Бисёрзабонӣ: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
Саҳифаи нав: БИСЁРЗАБОНӢ, мултилингвизм, полилингвизм, истифода аз якчанд забон дар ҳудуди ягон иттиҳодия...
 
AryanBot (баҳс | ҳисса)
х Бот кор карда истодааст, replaced: байналмилалӣ → байналмиллалӣ
Сатри 1:
БИСЁРЗАБОНӢ, мултилингвизм, полилингвизм, истифода аз якчанд забон дар ҳудуди ягон иттиҳодияи и Ҷумҳурии Тоҷикистони моӣ (давлат), истифодаи як кас ва ё гурӯҳе аз одамон аз якчанд забон вобаста ба вазъу ҳолати барқарорсозии робита, муошират. Ҳар ду падида ба ҳамдигар марбутанд. Бисёрзабонӣ дар ҷомеа бо тақозои муошират ва робитаи байниҳамдигарии одамон арзи вуҷуд менамояд, вале Бисёрзабонӣ талаби қатъие нест, ки кулли аҳли ҷомеа онро бояд риоя кунанд. Бисёрзабонӣ дар давлат вуҷуд доштан метавонад, вале ҳангоми ба мувофиқа омадани аҳли ҷомеа як забон чун забони муошират пазируфта мешавад (дар Швейтсария ҳамин ҳолат ба назар мерасад).
 
Ду навъи Б. – «фардӣ» ва «миллӣ» вуҷуд дорад. Бисёрзабонӣи миллиро забоншиносии Ҷумҳурии Тоҷикистони моӣ (сотсиолингвистика) меомӯзад. Бисёрзабонӣ хосси кишварҳоест, ки дар онҳо миллатҳои гуногун зиндагӣ мекунанд (Россия, ИМА, Ҳиндустон, Нигерия ва ғ.).
 
Дар Тоҷикистон ҳам Бисёрзабонӣ ба назар мерасад. Шахсони алоҳида ва ё гурӯҳи одамон ҳастанд, ки забонҳои тоҷикӣ, русӣ, ӯзбекӣ, англисиро, тоҷикӣ-русӣ-англисиро (сезабонӣ), тоҷикӣ-русӣ, тоҷикӣ-ӯзбекиро (дузабонӣ) медонанд ва бо ин забонҳо гуфтугӯ мекунанд. Мардуми ВМКБ асосан дузабонаанд (донандаи яке аз забонҳои маҳаллӣ – шуғнонӣ, рӯшонӣ, вахонӣ, язгуломӣ ва ғ.) ва забони тоҷикӣ.
 
Вобаста ба Бисёрзабонӣ шаклҳои гуногуни забон (лаҳҷаҳо, шеваҳо, жаргонҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон имоӣ ва касбӣ ва ғ.) зинаҳои корбурдро ташкил медиҳанд: 1) забони муошират байни гурӯҳи маҳдуди одамон – «забонҳои хонагӣ»; 2) «забони бозор» дар муомилот байни қабилаҳои гуногуни кишварҳои Осиё ва Африқо; 3) забони иттиҳодияи маъмурӣ ва миллӣ; 4) забони минтақаҳои сермиллат; 5) забони умумидавлатӣ, ки метавонад забони байналмилалӣбайналмиллалӣ бошад.
 
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон«Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» вазъи ҳуқуқии забони давлатӣ – забони тоҷикиро муайян ва истифода бурдан аз онро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон анзим менамояд. Ҳамаи миллатҳо ва халқиятҳое, ки дар ҳудуди ҶумҳурииТоҷикистон зиндагӣ мекунанд, барои истифода аз забони модариашон ҳуқуқ доранд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳимоя ва пешрафти забонҳои помирӣ ва забони яғнобӣ шароит фароҳам оварда мешавад.
Сатри 11:
 
== Манбаъ ==
* Ш. Бобомуродов. З. Мухторов.
 
[[Энсиклопедияи Миллии Тоҷик|Энсиклопедияи миллии тоҷик, ҷилди 2]]
 
[[Энсиклопедияи Миллии Тоҷик|Энсиклопедияи миллии тоҷик, ҷилди 2]]
[[Гурӯҳ:Энсиклопедияи Миллии Тоҷик]]