Афғонистон: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
Сатри 99:
 
== Мардум ==
[[Акс:Tajik people.jpg|alt=Тоҷикони Афғонистон|thumb|320x320px|[[Мардуми тоҷик|Тоҷикони]] Афғонистон]]
Афғонистон мамлакати сермиллат аст. Дар он беш аз 20 миллату халқият зиндагӣ доранд. Ҳайати аҳолии Афғонистон дақиқан омӯхта нашудааст, вале мутобиқи маълумоти омории соли 2009 аҳолии Афғонистон 28,4 млн. нафарро ташкил дода, аз ҷумла 2 млн кӯчиҳо. Дар ҳайати он паштунҳо 41%, тоҷикон 38%, ҳазораҳо 10%, ӯзбекҳо 6%, туркманҳо 2,5% ва боқӣ, қазоқ, қирғиз, араб, балуҷ, аймоқ, лӯлӣ ва дигарон халқиятҳои хурд дохиланд. Афзоиши миёнаи солонаи аҳолӣ 2,6% буда, зичии миёна дар 1 км² 38 нафар мебошад; дарозумрӣ ба ҳисоби миёна 44,6 сол (мардҳо 44,2 ва занҳо 47,8). Зичии бештари аҳолӣ дар Ҷалолобод, Ҳирот, Қандаҳор, Балх мушоҳида шуда, ба ҳар як км² то 250–400 нафар рост меояд. Мутобиқи маълумоти расонаҳои итти­лоотӣ, дар давоми 25 соли нобасомониҳо (аз соли 1985 ба баъд) дар Афғонистон бештар аз 2 млн нафар нобуд шуда, қариб 4 млн нафар тарки ватан кардаанд. Тамоми сокинони Афғонистон мусулмонанд.
 
Line 155 ⟶ 156:
 
=== Адабиёт ===
Адабиёти Афғонистон аслан ба ду забон – дарӣ ва пашту (пахту) шакл гирифтаву равнақ ёфтааст. Адабиёти даризабони Афғонистон нисбат ба адабиёти паштузабон таърихи қа­дим­тар ва ғановати бештар дорад. Адабиёти таълифӣ аз ибтидои зуҳури худ аз фолклори ғании мардумӣ ман­баъ гирифта, минбаъд равнақ ёфтааст. Адибони Афғонистон дар рушду такомул ва ривоҷи адабиёти баландғояи форс-тоҷик ҳис­саи арзанда гузоштаанд. Тариқи мисол, насри мусаҷҷаъ, ки қаблан дар адабиёти форс-тоҷик хеле маъ­руф буда, маҳбубият ҳам дошт, тавассути Абдуллоҳи Ансорӣ боз ҳам равнақ пайдо карда, ба «Гулистон»-и Саъдӣ, «Баҳо­ристон»-и Ҷомӣ ва чандин асари диг. таъсири бориз гу­зошт. Адабиёти паштузабон нисбатан баъдтар арзи ҳастӣ карда (Афғонистон 15), муҳаққиқин нахустнамунаи осори ин давраро «ди Шайх Малӣ дафтар» (Маҷмӯаи Шайх Малӣ) му­қаррар кардаанд. Минбаъд дар асрҳои 17–18 шоирони маъ­руфи Афғонистон Хушҳолхони Хатак (1613–91), Абдурраҳ­мо­ни Раҳмонбобо (1632–1708), Абдулҳамиди Мӯҳманд (1660–1732), Козимхони Шайдо (1727–731727–1773), Темуршоҳи Дурро­нӣ (ваф. 1793) ва диг. дар пешрафти адабиёти Афғонистон ҳис­саи арзанда гузоштаанд. Пас аз таъсиси давлати Дур­­ро­ниён (1747) адабиёти даризабони Афғонистон боз ҳам бештар равнақ ёфт. Аввалҳои Афғонистон 20 дар ада­биёти Афғонистон андешаҳои мао­риф­парварӣ авҷ гирифтанд. Шоир ва сиёсатмадори маъ­руф Маҳмуди Тарзӣ (1867–1935), Ғуломмуҳиддини Аф­ғон (1891–1921), Абдул­ҳодии Довӣ (тав. 1895), Абдулло­ҳи Мустағнӣ (1876–1934) аз зумраи суханварони мум­то­зимаъ­руфе буданд, ки бо офаридаҳои пурмуҳтавову баланд­мазмуни хеш адабиёти Афғонистонро боз ҳам ғанитар гардонданд. Соли 1947 аҳли фарҳанги Афғонистон – нависандагони маъ­ру­фу писандида Абдуррауфи Бенаво, Гулпочо Улфат, Нур­­муҳаммад Та­ракӣ, Ғуломҳасан Софӣ, Қиёмуддин Ходим ҷамъияти «Виш залмиён» («Ҷавонони бедор»)-ро таъсис доданд. Пайравону аъзои ин ҷамъият ғояҳои та­рақ­қипар­варонаву андешаҳои навро ташвиқу тарғиб мекар­­данд. Ху­су­с­ан, асарҳои воқеъбинонаи Рашшоди Қанда­ҳорӣ, Сулаймон Лоиқ, Абдуллоҳ Бахтонӣ, Зиё Қоризода, Му­ҳам­мадраҳим Илҳом, Абдулҳақ Бетоб, Халилуллоҳ Ха­ли­лӣ ва чандин эҷодкори диг. барои такомули ин раванди ада­бӣ заминаи воқеӣ гардида буданд. Солҳои 60 Афғонистон 20 дар робита ба таҳаввулоти сиёсиву иҷтимоӣ мавзӯъ­ҳои адабӣ низ ба ҳаёти воқеии мардум наздиктар шуда, рангу мазмуни нав гирифтанд. Жанрҳои адабии ҳи­коя ва повест (қисса) маъруфият пайдо карданд, ки дар онҳо муаллифон бештар ба тасвири воқеъбинонаи зиндагии мардуми одӣ рӯ оварданд. Акнун эҷодкорон сабаби бадбах­ти­ҳои мардуми заҳматкашро дар носозгориҳои ҳаё­ти иҷ­ти­моӣ медиданд, ки повестҳои «Оворагиҳои Банг», «Спин», «Сангсар»-и Н. Таракӣ аз ҷумлаи онҳоянд. Аз солҳои 60 (Афғонистон 20) минбаъд мусалсал намунаҳои ашъори Халилуллоҳ Халилӣ, Абдуллоҳ Бах­тонӣ, Моили Ҳиравӣ, Бориқ Ша­феӣ, Сулаймон Лоиқ, ҳи­кояҳои Гулпочо Улфат ба табъ расида, аз тарафи хонандагони тоҷик хуш пазируфта шудаанд. Ибтидои Афғонистон 21, ҳанӯз ҳам аксари эҷод­ко­рон дар мусофиратанд ва бархе дар Олмон, ИМА ва диг. кишварҳои дунё доираҳои ада­бӣ созмон дода, ба эҷод маш­ғуланд.
 
