Африқо: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
Сатри 39:
 
== Сохти геологӣ ва сарватҳои зеризаминӣ ==
[[Акс:Topography of africa.png|alt=Харитаи табии Африқо|left|thumb|Харитаи табии Африқо|260x260px273x273px]]
Африқо платформаи қадимӣ буда, ҳудуди он дар Ҷануб то кӯҳҳои Кап, ки аз чиндоршавии герсинӣ (охирҳои палеозой) ба вуҷуд омадаанд ва дар қисми шимолу ғарбӣ то кӯҳҳои Атлас, ки синни алпӣ доранд, мерасанд. Ҷинсҳои булӯрӣ ва метаморфӣ (гранитҳо, гнейсҳо, варақсангҳо) дар Африқои Ҷанубӣ ва Шарқӣ, инчунин қад-қади соҳилҳои Баҳри Сурх ва халиҷи Гвинея ба рӯ баромадаанд. Синни мут­лақи онҳо ба 3,5 млрд сол баробар аст. Ҷинсҳои қадимии қисми шимоли Африқо дар иҳотаи таҳнишастҳои ҷавон барҷаста­гиҳои алоҳидаро ташкил медиҳанд. Таҳшинҳои баҳрие, ки дар давраҳои байни ордовику авв. карбон, инчунин дар ох. табошир ба вуҷуд омадаанд, бештар паҳн гаштаанд. Таҳшинҳои баҳриро таҳнишастҳои континентӣ (регсангҳои Нубия ва ғайра) пайи ҳам иваз мекунанд. Дар Африқои Ҷанубӣ, баръакс, дар масоҳати фарохи токембрий пастхамиҳои азими алоҳида – Конго, Калахари ва Карру мав­ҷуданд, ки аз таҳнишастҳои континентӣ – табақаҳои пиряхӣ, ангиштдор ва ҷинсҳои сурхранг пур шудаанд. Дар Африқои Шарқӣ мавҷуд будани минтақаи тарқишҳои калонтарини қишри замин ҷиҳати хосси сохти Африқо буда, аз Баҳри Сурх то дарёи Замбези тӯл мекашад. Дар ин минтақа Баҳри Сурх, пастхамии Афар (дар Ҳабашистон), кӯлҳои Африқои Шарқӣ (ғайр аз кӯли Виктория) ҷойгиранд. Пуштакӯҳҳои гудохтаи зеризаминӣ (Ҳабашистон, Кения) ва вулканҳои оташфишон (Меру, Нямлагира, вулкани минтақаи Врунги, Килиманҷаро ва ғайра) ба ин кафидаҳои қишри замин вобастаанд. Кафидаҳо дар давраҳои неоген – чорумин пайдо шудаанд. Дар Африқо заминҳои зангбастаи латеритӣ (дар ҷойҳои сернам), шӯрабаста (дар биёбонҳо), инчунин регзор (дар Саҳрои Кабир, Калахари, Намиб) дар давраи чорумин пайдо ва васеъ паҳн шудааст. Африқо ва махсусан Африқои Ҷанубӣ сарватҳои ғании зеризаминӣ дорад: конҳои алмос, платина, тило, манган, мис, хром (асосан дар РАҶ) аҳаммияти ҷаҳонӣ доранд. Африқои Ғарбӣ аз маъдани оҳан, боксит, қалъагӣ; Африқои Шимолӣ аз фосфоритҳо, кобалт ва ванадий (26 млрд тонна) ғанӣ аст. Дар Африқои Шимолӣ ва соҳили халиҷи Гвинея захираҳои фаровони нафт (8,5 млрд тонна – конҳои Амир Интизар, Сарир – дар Либиё) ва газ (8 трлн м3 – конҳои Хасси Мессауд, Хассирмел дар Алҷазоир) кашф шудаанд. Захираҳои ангишти Африқо 178 млрд тонна (асосан Ҷануби Африқо) буда, аз ҷиҳати захираҳои манган (1,36 млрд тонна), хромит (3,9 млрд тонна), бокситҳо (10,2 млрд тонна), тило (аз нисф зиёди захираҳои ҷаҳонӣ), платина (90%-и захираи олам), алмос (75%-и захираи олам) пешсафи ҷаҳон мебошад.
 
Баргирифта аз "https://tg.wikipedia.org/wiki/Африқо"