Фазлиддин Шаҳобов: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
Removing "Fazliddin_Shahobov.jpg", it has been deleted from Commons by Ellin Beltz because: Copyright violation; see Commons:Licensing - Using VisualFileChange..
AryanBot (баҳс | ҳисса)
х →‎Зиндагинома: Бот кор карда истодааст, replaced: байналмилалӣ → байналмиллалӣ
Сатри 26:
 
Номи Ф.Шаҳобов ба таври абадӣ дар саҳифаи таърихи ташаккули мусиқии тоҷик сабт гардидааст. Фаъолияти пурсамари ҷамъиятӣ, мусиқӣ-маърифатӣ, композиторӣ ва иҷрокунандагии ӯ дар фарҳанги мусиқии тоҷик нақши амиқ гузоштааст.
Файзу баракати ин мутафаккири бузурги мусиқӣ баъди вафоташ низ наслҳои нави мутахассисони Шашмақомро ба илми ин мусиқии классикии тоҷик даъват мекунад, чунин буд нуфузи чопи рисолаи ӯ «Баёзи Шашмақом» дар соли 2008. Ин асар пулест, ки ғояҳои асосии мактаби классикии Шашмақомро ба илми муосири мақомшиносӣ маълум намуд. Фазлиддин Шаҳобов, ки дар тӯли ҳаёти худ тамоми вуҷудияташро ба нигоҳдории асоси тоҷикии мактаби Шашмақом бахшида буд, бо рисолаи илмии хеш тавонист ба муаммоҳову мураккабиёти зиёди мақомшиносии муосир саҳеҳияти арзандаи таърихӣ ворид созад. Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми ин марди бузургро ба эътибор гирифта соли 2000-ум ба Ансамбли Шашмақоми Кумитаи ТВ ва радиои ҷумҳурӣ, ансамбле, ки худи ӯ таъсис дода буд, номи ӯро гузошт. Соли 2011 бахшида ба 100-солагии ин марди фозил Фестивал-симпозиуми байналмилалӣбайналмиллалӣ баргузор гардид. Ба ин муносибат сеҷилдаи Ф. Шаҳобов «Осор ва пажӯҳиш» аз чоп баромад.
Ба муносибати 20-солагии Тоҷикистони соҳибистиқлол маҳз бо супориши Президенти Ҷумҳурӣ соли 2011 нашри дуюми сабти нотавии Шашмақом, ки устодони бузург Ф. Шаҳобов, Б. Файзуллоев ва Ш. Соҳибов нахустин бор солҳои 50-60-уми қарни гузашта сарбаландона иҷро карда буданд, ба амал оварда мешавад. Ин нишондоди зарурати омӯзиш ва нигоҳдошти мероси беҳамтои ин устодони Шашмақом дар фарҳанги муосир мебошад.
==Мукофот ва ҷоизаҳо==