Беленитский Александр: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
х таҳрир
AryanBot (баҳс | ҳисса)
х Бот кор карда истодааст, replaced: байналмилалӣ → байналмиллалӣ
Сатри 12:
Донишгоҳи давлатии Осиёи Миёнаро хатм кардааст (1930). Дар ҶБВ (1941–1945) иштирок кардааст. Пас аз хатми донишгоҳ барои кор ба Тоҷикистон омад ва фаъолияташ чун донишманди илми таърих, омӯзгор дар ҳамин ҷо ҷараён гирифтааст. Дар аспирантураи Донишгоҳи давлатии [[Санкт-Петербург]] таҳсил карда, бо унвони «Сарбадорони Эрон» рисолаи номзадӣ дифоъ намуд. Аз соли 1936 ходими илмҳои Шӯъбаи Ленинградии Институти бостоншиносии АИ ИҶШС. Солҳои 1946–1978 Беленетский ҳар сол дар таҳқиқоти бостоншиносӣ дар ҳудуди Тоҷикистон иштирок мекард.
==Фаъолияти илмӣ==
Рисолаи «Очерки таърихӣ-ҷуғрофии Хуталон дар заминаи маводди бостоншиносӣ» таълиф гардидааст. Мақолаи бунёдии «Топографияи таърихии Ҳирот дар асри XV» (1946) низ дар асоси маводди бостоншиносӣ навишта шудааст. Соли [[1947]] Александр Маркович Беленитский бо роҳбарии [[Александр Юрьевич Якубовский]] ба омӯзиши мавзеи [[шаҳраки Панҷакенти қадим]] шурӯъ намуд ва аз соли 1954 сарварии корҳои бостоншиносии Панҷакентро ба ӯҳда гирифт. Осори ҳунари наққошӣ ва рассомӣ, нақшҳо дар чӯб, муҷассамаҳо аз гил ва ғайра, ки дар ҳафриёти экспедитсияи Панҷакент дастрас гардиданд, намоёнгари ғановати тамаддуни [[Суғд]] мебошанд, ки дар силки офаридаҳои санъати ҳунарии умумибашарӣ ҷой гирифтанд ва намунаҳояшон ба табъ расиданд. Дар мавзӯи Панҷакенти қадим чун шаҳр Беленитский рисолаи докторӣ дифоъ кард. Ба ғайр аз ин Беленитский ба омӯзишу тарҷумаи осори [[Абурайҳони Берунӣ]], махсусан осори ӯ дар бораи маъданшиносӣ, машғул шудааст. Беленитский дар конгрессҳои 23 ([[Кембриҷ]], 1954), 24 (Мюнхен, 1957), 25 ([[Москва]], 1960) шарқшиносон, Конгресси байналмилалӣбайналмиллалӣ оид ба ҳунар ва бостоншиносии [[Эрон]] ([[Теҳрон]], 1968) иштирок ва суханронӣ кардааст. Барои маҷмӯи асарҳо оид ба таърих ва маданияти [[Панҷакенти Қадим]], ки солҳои 1950–1970 чоп шудаанд, Беленитский соҳиби [[Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯалӣ ибни Сино]] [[1977]] гардид.
 
== Осор ==
Сатри 25:
* Массон В. М. Культурогенез Древней Центральной Азии. Санкт-Петербург, 2006;
* Милибанд С. Д. Востоковеды России. Москва, 2008.
 
[[Гурӯҳ:Шахсиятҳо аз рӯи алифбо]]
[[Гурӯҳ:Энсиклопедияи Миллии Тоҷик]]