёни майя буд. Белизро соли 1502 [[Колумб|Х. Колумб]] кашф кард. Дар асри 16 Белиз ба ноиб–шоҳигарии Испанияи Нав ҳамроҳ карда шуд. Аз с. 1638 ба Белиз англисҳо ворид шуда, асосан бо истеҳсолу истихроҷи чӯби навъҳои боарзиши дарахтҳо машғул буданд. Барои дарахтбурӣ аз Африқо зиёд ғулом меоварданд. Дар натиҷа охири а. 18 онҳо ақаллияти аҳолиро ташкил мекарданд. Дар асрҳои 17–18 испаниҳо ба колонияҳои англисҳо зиёд ҳуҷум мекарданд. Ҳуҷуми охирини [[Испания|Испанияро]]ро дар соли 1798 аҳолии таҳҷоӣ бо ёрии Флоти Британия рафъ намуд. Баъди барҳам дода шудани ғуломдорӣ дар Белиз, чун дар дигар мустамликаҳо, баъди ба имзо расидани шартномаи Британия бо дав­латҳои Амрико, махсусан бо [[Гватемала]] (1859) ҳудудҳои Белиз муайян гардид ва он Гондураси Британия (Гондураси Британия) ном гирифт (1862). То соли 1884 Белизро губернатори Ямайка идора мекард. Соли 1945 Гватемала Белизро ҳудуди худ эълон кард. Соли 1950 Ҳизби иттиҳоди халқӣ таъсис ёфта, бо талаби озодии сиёсӣ додан ба Белиз баромад кард. Соли 1958 аз ҷониби аҳолии англиспараст, тоҷирон ва буржуазияи маҳаллӣ Ҳизби истиқлолияти миллӣ (ҲИМ) таъсис ёфта, он ғояи озодии Гондураси Британияро дар ҳайати Иттиҳоди Британия талқин мекард. Соли 1974 ҲИМ бо гурӯҳҳои сиёсии дигар муттаҳид шуда, Ҳизби иттиҳоди демократиро (ҲИД) ташкил кард, ки дар натиҷа Гондураси Британия соли 1954 истиқлолияти нисбӣ ва соли 1964 истиқлолияти комилро соҳиб гашт ва соли 1978 номи Белизро гирифт. 21 сентябр 1981, ки Белиз охирин мустамликаи Британия дар Амрико буд, соҳиби истиқ­лолияти давлатӣ дар чорчӯбаи Иттиҳоди Британия гардид. Мувофиқи Шартномаи байни Белиз ва Британия Белизро лашкариёни англис ишғол карда, то соли 1994 он ҷо буданд. Соли 1999 Гватемала гарчанде истиқлолияти Белизро эътироф карда буд, боз ҳам мехост як қисми ҳудуди онро соҳиб шавад. Соли 2002 бо миёнаравии Ташкилоти давлатҳои [[Амрико]] онҳо ба мусолиҳа омада, сарҳадҳои байни Белиз ва Гватемала ҳам дар хушкӣ ва ҳам дар баҳр муайян карда шуданд.
