Афғонистон: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
Сатри 159:
 
=== Меъморӣ ва санъати тасвирӣ ===
[[Акс:Citadel in Herat in 2011-cropped.jpg|alt=Арки Ҳирот дар ғарби Афғонистон, шаҳри Ҳирот. 2011|left|thumb|420x420px|Арки Ҳирот дар  ғарби Афғонистон, [[Ҳирот|шаҳри Ҳирот]]. [[2011]]]]
Ёдгорҳои меъморӣ ва санъати тасвирии Афғонистон таърихи ниҳоят ғанӣ ва қадимӣ доранд. Муҳаққиқон дар санъати қадимии меъмории Афғонистон намунаҳои моддӣ ва маънавии мардумони гуногунро, ки дар давраҳои мухталиф дар ин кишвар зиндагӣ кардаанд, пайдо намудаанд. Дар Афғонистон ёдгорҳои меъмории қадим, аср­ҳои миёна ва муосир хеле фаровонанд. Қадимтарин осори меъморӣ харобаҳои девори қалъаҳо дар Фароҳ ва Балх мебошанд. Ба ҳамин нисбат дар осори хаттӣ аксаран Балхро «Умм-ул-билод» («Модари шаҳрҳо») меномиданд, ки аз сернуфусӣ ва вусъати он дарак медод. Ҳамчунин харобаҳои Ойхонум (дар резишгоҳи дарёи Кӯкча), ҳафриёти Теппаи Шакур дар Ҳадд (ҷануби Афғонистон), Сурх­кӯтал (наздики Пули Хумрӣ) шоҳиди ҳоланд. Бузургтарин маҷмааи маданияти будоия дар Афғонистон, ки ҳар як бинандаро дар ҳайрат мегузошт, Бомиён буд. Дигар ёдгорҳои меъморӣ дар шаҳрҳои Ҳирот, Қандаҳор, Балх, Ғазнӣ, Мазори Шариф, Буст (Лашкаргоҳ) ва Кобул воқеъ гардидаанд, ки ҳар яке таърихи аҷибу ғариб ва ибратомӯз доранд. Дар Ҳирот иншооти бузурги Масҷиди ҷомеъ, ансамбли зебои меъмо­рии Мусалло, Мақбараи Ҳусайн Бойқаро, Мақбараи Алишер Навоӣ, Мақбараи Ҷомӣ, ансамбли меъмории Гозур­гоҳ, Мақбараи Шайх Абдуллоҳи Ансорӣ ва ғайра, дар Қан­да­ҳор Мақбараи Аҳмадшоҳи Дур­ронӣ, ёдгори меъмории Чилзина; дар Ғазнӣ Мақбараи Султон Маҳмуди Ғазнавӣ (ансамбли меъморӣ), Мақ­бараи Саноӣ, манораи Баҳром, маҷ­мааи қасрии Буст – Лашкаргоҳ, дар Балх харобаҳои девори шаҳр, Мақбараи Абунасри Порсо, Мадрасаи Суб­­ҳон­қу­лихон, Мақбараи Робиаи Балхӣ ва дар Мазори Ша­риф зеботарин намунаи ансамбли меъморӣ – Оромгоҳи ҳазрати Алӣ ибни Абитолиб; дар Кобул мақбараи Шоҳи Душамшера, алайҳир­раҳма, мақбараи Темуршоҳи Дурронӣ, мақба­раи амир Абдурраҳмонхон, Мақбараи Бодуршоҳ, Мақба­раи Му­ҳаммад Нодиршоҳ ва чандин ёдгори меъмо­рии дигар мебошанд. Дар Афғонистон ёдгорҳои меъмории муосир низ мав­ҷуданд ва ба ҳар муносибати даврони муосир би­но ёфтаанд, ки Манораи Истиқлол (Кобул), Тоқи Зафар (дар Пағмон), Манораи Дониш (Хуст), Манораи Майванд аз ҷумлаи онҳоанд. Аксари ёдгорҳои меъморие, ки номбар шуданд, фақат сирф ёдгории меъмории бос­тон­­шиносӣ ва таърихӣ нестанд, балки аз нигоҳи таърихи санъат арзиши баланди ҳунарӣ доранд, зеро дар онҳо намунаи олии санъати ҳайкалтарошӣ, сангтарошӣ, хиштчинии ороишӣ, кандакорӣ, гачкорӣ, ҳаккокӣ, омезишҳои дигар анвои ҳу­нар­ҳои санъати тасвирӣ ва ороиши амалии элли­низму бох­тарӣ ва ҳиндӣ таҷассум ёфтаанд. Ҳам­чунин дар нати­ҷаи ҳафриёт осори фаровони гаронбаҳои заргарӣ, куло­лӣ, қолибофӣ пайдо гардиданд. Дар рушду равнақи сан­ъати миллии имрӯзаи Афғонистон мактаби санъати тасвирӣ ва ҳу­нармандии Кобул (таъсисаш 1921) мавқеи муҳимму на­­заррас дошт. Ҳаёти воқеӣ, зиндагии мардуми одӣ ва муборизаҳои озодихоҳонаи халқҳои афғон дар асарҳои рас­сомони машҳури Афғонистон Абдулғафур Брешно, Ғавсуддин, Хайрмуҳаммад ва дигарон хеле возеҳ акс андохтаанд. Ҳай­калтарошон Муҳаммадҳайдар ва Муҳаммад­ризои Қан­да­ҳорӣ бо асарҳои гуногунжанри худ хеле маъ­руфият пайдо кардаанд.