Афғонистон: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
Сатри 141:
 
== Тандурустӣ ==
[[Акс:Regional Medical Hospital in Paktia.jpg|alt=Дохили як бемористони низоми Афғонистон|thumb|Дохили як бемористони низоми Афғонистон]]
Нахустин ислоҳот дар соҳаи тандурустӣ дар Афғонистон пас аз соҳиби истиқлол гардидани ин кишвар (1919) амалӣ гардиданд. Соли 1921 Департаменти сиҳҳати омма таъсис ёфт ва соли 1935 дар заминаи он Вазорати сиҳҳати омма ташкил карда шуд. Дар ҳамин давра бори аввал дар таърихи Афғонистон дар баъзе шаҳрҳои нисбатан калони мамлакат шифохонаҳои мардона ва ҳатто занона таъсис дода шуданд. Бо вуҷуди ин, то Инқилоби Савр вазъи нигаҳдории тандурустӣ дар Афғонистон вазъи ногувор дошт; ҳамагӣ 71 шифохона (3600 кат) ва 1027 табиб барои 15 млн нафар хидмати тиббӣ мерасонд. Аз ин ваҷҳ, дар кишвар бемориҳои бешумори сироятӣ (сорӣ) васеъ паҳн шуда буданд. Пас аз Инқилоби Савр дар соҳаи тандурустии Афғонистон тағйироти ҷиддӣ ба амал омада, аз ҷумла тамоми шаҳрвандони Афғонистон тибқи тартиби қонун ба ҳуқуқи ҳифзи саломатӣ ва таъминоти иҷтимоӣ соҳиб шуданд. Минбаъд дар андак муддат дар Афғонистон чандин шифохонаву клиника таъсис ёфт. Танҳо дар соли 1983 дар пойтахти Афғонистон 10 маркази нави шифоӣ ва нуқоти ҳифзи сиҳҳати модару тифл ба фаъолият пардохтанд. Маҷмӯан дар худи ҳамин соли 1983 620 ҳазор кӯдак аз ёрии тиббӣ бархурдор шуданд. Соли 1981 дар Кобул Донишгоҳи тиббӣ таъсис дода шуд, ки дар он бештар аз 2000 донишҷӯ таҳсил мекард. Дар 13 муассисаи омӯзишии тиббӣ 1300 талаба машғули тадрис буданд. Ҳиссаи духтурони ботаҷриба аз Иттиҳоди Шӯравӣ дар рушди минбаъдаи ҳифзи сиҳҳати мардуми Афғонистон хеле бузург аст; масалан, соли 1986 дар Афғонистон 2154 табиби шӯравӣ кор мекарданд. Пас аз таҳаввулоти солҳои минбаъ­да (аз оғози соли 1990) соҳаи сиҳҳати оммаи Афғонистон комилан дарҳам шикаст. Тибқи омори Бонки Умумиҷаҳонӣ ҳиссаи сиҳҳати омма дар мамлакат соли 2001 5,2% (мутобиқи маълу­моти Ташкилоти умумии ҷаҳонии сиҳҳати омма – ВОЗ) 1%)-ро ташкил мекард. Хизматрасонии тиббӣ барои 2/3 аҳолӣ дастрас намебошад. Дар деҳот ба 100 ҳазор нафар 1 табиби соҳибтахассус рост меояд. Аксари муас­сисаҳои тиббӣ дар шаҳрҳо ҷойгиранд.
 
Line 158 ⟶ 159:
 