== Сиёсат у ҳукумат ==
== Бахшбандии кишварӣ ==
Сатри 43:
== Ҷуғрофия ==
==Иқтисодиёт==
Белиз кишвари аграрист. Асосан иқтисоди Белизро имрӯз ҳам, чун 300 сол пеш аз ин, истеҳсоли чӯб ва чикле (мавод барои тайёр кардани сақичи резинӣ) ташкил медиҳад. Солҳои 60 а. 20 соҳаҳои кишоварзӣ, моҳидорӣ, энергетика, сайёҳӣ ва дигар намудҳои хизматрасонӣ рӯ ба тараққӣ ниҳод. Ҷалби сармояи хориҷӣ ва либерализатсияи савдои беруна ба роҳ монда шуд. Саноати хӯрокворӣ, махсусан истеҳсоли шакар, консентратҳои ғизоӣ (асосан ситрусӣ); инчунин истеҳсоли маҳсулоти дӯзандагӣ, нуриҳои маъданӣ (аз соли 1984 5 маротиба афзуд) рушд кард. Барои содирот афлесун, грейпфрут, муз, папайя, манг ва ғайра парвариш мекунанд (округҳои Станн-Крик, Оринҷ-Уолк). Барои таъминоти дохилӣ ҷуворимакка, шолӣ, лӯбиёиҳо мекоранд. Чорводорӣ камтар тараққӣ кардааст. Дар соҳилҳо моҳӣ, харчанг ва ҷонварони баҳрии ғизоӣ ба даст меоваранд. Шакар, муз, моҳӣ, ҷонварони нодири ғизоии баҳрӣ, чӯб содир ва маҳсулоти саноатӣ, воситаҳои нақлиёт, сӯзишворӣ, дорувор, тамоку ворид мекунанд. Бандарҳои баҳрӣ: Белиз, Биг-Крик, Коммерс-Байт. 43 аэродром, аэропорти байналмилалӣбайналмиллалӣ дорад. Шарикони тиҷоратиаш – [[ИМА]], [[Британияи Кабир|Британия]], [[Мексика]], [[Канада]] – давлатҳои атрофи [[Баҳри Кариб]]. Аз соли 1990 Белиз маркази тиҷорати оффшорӣ гардида, минтақаи савдои озод дорад. Дар соҳаи тандурустӣ низоми (система) давлатии суғуртаи тиббӣ амал карда, ба ҳар 10 ҳазор аҳолӣ 10,2 духтур рост меояд. Ассотсиатсияи бозиҳои олимпӣ ва миллӣ дошта, аз намудҳои варзиш футбол маъмултар аст.
== Табиат ==
Асосан аз пастиҳои ботлоқзор иборат буда, дар қисми ҷануби ғарбиаш кӯҳҳои Майя (нуқтаи баландтаринаш–Виктория, 1122 м) ҷойгиранд. Кӯл ва ҷазираҳои зиёд дорад. Қисми соҳилии Белизро тасмаи дарози рифҳои марҷонӣ ташкил медиҳад (аз ҷиҳати дарозӣ 2-юм дар ҷаҳон), ки он аз ҷониби ЮНЕСКО мероси табиии умумибашарӣ эълон шудааст. Сарватҳои зеризаминиаш омӯхта нашудаанд. Аз захираҳои табиӣ асосан чӯб ва моҳиро метавон ном бурд. Конҳои боксит ва тиллояш аҳаммияти саноатӣ надоранд. Иқлимаш тропикӣ, намнок. Ҳарорати миёнаи моҳҳои сол +25 – 270. Дар қисми соҳилии Белиз сардии ҳаво то–100 мерасад. Июл–декабр – мавсими бӯронҳои тропикист. Миқдори боришот 2000 мм, дар Ҷануб то 4500 мм дар як сол. Дарёҳои асосиаш – Белиз ва Рио-Ондо. Кӯҳҳои ба ном Санавбарӣ (Сосновые) шаршараҳои зиёд доранд. Хокаш сурхчатоб, дар Ҷануб зардтоб, даштҳо дорад. 45 дарсади ҳудуди Белиз бешазор буда (тӯс, санавбар, булут), дар ҷазираҳо бештар нахл мерӯяд. Навъҳои арзишманди дарахтони тропикӣ–гевея, саподиля, дарахти сурх (махагон), оҳандарахт ва ғ. низ дорад.
Сатри 67:
*Новая российская энциклопедия. Т. 2. Москва, 2005;
*Страны мира. Современный справочник. Москва, 2008.
 
[[Гурӯҳ:Энсиклопедияи Миллии Тоҷик]]
[[Гурӯҳ:Шаҳрҳо]]
Баргирифта аз "https://tg.wikipedia.org/wiki/Белиз"