Асунсион: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
No edit summary
AryanBot (баҳс | ҳисса)
х Бот кор карда истодааст, replaced: байналмилалӣ → байналмиллалӣ
Сатри 1:
[[File:Asuncion Montage.jpg|thumb|284x284px|Биноҳои маъмурии Асунсион]]
'''АСУНСЙÓН''' (Asuncion), [[шаҳр]], пойтахти [[Парагвай]], дар соҳили чапи дарёи Парагвай, дар ҷойи ба он як шудани дарёи Пилкомайо воқеъ аст. Аҳолиаш 507,5 ҳазор нафар (2006). Дар Асунсион 90% халқияти гуарани (дурагаҳои испанию ҳиндиёни Амрико), инчунин аргентиниҳо, бразилиягиҳо, олмониҳо, итолиёиҳо, португалиягиҳо, ҷопониҳо, украинҳо ва русҳо зиндагонӣ мекунанд. Масоҳаташ 117 км2. Роҳи оҳан ва роҳҳои автомобилгард Асунсионро бо Боливия, Бразилия ва Аргентина мепайванданд. [[Фурудгоҳи байналмилалӣбайналмиллалӣ]] дорад. Бандари дарёӣ – бандари асосии мамлакат буда, аз он ба [[Буэнос-Айрес]] ([[Аргентина]]) ва Монтевидео (Уругвай) киштигардӣ сурат мегирад. Асунсион маркази тиҷоратию иқтисодии мамлакат буда, корхонаҳои коркарди маҳсулоти ҷангал ва кишоварзӣ, коргоҳҳои киштисозӣ ва таъмири он, истеҳсоли маҳсулоти гӯштӣ, тамоку, маҳсулоти саноати нассоҷӣ ва хӯрокворӣ дорад. Асунсион дорои донишгоҳи миллӣ (1890), донишгоҳи католикӣ (1960), китобхонаи миллӣ ва бойгонӣ (1869), осорхонаи этнографӣ, осорхонаи миллии саноеи нафиса ва атиқа (1887), [[боғи ботаникӣ]], [[боғи миллӣ]], консерватория, 4 пойгоҳи телеви­зионӣ ва 6 пойгоҳи радиошунавонӣ аст. Дар Асунсион то омадани аврупоиён (соли 1527) мардуми таҳҷоии гуарани сокин буданд. Асунсионро дар шакли қалъаи мудофиавӣ соли 1537 конкистадори испаниявӣ – Хуан де Аполас асос гузоштааст. Он то асри 17 шаҳри асосии тамоми ноҳияҳои испанинишини музофоти Ла-Плата буд. Аз 15 майи [[1811]] – пойтахти давлати соҳибистиқлоли [[Парагвай]].
== Манбаъ ==
[[Энсиклопедияи Миллии Тоҷик|Энсиклопедияи миллии тоҷик, ҷилди 2]]
 
[[Гурӯҳ:Энсиклопедияи Миллии Тоҷик]]
[[Гурӯҳ:Ҷуғрофия]]