Ёдгории меъморӣ: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
х илова
Сатри 1:
[[File:Samaniden-Mausoleum 2006.jpg|thumb|Мақбараи Исмоили Сомонӣ дар Бухоро]]
Ҳоло дар [[Тоҷикистон]] 840 бозёфти ҳафриёт, қариб 200 [[ёдгорӣ|ёдгори]]и меъморӣ ва заиёда аз 120 номгӯй ёдгориҳои таърихию инқилобӣ мавҷуданд. Дар байни онҳо даҳҳо ёдгориҳои беназири оламшумуле ҳастанд, ки онҳо на танҳо ганҷинаи бебаҳои санъатанд, балки таҷассумгари фарҳанги қадимаи мардуми тоҷик ба шумор мераванд.
 
Нахустин ёдгории қадимтарини [[Тоҷикистон]] ғорҳои Помири Шарқӣ ([[Ғори Шахта]]) аст, ки дар он суратҳои ҳайвонот ва симоҳои афсонавӣ кашида шуда, ба ҳазорсолаҳои даҳуму панҷуми пеш аз мелод тааллуқ доранд. Аз замони неолити дерин (ҳазорсолаҳои панҷуму сеюми то мелод) дар [[Данғара]] сукунатгоҳи Кӯйи Булён маълум буда, фарши иқоматгоҳҳои он аз тахтасанг сохта шудааст. Инчунин ба ҳамон давр (замони энеолит ва ибтидои замони биринҷӣ) дар наздикиҳои [[Панҷакент]] - [[Саразм]] ба вуҷуд омадани сукунатгоҳи заминдории қадим тааллуқ дорад, ки дар он аз хишти хом ва девори похса маҳалҳои аҳолинишин, шоҳкориҳои меъморӣ ва ибодатгоҳҳо бунёд карда шудаанд. Маълум аст, ки аҳолии ин маҳал бо бисёр мамолики мутамаддини Шарқ, то ба фарҳанги мардуми Байнаннаҳрайн, Булуҷистон ва [[Ҳиндустон]] робитаҳои ҳарҷонибаи фарҳангию тиҷоратӣ доштаанд.
 
Line 30 ⟶ 29:
 
Бо вуҷуди ҳама гуна мушкилоти инкишофи эҷоди ҳунари меъморӣ дар таърихи бисёрасраи бинокории тоҷик дар муқобили меъмории расмӣ ҳамеша меъмории мардумӣ меистод ва он беҳтарин анъанаҳои гузаштаро ба тарзи табиӣ нигоҳ медошт. Маҳз офаридаҳои ҳунармандони мардумӣ, ки онро метавон фолклори меъморӣ шуморид, дар ҳама давру замон манбаи ғизодиҳандаи рушди ҳунари меъморӣ ба шумор мерафт. Масҷидҳо ва биноҳои иқоматии анъанавӣ дар деҳоти Роҳатӣ, Ҳисор, Лангар, дар шаҳрҳои Кӯлоб, Истаравшан, Исфара, Хуҷанд ва дигарҳо тимсоли барҷастаи шоҳкориҳои меъмории мардумианд, ки дар охири асри Х1Х ва ибтидои асри ХХ сохта шудаанд.
Ҳоло дар [[Тоҷикистон]] 840 бозёфти ҳафриёт, қариб 200 [[ёдгорӣ|ёдгори]]и меъморӣ ва заиёда аз 120 номгӯй ёдгориҳои таърихию инқилобӣ мавҷуданд. Дар байни онҳо даҳҳо ёдгориҳои беназири оламшумуле ҳастанд, ки онҳо на танҳо ганҷинаи бебаҳои санъатанд, балки таҷассумгари фарҳанги қадимаи мардуми тоҷик ба шумор мераванд.
 
Ба ҳамин тариқа, мо ба василаи таҳқиқоти судманди бостоншиносон, меъморон, санъатшиносон ва дигар олимон бо ёдгориҳои фарҳангию меъмории мардуми тоҷик шиносоӣ пайдо намудем. Бо мақсади он ки ин ҳама ёдгориҳои қадимаи Тоҷикистон дар замири ҳар фарди ҷомеа эҳсоси ифтихор ва инсондӯстиро бедор намоянд, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз пеш ба онҳо эътибор дода, барои муҳофизат ва истифодаи онҳо дар тарбияи меҳанпарастии мардум, ба хусус ҷавонон, шароити хуб фароҳам оварда мешавад.
== Боз нигаред ==