=== Меъморӣ ва санъати тасвирӣ ===
Ёдгорҳои меъморӣ ва санъати тасвирии Афғонистон таърихи ниҳоят ғанӣ ва қадимӣ доранд. Муҳаққиқон дар санъати қадимии меъмории Афғонистон намунаҳои моддӣ ва маънавии мардумони гуногунро, ки дар давраҳои мухталиф дар ин кишвар зиндагӣ кардаанд, пайдо намудаанд. Дар Афғонистон ёдгорҳои меъмории қадим, аср­ҳои миёна ва муосир хеле фаровонанд. Қадимтарин осори меъморӣ харобаҳои девори қалъаҳо дар Фароҳ ва Балх мебошанд. Ба ҳамин нисбат дар осори хаттӣ аксаран Балхро «Умм-ул-билод» («Модари шаҳрҳо») меномиданд, ки аз сернуфусӣ ва вусъати он дарак медод. Ҳамчунин харобаҳои Ойхонум (дар резишгоҳи дарёи Кӯкча), ҳафриёти Теппаи Шакур дар Ҳадд (ҷан.ҷануби Афғонистон), Сурх­кӯтал (наздики Пули Хумрӣ) шоҳиди ҳоланд. Бузургтарин маҷмааи маданияти будоия дар Афғонистон, ки ҳар як бинандаро дар ҳайрат мегузошт, Бомиён буд. Дигар ёдгорҳои меъморӣ дар ш-ҳоишаҳрҳои Ҳирот, Қандаҳор, Балх, Ғазнӣ, Мазори Шариф, Буст (Лашкаргоҳ) ва Кобул воқеъ гардидаанд, ки ҳар яке таърихи аҷибу ғариб ва ибратомӯз доранд. Дар Ҳирот иншооти бузурги Масҷиди ҷомеъ, ансамбли зебои меъмо­рии Мусалло, Мақбараи Ҳусайн Бойқаро, Мақбараи Алишер Навоӣ, Мақбараи Ҷомӣ, ансамбли меъмории Гозур­гоҳ, Мақбараи Шайх Абдуллоҳи Ансорӣ ва ғайра, дар Қан­да­ҳор Мақбараи Аҳмадшоҳи Дур­ронӣ, ёдгори меъмории Чилзина; дар Ғазнӣ Мақбараи Султон Маҳмуди Ғазнавӣ (ансамбли меъморӣ), Мақ­бараи Саноӣ, манораи Баҳром, маҷ­мааи қасрии Буст – Лашкаргоҳ, дар Балх харобаҳои девори шаҳр, Мақбараи Абунасри Порсо, Мадрасаи Суб­­ҳон­қу­лихон, Мақбараи Робиаи Балхӣ ва дар Мазори Ша­риф зеботарин намунаи ансамбли меъморӣ – Оромгоҳи ҳазрати Алӣ ибни Абитолиб; дар Кобул мақбараи Шоҳи Душамшера, алайҳир­раҳма, мақбараи Темуршоҳи Дурронӣ, мақба­раи амир Абдурраҳмонхон, Мақбараи Бодуршоҳ, Мақба­раи Му­ҳаммад Нодиршоҳ ва чандин ёдгори меъмо­рии дигар мебошанд. Дар Афғонистон ёдгорҳои меъмории муосир низ мав­ҷуданд ва ба ҳар муносибати даврони муосир би­но ёфтаанд, ки Манораи Истиқлол (Кобул), Тоқи Зафар (дар Пағмон), Манораи Дониш (Хуст), Манораи Майванд аз ҷумлаи онҳоанд. Аксари ёдгорҳои меъморие, ки номбар шуданд, фақат сирф ёдгории меъмории бос­тон­­шиносӣ ва таърихӣ нестанд, балки аз нигоҳи таърихи санъат арзиши баланди ҳунарӣ доранд, зеро дар онҳо намунаи олии санъати ҳайкалтарошӣ, сангтарошӣ, хиштчинии ороишӣ, кандакорӣ, гачкорӣ, ҳаккокӣ, омезишҳои дигар анвои ҳу­нар­ҳои санъати тасвирӣ ва ороиши амалии элли­низму бох­тарӣ ва ҳиндӣ таҷассум ёфтаанд. Ҳам­чунин дар нати­ҷаи ҳафриёт осори фаровони гаронбаҳои заргарӣ, куло­лӣ, қолибофӣ пайдо гардиданд. Дар рушду равнақи сан­ъати миллии имрӯзаи Афғонистон мактаби санъати тасвирӣ ва ҳу­нармандии Кобул (таъсисаш 1921) мавқеи муҳимму на­­заррас дошт. Ҳаёти воқеӣ, зиндагии мардуми одӣ ва муборизаҳои озодихоҳонаи халқҳои афғон дар асарҳои рас­сомони машҳури Афғонистон Абдулғафур Брешно, Ғавсуддин, Хайрмуҳаммад ва дигарон хеле возеҳ акс андохтаанд. Ҳай­калтарошон Муҳаммадҳайдар ва Муҳаммад­ризои Қан­да­ҳорӣ бо асарҳои гуногунжанри худ хеле маъ­руфият пайдо кардаанд.
 
