Авф: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
No edit summary
No edit summary
Сатри 1:
'''Авф''' ([[Забони арабӣ|ар.]] '''عفو''' – бахшидан, аз гуноҳи касе гузаштан), (амнистия) — дар ҳуқуқ тамоман ё қисман аз ҷазо озод намудани шахсоне, ки ҷиноят содир кардаанд, кам кардани мӯҳлати ҷазо ё ба ҷазои нисбатан сабук иваз кардани ҷазои муқарраркардаи суд, инчунин бардоштани доғи судӣ аз касоне, ки пеш маҳкум шуда, муҳлати ҷазоро адо кардаанд. Авф ҷузъӣ ва умумӣ мешавад. Мувофиқи банди 2 моддаи 82 КҶ ҶТ бо санади авф шахси ҷиноятсодирнамуда метавонад аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда шавад ва шахси барои ҷиноят маҳкумшуда ҳам аз адои ҷазои асосӣ ва ҳам аз адои ҷазои иловагӣ тамоман ё қисман халос гардад, ё қисми ҷазои адонакардаи ӯ ихтисор шуда, ё ба ҷазои сабуктар иваз, ё доғи судияш бардошта шавад.
 
Авф аз тарафи мақомоти олии қонунгузор эълон карда мешавад. Тибқи моддаи 59 Конститутсия (Сарқонун)-и ҶТ лоиҳаи қонун дар бораи авфи умумӣ аз тарафи [[Президенти Тоҷикистон|Президенти ҶТ]] ба Маҷлиси намояндагон пешниҳод карда мешавад. Авф аз бахшиши ҷазо фарқ мекунад. Авф ба доираи номуайяни одамон аз ҷониби [[Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон|Маҷлиси Олии ҶТ]] эълон карда мешавад (банди 1 моддаи 82 КҶ ҶТ). Санади авф чун қонуни ҷиноятӣ эътироф намегардад. Мувофиқи санад дар бораи авф шахсоне, ки категорияи муайяни ҷиноятро содир кардаанд, мумкин аст аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда шаванд. Санади авф ба кирдорҳои сазовори ҷазои ҷиноятие, ки то қабули он содир гардидаанд, дахл дорад. Заминаҳои ҳуқуқии эълон намудани авфи умумӣ Конститутсия (Сарқонун)-и ҶТ ва моддаи 82 КҶ ҶТ мебошанд.
Баргирифта аз "https://tg.wikipedia.org/wiki/Авф"