Африқо: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
No edit summary
No edit summary
Сатри 1:
{{Infobox continent
[[Акс:Africa satellite orthographic.jpg|right|300px|thumb]]
|ном = Африқо
|акс =
|масоҳат =
|аҳолӣ =
|зичӣ =
|ММД_номиналӣ =
|ММД_БИХ =
|қавмият =
|мамлакатҳо =
|рӯйхати_мамлакатҳо =
|мустақилият =
|ношинохта =
|забонҳо =
|замон =
|интернет =
|шаҳрҳо =
}}
'''Африқо''' — қораи аз ҷиҳати бузургӣ дуюмини кураи Замин (баъди Авруосиё). Дар Нимкураи шарқӣ воқеъ буда, аз (хатти) истиво ба Шимол ва Ҷануб то арзҳои субтропикии ҳар ду нимкура тӯл кашидааст. Масоҳати Африқо 29,2 млн км2 (якҷо бо ҷазираҳо 30,3 млн км2). Онро уқёнусҳои Атлантику Ҳинд ва Баҳри Миёназамину Баҳри Сурх иҳота кардаанд. Африқоро гарданаи борики Суэтс (120 км) ва канали Суэтс бо Осиё мепайвандад ва гул. Гибралтар (бараш 14–44 км) аз Аврупо ҷудо мекунад. Хатти истиво қариб аз байни Африқо мегузарад. Димоғаи шимолтарини Африқо – Алабёз дар 37020′ а. ш., димоғаи ҷанубтаринаш – Сузан дар 340 52′ а. ҷ. воқеанд. Африқо аз Шимол ба Ҷануб 8000 км ва аз Ғарб ба Шимол то 7500 км тӯл кашидааст. Ҷазираҳои назди Африқо дар Шарқ – Мадагаскар, Комор, Маскарен, Амирант, Сейшел, Пемба, Мафия, Занзибар, Сокотра (дар Уқёнуси Ҳинд); дар Ғарб – Канар, Димоғаи Сабз, Аннобон, Сан-Томе, Принсипи, Фернандо-По (Биоко), Мадейра, ҷазираҳои дур – Вознесение, Еленаи Муқаддас, Тристанда – Куня (дар Уқёнуси Атлантик). Соҳилҳои Африқо каме каҷу ноҳамворанд. Халиҷҳои калонтарин: дар Ғарб – Гвинея, дар Шимол – Сидра, дар Шимол – Суэтс ва Адан. Нимҷазираи калонтарини Африқо – Сомалӣ.
Релйеф. Аз рӯйи ҳисоби миёнаи баланд будан аз сатҳи баҳр Африқо қораи баландтарини олам мебошад (750 м). Қисми шимолиаш аз сатҳи баҳр 200–500 м, ҷанубиаш (ҷанубтар аз 100 а. ҷ.) 1000–2000 м баланд буда, дар Африқои Шарқӣ низ ба 2000 м мерасад. Баландии баъзе кӯҳҳои оташфишон 5000 м ва аз он ҳам бештаранд. Ба А. пуштакӯҳҳои зина-зина ва суффа­кӯҳу баландиҳо (Ҳабашистон, Аҳаҷҷар, Тибест ва ғайра) хоссанд, ки дар онҳо тафтаҳои оташфишонӣ қабати базалтиро ба вуҷуд овардаанд. Дар фурӯхамидагиҳои таҳ­курсии А. пастхамиҳои Калахари, Конго, Чад ҷойгир шудаанд. Дар қисми шим. ғарбии он кӯҳҳои Атлас ва дар қисми ҷан. шарқӣ кӯҳҳои Аждар воқеанд. Ба ташаккули релйефи Африқоҳаракатҳои тектоникии эраи мезозой таъсири зиёд расондаанд. Қисми шарқии қораро, аз халиҷи Суэтс то дарёи Замбези, пастхамиҳои фурӯрафта бурида мегузаранд, ки дар онҳо Баҳри Сурх, биёбони Донакил, кӯлҳои Африқои Шарқӣ (ғайр аз Виктория) ҷой гирифтаанд. Қад-қади тарқишҳои қишри замин кӯҳҳои оташфишони хомӯшшуда ва амалкунандаи Килиманҷаро (5895 м – нуқтаи баландтарини Африқо), Кения (5199 м), Рувензори (5109 м) ва ғайра воқеанд.
Баргирифта аз "https://tg.wikipedia.org/wiki/Африқо"