Аминҳои биогенӣ: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
Саҳифаи нав: АМИНҲОИ БИОГЕНӢ, гурӯҳи пайвастҳои органикии нитрогендор, ки дар организм бо роҳи декарбокси...
(бе тафовут)

Нусха 10:04, 14 сентябри 2015

АМИНҲОИ БИОГЕНӢ, гурӯҳи пайвастҳои органикии нитрогендор, ки дар организм бо роҳи декарбоксилонии аминокислотаҳо, яъне аз молекулаи онҳо ҷудо шудани гурӯҳи карбоксил – СООН, ҳосил мешаванд. Барои организм аминоспиртҳое, ки дар таркибашон боқимондаи пирокатехин (1,2 – дигидроксибензол, катехол) мавҷуд аст (катехоламинҳо), аҳамияти калон доранд. Катехоламинҳо (дофамин, норадреналин, адреналин) дар натиҷаи мубодилаи моддаҳо ҳосил мешаванд. Баъзе моддаҳои фаъоли биологии табиӣ ва сунъӣ, ки чун дору мавриди истифода қарор мегиранд, шабеҳи катехоламинҳо мебошанд (мас., эфедрин, мезатин). Аминҳои биогенӣ, масалан гистамин, серотонин, норадреналин, адреналин, тирамин ва ғ. ба раванди боздорӣ ва ангезиш, ки дар қишри мағзи сар рух менамояд, таъсир мерасонанд. Баъзе аминҳои биогенӣ дар рӯдаи ғафс зери таъсири бактерияҳои фасодзо ҳосил гашта, барои организм заҳрнок мебошанд. Дар организм аминҳои биогенӣ бо унсурҳои биохимиявии ҳуҷайра пайваст мешаванд. Ба раванди мазкур кислотаҳои аденозинфосфат, нуклеинат ва карбогидратҳои калонмолекула (масалан гепарин) таъсири мусбат мерасонанд. Аминҳои биогенӣ дар ҳуҷайраҳо дар ҳолати пайваст дучор меоянд; онҳо фаъол нестанд ва зери таъсири ферменти аминоксидаза қарор намегиранд.