=== Мусиқӣ ===
[[Акс:Farhad Darya's Peace Concert in 2010.jpg|alt=Фарҳоди Дарё, Консерт дар Кобул, 2010|thumb|320x320px|[[Фарҳоди Дарё]], Консерт дар [[Кобул]], [[2010]]]]
Гуногунии қавмии Афғонистон (тоҷик, пашту, балуч, турк­ман, ӯзбак ва ғайра) дар мусиқии Афғонистон низ хеле равшану возеҳ акс ёфта, дар он ҳамчунин унсурҳои санъати ҷаз­зо­би ҳинд нақши худро гузош­таанд. Ин ҳолат имкон фа­ро­ҳам овард, ки мусиқии Афғонистон до­рои жанрҳои гуногун, лаҳн­­ҳои фаровон ва созҳои мухта­ли­фуннавъ бошад. Дар санъа­ти мусиқии Афғонистон дубайтӣ, чор­бай­тӣ, рубоӣ, ғазал ва қа­сида бис­ёр истифода мегарданд. Аз созҳои нисбатан маъ­руфтари мардумӣ танбӯр, рубоб, ғи­жак, сантӯр, чанг, сурнай, нақора, даф, дойра ва таблак хеле маъмуланд. Сарояндагони маш­ҳури Афғонистон устод Ғуломҳусайн, Муҳам­мад Умар, Ҳафи­зул­лоҳи Хаёл, Абдуҷалили Залонд, Салими Сармаст, Фитрати Ношинос, устод Сароҳанг, Ма­дадӣ, Зо­ҳири Ҳувайдо, [[Аҳмад Зоҳир]], Аҳмад Валӣ, Фар­ҳоди Дарё, Маҳваш, Салмо, Қамар, Ҳан­гома ва дигарон ме­­бошанд, ки бе­рун аз хоки Афғонистон дар аксар мам­лакатҳои Осиёи Мар­ка­зӣ шуҳ­рат доранд. Соли 2006 Рӯз­ҳои фарҳанги Афғонистон дар Тоҷикис­тон баргузор гардида, санъати му­сиқию овозхонӣ, синамову ҳунарҳои тасвирӣ ва саноеи дастии мардуми кишвари дӯст намоиш дода шуд.
 
