Африқо: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
No edit summary
Сатри 48:
 
=== Хок ва наботот ===
[[Акс:Zebras, Serengeti savana plains, Tanzania.jpg|alt=Зебраҳо, заминҳои саваннаи Серенгети, Танзания|thumb|464x464px390x390px|Зебраҳо, заминҳои саваннаи Серенгети, Танзания]]
Хок ва набототи Африқо ба минтақаҳо тақсим мешавад. Қад-қади соҳилҳои халиҷи Гвинея ва пастхамии Конго бешаҳои сернами истивоӣ воқеанд. Бешаҳои анбӯҳи рустаниҳояшон гуногун, печактанаву эпифитҳо бисёранд. Дарахтҳо тақрибан ба 3000 навъ мерасанд. Дарахтони пурарзиш – сиёҳдарахт, кола, хурмо (аз баъзе навъҳои он май ва равған тайёр мекунанд) ва ғайра мерӯянд; хокаш хокистарранги латеритӣ. Дар Шимол ва Ҷануби дар ноҳияҳои гармсер тобистон боришот зиёд аст, то 35%-и масоҳати қитъаро саваннаҳои хоки сурхтоб, бешаҳои камдарахт ва буттазорон пӯшондаанд. Замини биёбонҳои тропикӣ (Саҳрои Кабир, Калахари) регзор ва санглох буда, набототаш аз рустаниҳои хушкидӯсту суккулентӣ иборат аст. Ба иқлими Саҳрои Кабир гиёҳҳои хӯшадори бебарг, буттаҳои паст хоссанд. Дар даштҳо гиёҳҳои хӯшадор ва дарахтони калон (баобаб), хурмо, ақоқиё мерӯянд. Дар канори шимолу ғарбӣ, ҷануб ва ҷанубу ғарбӣ, яъне ноҳияҳои иқлимаш гармсер, бешаҳои хушк ва буттазорҳои хокашон хурмоӣ бештаранд. Дар Африқо 3712 ҷинс ва 4000 навъи рустаниҳо, аз ҷумла 900 флораи тропикии эндемӣ (дарахти аждаҳо, нахли сейшелӣ) мавҷуданд; хусусан дар қисми ҷан. Африқо, ки он ба флораи ноҳияи Голартика, Атлас, африқоию алпӣ, мадагаскарӣ, Кап ва ғайра мансуб аст. Канорҳои шимол ва ҷануби қораро, ки хокашон хурмоист, буттазорҳои ҳаме­шасабз фа­ро гирифтаанд. Нимаи дуюми а. 20 фаъолияти инсон ҷангалҳоро коста ва чарогоҳҳоро камгиёҳ кардааст.
 
== Олами ҳайвонот ==
[[Акс:Lion waiting in Namibia.jpg|alt=Шери интизор дар Намбия|thumb|Шери интизор дар Намбия]]
Олами ҳайвоноти Африқо гуногуну ғанӣ аст. Дар Африқои Шимолӣ ва Саҳрои Кабир хояндаҳо бисёранд, якчанд навъи бузи ваҳшӣ (аз ҷумла ғизоли кӯҳӣ), шағол, кафтор вомехӯранд. Дар ноҳияи зоогеографии Ҳабашистон маймунҳои биниборик, ҳайвоноти сумдор ва ваҳшӣ бисёр буда, шутурмурғи африқоӣ низ ҳаст. Бешаҳои сернам (гилеяҳо) маймунҳои одамшакл (шимпанзе, горилла), баҳмут, заррофа доранд. Аз парандаҳо тӯтӣ, кабӯтар, мурғи шохдор ҳаёт мегузаронанд. Гамбуск ва ша­паракҳо бисёранд. Дар кӯҳсори Ҳабашистон ва Африқои Шарқӣ заррофа, зебра, бузи ваҳшӣ, говмеш, фил, баҳмут, шер, маймунҳои павиан; аз парандаҳо – шутурмурғ, лаклак ва ғайра боқӣ мондаанд. Дарёҳои Африқо тимсоҳ доранд, мор бисёр аст. Дар бешаҳои ҳавзаҳои Конго, Гвинеяи Поин ва Боло магаси сетсе (хунхор) ҳаст. Олами ҳайвоноти Африқо қир шуда, боқимондааш дар қӯруқҳо – парваришгоҳ (боғҳои миллӣ) муҳофизат мешавад. Дар ибтидои асри 21 ҳудудҳои ҳифзшавандаи Африқо 7%-ро ташкил дода, 1254 минтақа, аз ҷумла 198 акваторияи баҳрҳо, 50 мамнӯъгоҳи биосферӣ, 80 шикор­гоҳи обию ботлоқии дорои аҳаммияти байнал­милалӣ ва 34 масдар (объект)-и ба рӯйхатти Мероси умумиҷаҳонии ЮНЕСКО воридшударо ташкил медиҳад.
 
Баргирифта аз "https://tg.wikipedia.org/wiki/Африқо"