Мамнӯъгоҳи таърихӣ-фарҳангии Ҳисор: Тафовут байни таҳрирҳо

х
таҳрир
х (илова)
х (таҳрир)
'''Мамнунгоҳи таърихӣ-фарҳангии ноҳияи Ҳисор''' - соли [[2011]] дар [[ноҳияи Ҳисор]] таъсис ёфтааст. Мамнунгоҳ тобеъи Вазорати фарҳанги Тоҷикистон аст.<ref>[http://elint.kunstkamera.ru/catalog/gissarskij_istoriko_kulturnyj_zapovednik/ Гиссарский историко-культурный заповедник]</ref>
Мамнунгоҳ дорои [[Масҷиди Кӯҳна]], [[Масҷиди Нав]], [[мақбара]] ва [[Осорхонаи таърихӣ-кишваршиносии ноҳияи Ҳисор]] мебошад. <ref>Донишномаи Ҳисор. - Душанбе: "Ирфон", 2015, - с. 442-443 </ref>
== [[Қалъаи Ҳисор]] ==
Кӯҳандижи Ҳисор, ки бо номи Қалъаи Ҳисор маъруф аст, ёдгории даврони Пешдодиён буда, болои қалъа аз се қисм иборат аст. Қисми баландии он қароргоҳи беку амирон, қисми дуюм, яъне поёнӣ - уштурхона ва қисми асосии онро аскархона ташкил медиҳад. Атрофи Қалъаи Ҳисор бо девори баланди кунгурадори муҳофизатӣ иҳота шуда, баландиаш аз сатҳи болои қалъа 3,5 метр, рӯйи девор 10 метр паҳнӣ доштааст. Аз макони бекнишин тамоми [[ноҳияи Ҳисор]] чун кафи даст ба чашм метобад. Ба Қалъаи Ҳисор танҳо бо воситаи дарвоза даромадан мумкин будааст.
== Ёдгориҳои мамнунгоҳ ==
Аз рӯи шаҳодати ховаршинос ва мардумшиноси рус М.С.Андреев маълум мешавад, ки бинои Мадрасаи Кӯҳна дар охирҳои асри XVIII ва ибтидои асри XIX бунёд ёфтааст. Мадрасаи Бомӣ низ зодаи ҳамин даврон аст. Соли 1808 дар замони ҳукмронии беки Ҳисор Саидбийи атолиқи юз сатҳи Регистон ва бозорҷой васеъ гардонида мешавад ва дар шафати Мадрасаи Кӯҳна бинои Корвонсарой қомат меафрозад, ки он то соли 1927 вазифаи меҳмонхонаро адо мекард. Онро соли 1935 пурра вайрон намуданд. Аз рӯи суратҳои мавҷуда муайян мегардад, ки пештоқаш аз тарафи бозор будааст. Сохтмони қисми дуввуми Масҷиди Сангин дар асрҳои XV – XVII сурат гирифт. Муаррихи тоҷик Ш.Юсуфов ҳангоми омӯзиши хазинаи қӯшбегии Ҳисор бо феҳристи биноҳои Ҳисори асримиёнагӣ вомехӯрад. Аз рӯи маълумоти он дар шаҳри Ҳисор чор мадраса ва 24 масҷид мавҷуд будааст. Ҳангоми кори ҳафриёти бостоншиносон дар мавзеи «Чашмаи моҳиён» тарҳи мадраса маълум карда шуд, ки онро олимон ба асри XV нисбат медиҳанд.
 
Дарвозаи асосии Арки Ҳисор – «Манзар», ки бурҷҳои баланди мудаввару девори ғафсияш якметра дорад ва он имрӯз яке аз рамзҳои асосии Қалъаи Ҳисори Шодмон аст, бино ба маълумоти Мулло Ҷумъақули Ҳумулӣ дар аса- раш «Таърихи амирони манғитияи Бухоро» (дастхати №2354/IV, АУ Тоҷикистон, вар. 213а) бо маблағи зани Саъдбийи Атолиқ (модари беки ояндаи Ҳисор- Абдулкарим ) соли 1834 дар ҷои вайронаҳои дар- возаи қадимаи қалъа, ки то асри XVII валангор шуда буд, қомат рост кард. Дар ҳақиқат ҳам услуби меъморӣ ва сохти хиштҳои он ба ибтидои асри XIX шабоҳат доранд, ки онро бостоншиносон низ тасдиқ кардаанд. Алъон, хиштпораҳои сурхи дарвозаи қадима дар паси дарвоза (аз паҳлӯи чап) намудо- ранд. Дар пешорӯи дарвозаи Арк ду суфаи калон мавҷуд будааст, ки ба қавли сайёҳону муаррихон дар он ҷо тӯпҳо меистодаанд.
<ref>Фатҳуллоҳи Азиз Султонмуроди Одина Қалъаи Хисорро ки сохту кӣ бохг? № 5-6 (1983 ) 24 апрели соли 2014 </ref>
 
== Нигаред ==
*[[Осорхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон]]