Роҳи оҳани Душанбе - Бохтар: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
Роҳи оҳани Душанбе - Қурғонтеппа
 
х Bot: Replacements: fix URL prefix
Сатри 1:
[[Акс:HPIM6112.JPG|thumb|250px|right|Роҳи оҳан.]]
'''Роҳи оҳани Душанбе - Қурғонтеппа''' - сохтмони роҳ бо мақсади пайваст намудани пойтахти Тоҷикистон, ш. [[Душанбе]] бо маркази пилояти Хатлон,ш.[[Қурғонтеппа]] [[соли 2009]] шурӯъ шудааст. Ин амал баъд аз хотима ёфтани амалиёти нақлиётии [[роҳи оҳан]]и [[Тирмиз]] - Қурғонтеппа аз ҷониби Узбекистон ба миён омада буд. Дар моҳи майи [[соли 2015]] 12 км роҳ пурра бунёд ёфта, дар масофаи қариб 30 километри дигар корҳои заминӣ барои оғози насби релсҳо ба поён расонда шудаанд. Ҳоло сохтмони қитъаи Ваҳдат - Ёвони роҳи оҳани Душанбе - Қӯрғонтеппа идома дорад. Масофаи умумии қитъаи [[Ваҳдат]] - [[Ёвон]]и роҳи оҳани Душанбе - Қӯрғонтеппа 40,7 км буда, дар масири он 3 нақб бо дарозии 3755 м, 5 пул бо тӯли 681 м ва иншооти дигар, аз ҷумла 3 истгоҳ бунёд хоҳанд ёфт. Барои бунёди ин қитъаи роҳи оҳан, тибқи лоиҳа ҷудо намудани 800 миллион сомонӣ пешбинӣ шудааст.<ref>[ http://http://www.jumhuriyat.tj/index.php?art_id=19271 ШИНОСОӢ БО РАФТИ СОХТМОНИ ҚИТЪАИ ВАҲДАТ - ЁВОНИ РОҲИ ОҲАНИ ДУШАНБЕ - ҚӮРҒОНТЕППА!]</ref>
Дар [[вилояти Хатлон]] иншоотҳои калонтарини Нерӯгоҳҳои барқии обии Тоҷикистон - [[Нерӯгоҳи барқии обии Норак]], [[НБО Сангтӯда-1]], [[НБО Сангтӯда-2]] ва якчанд корхонаҳои саноатӣ фаъолият мекунанд, ки барои таъмини онҳо роҳи оҳан зарур аст. Инчунин, роҳи оҳани Душанбе - Қӯрғонтеппа барои мубодилаи тиҷоратии [[Тоҷикистон]] бо [[Афғонистон]] аз аҳамият холӣ нест.
==Пайвандҳои беруна==