Line 170 ⟶ 172:
 
== Варзиш ==
[[Акс:Ahmad Faisal - football - A.jpg|alt=Дастаи миллии футболи Афғонистон (дар либоси сурх ), пеш аз нахустин ғалабаи худ бар Ҳиндустон (кабуд ). SAFF, 2011|thumb|250x250px|Дастаи миллии футболи Афғонистон (дар либоси сурх ), пеш аз нахустин ғалабаи худ бар [[Ҳиндустон]] (кабуд ). SAFF, [[2011]]]]
Ба монанди дигар кишварҳои дунё ва минҷумла мамлакатҳои Осиёи Марказӣ, таърихи варзиш дар Афғонистон ба умқи асрҳои гузаштаи дур мепайвандад. Нахуст варзиш дар шакли бозиҳои гуногуни одӣ (аксаран байни наврасону ҷавонон) зуҳур карда, минбаъд ба силсилаи ягонаи мураттаб ворид гардид. Яъне аз бандбозӣ, аловпарак, баландпарак, гачабозӣ, чилликбозӣ, хурӯсҷанг, пиёдапойга барин бозиҳои серҳаракати сода оғоз гардида, бо гузашти замон ба бузкашӣ (кӯпкорӣ), пойга, гӯштингирӣ, вазнбардорӣ ва амсоли инҳо расида, дар давраи муосир ба варзиши ҷаҳонӣ, ки дорои низоми муайян ва меъёрҳои мушаххас мебошад, пайваст. Афғонистонро аз соли 1936 Кумитаи бай­налмилалии олимпӣ ба расмият шинохт ва аз ҳамон сол Афғонистон дар Бозиҳои олимпӣ ширкат кард. Ҳоло навъҳои бештар маъмули варзиш дар Афғонистон гӯштин, варзиши сабук, футбол, волейбол, гӯйбозӣ мебошанд.
 
Line 178 ⟶ 181:
 
=== Радио ва телевизион ===
[[Акс:Shamshad TV studio in 2010.jpg|alt=Студияи телевизионии "Шамшод", 2010 |thumb|320x320px|Студияи телевизионии "Шамшод", [[2010]]]]
Бори нахуст садои радио дар Афғонистон соли 1920 баланд шуд, вақте ки Ҳукумати Россияи Шӯравӣ барои Афғонистони соҳибистиқлол дастгоҳи радиошунавонӣ тақ­дим намуд ва аввалтар аз ҳама аз тариқи он телеграммаи Амонулоҳхон ба номи В. И. Ленин садо дод. Тадриҷан радио дар Афғонистон тавсиа ёфта, соли 1964 дар Кобул радиостансияи нав бо студияҳои сабти овоз, ду студияи консертӣ ва толор барои 500 кас бино ёфт. Телевизиони Афғонистон фаъолияти худро аз августи 1977 шурӯъ намуд, ки дар як шабонарӯз чор соат бетанаффус барномаҳо намоиш медод. Баъди Инқи­лоби Савр давомнокии намоиши барномаҳо дар шабо­нарӯз ба 6 соат расонда шуд. Барномаҳои телевизи­он асосан аз 4 бахш – сиёсӣ-ҷамъиятӣ, мусиқӣ, адабӣ-дра­мавӣ ва барномаҳо барои кӯдакон иборат буданд. Соли 1980 аз тарафи Иттиҳоди Шӯравӣ барои Афғонистон ройгон пой­го­ҳи радиотелевизионии «Марс» сохта шуд. Соли 1982 ба ҷои «Марс» пойгоҳи пурқудраттари «Лотос» (дар Афғонистон бо номи «Шамшод» машҳур аст) насб гардид. Ҳоло дар Афғонистон 50 пойгоҳи радио ва 24 дастгоҳи телевизионӣ фаъо­лият дорад.