=== Адабиёт ===
Адабиёти Афғонистон аслан ба ду забон – дарӣ ва пашту (пахту) шакл гирифтаву равнақ ёфтааст. Адабиёти даризабони Афғонистон нисбат ба адабиёти паштузабон таърихи қа­дим­тар ва ғановати бештар дорад. Адабиёти таълифӣ аз ибтидои зуҳури худ аз фолклори ғании мардумӣ ман­баъ гирифта, минбаъд равнақ ёфтааст. Адибони Афғонистон дар рушду такомул ва ривоҷи адабиёти баландғояи форс-тоҷик ҳис­саи арзанда гузоштаанд. Тариқи мисол, насри мусаҷҷаъ, ки қаблан дар адабиёти форс-тоҷик хеле маъ­руф буда, маҳбубият ҳам дошт, тавассути Абдуллоҳи Ансорӣ боз ҳам равнақ пайдо карда, ба «Гулистон»-и Саъдӣ, «Баҳо­ристон»-и Ҷомӣ ва чандин асари диг. таъсири бориз гу­зошт. Адабиёти паштузабон нисбатан баъдтар арзи ҳастӣ карда (Афғонистон 15), муҳаққиқин нахустнамунаи осори ин давраро «ди Шайх Малӣ дафтар» (Маҷмӯаи Шайх Малӣ) му­қаррар кардаанд. Минбаъд дар асрҳои 17–18 шоирони маъ­руфи Афғонистон Хушҳолхони Хатак (1613–91), Абдурраҳ­мо­ни Раҳмонбобо (1632–1708), Абдулҳамиди Мӯҳманд (1660–1732), Козимхони Шайдо (1727–1773), Темуршоҳи Дурро­нӣ (ваф. 1793) ва диг.дигарон дар пешрафти адабиёти Афғонистон ҳис­саи арзанда гузоштаанд. Пас аз таъсиси давлати Дур­­ро­ниён (1747) адабиёти даризабони Афғонистон боз ҳам бештар равнақ ёфт. Аввалҳои Афғонистон 20 дар ада­биёти Афғонистон андешаҳои мао­риф­парварӣ авҷ гирифтанд. Шоир ва сиёсатмадори маъ­руф Маҳмуди Тарзӣ (1867–1935), Ғуломмуҳиддини Аф­ғон (1891–1921), Абдул­ҳодии Довӣ (тав. 1895), Абдулло­ҳи Мустағнӣ (1876–1934) аз зумраи суханварони мум­то­зимаъ­руфе буданд, ки бо офаридаҳои пурмуҳтавову баланд­мазмуни хеш адабиёти Афғонистонро боз ҳам ғанитар гардонданд. Соли 1947 аҳли фарҳанги Афғонистон – нависандагони маъ­ру­фу писандида Абдуррауфи Бенаво, Гулпочо Улфат, Нур­­муҳаммад Та­ракӣ, Ғуломҳасан Софӣ, Қиёмуддин Ходим ҷамъияти «Виш залмиён» («Ҷавонони бедор»)-ро таъсис доданд. Пайравону аъзои ин ҷамъият ғояҳои та­рақ­қипар­варонаву андешаҳои навро ташвиқу тарғиб мекар­­данд. Ху­су­с­ан, асарҳои воқеъбинонаи Рашшоди Қанда­ҳорӣ, Сулаймон Лоиқ, Абдуллоҳ Бахтонӣ, Зиё Қоризода, Му­ҳам­мадраҳим Илҳом, Абдулҳақ Бетоб, Халилуллоҳ Ха­ли­лӣ ва чандин эҷодкори диг. барои такомули ин раванди ада­бӣ заминаи воқеӣ гардида буданд. Солҳои 60 Афғонистон 20 дар робита ба таҳаввулоти сиёсиву иҷтимоӣ мавзӯъ­ҳои адабӣ низ ба ҳаёти воқеии мардум наздиктар шуда, рангу мазмуни нав гирифтанд. Жанрҳои адабии ҳи­коя ва повест (қисса) маъруфият пайдо карданд, ки дар онҳо муаллифон бештар ба тасвири воқеъбинонаи зиндагии мардуми одӣ рӯ оварданд. Акнун эҷодкорон сабаби бадбах­ти­ҳои мардуми заҳматкашро дар носозгориҳои ҳаё­ти иҷ­ти­моӣ медиданд, ки повестҳои «Оворагиҳои Банг», «Спин», «Сангсар»-и Н. Таракӣ аз ҷумлаи онҳоянд. Аз солҳои 60 (Афғонистон 20) минбаъд мусалсал намунаҳои ашъори Халилуллоҳ Халилӣ, Абдуллоҳ Бах­тонӣ, Моили Ҳиравӣ, Бориқ Ша­феӣ, Сулаймон Лоиқ, ҳи­кояҳои Гулпочо Улфат ба табъ расида, аз тарафи хонандагони тоҷик хуш пазируфта шудаанд. Ибтидои Афғонистон 21, ҳанӯз ҳам аксари эҷод­ко­рон дар мусофиратанд ва бархе дар Олмон, ИМА ва диг. кишварҳои дунё доираҳои ада­бӣ созмон дода, ба эҷод маш­ғуланд.
 
=== Меъморӣ ва санъати тасвирӣ ===
Line 166 ⟶ 167:
=== Мусиқӣ ===
[[Акс:Farhad Darya's Peace Concert in 2010.jpg|alt=Фарҳоди Дарё, Консерт дар Кобул, 2010|thumb|320x320px|[[Фарҳоди Дарё]], Консерт дар [[Кобул]], [[2010]]]]
Гуногунии қавмии Афғонистон (тоҷик, пашту, балуч, турк­ман, ӯзбак ва ғайра) дар мусиқии Афғонистон низ хеле равшану возеҳ акс ёфта, дар он ҳамчунин унсурҳои санъати ҷаз­зо­би ҳинд нақши худро гузош­таанд. Ин ҳолат имкон фа­ро­ҳам овард, ки мусиқии Афғонистон до­рои жанрҳои гуногун, лаҳн­­ҳои фаровон ва созҳои мухта­ли­фуннавъ бошад. Дар санъа­ти мусиқии Афғонистон дубайтӣ, чор­бай­тӣ, рубоӣ, ғазал ва қа­сида бис­ёр истифода мегарданд. Аз созҳои нисбатан маъ­руфтари мардумӣ танбӯр, рубоб, ғи­жак, сантӯр, чанг, сурнай, нақора, даф, дойра ва таблак хеле маъмуланд. Сарояндагони маш­ҳури Афғонистон устод Ғуломҳусайн, Муҳам­мад Умар, Ҳафи­зул­лоҳи Хаёл, Абдуҷалили Залонд, Салими Сармаст, Фитрати Ношинос, устод Сароҳанг, Ма­дадӣ, Зо­ҳири Ҳувайдо, [[Аҳмад Зоҳир]], Аҳмад Валӣ, [[Фар­ҳоди Дарё]], Маҳваш, Салмо, Қамар, Ҳан­гома ва дигарон ме­­бошанд, ки бе­рун аз хоки Афғонистон дар аксар мам­лакатҳои [[Осиёи Мар­ка­зӣ]] шуҳ­рат доранд. Соли 2006 Рӯз­ҳои фарҳанги Афғонистон дар Тоҷикис­тон баргузор гардида, санъати му­сиқию овозхонӣ, синамову ҳунарҳои тасвирӣ ва саноеи дастии мардуми кишвари дӯст намоиш дода шуд.
 
=== Театр ===