Алюминий: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
No edit summary
No edit summary
Сатри 12:
АЛЮМИНИЙ (Aluminium, Al), элементи химиявии гурӯҳи III ҷадвали Менделеев, рақами ат. 13, массаи ат. 26,98, ҳарор. гуд. 6600, ҳарор. ҷӯш. 25000. А. 8,8 фисади массаи қишри заминро ташкил медиҳад. Дар табиат дар ҳолати як изотопи собит вомехӯрад; чанд изотопи сунъии радиоактив ҳам дорад. Аксари намакҳои А. дар об нағз ҳал шуда, муҳити турш ҳосил мекунанд. Миқдори А. дар организми одам хеле кам аст.
Дар амалияи тиб доруҳое, ки аз намакҳои А. таркиб ёфтаанд, истифода мегарданд. Намакҳои ҳалшавандаи А. хосияти қобизӣ (ғунчасозӣ), бактерисидӣ ва сӯзандагӣ доранд. Пайвастҳои ҳалшавандаи он, мас., гидрооксиди А., гили сафед (каолин) таъсири ҷазбӣ ва фарогир мерасонанд.
Гили сафед дорувори тибби қадим аст. Мас., Абӯалии Сино аз қавли Дисқуридус гуфтааст: «Ҳамаи намудҳои гиле, ки андар пизишкӣ ба кор баранд, ба таври умум дорои қувваи гиранда, нармкунанда, сардиоваранда ва часпонанда буванд, вале ба таври хусус ҳар кадом дорои хосиятеанд, ки аз барои як чиз судманданд ва аз барои чизи дигар не. Аз ҷумлаи гили заминҳои кишт бархе бисёр сафед буда, бархе хокистарист... Агар онро бар порае аз мис бисованд, аз совидани он ранги зангор ҳосил шавад. Онро гоҳе чун шустани сафеда бишӯянд... решҳоро гӯшт мерӯёнад ва ҷароҳатро баҳам меоварад...» Гили сафед (Bolus alba) дар тибби муосир низ мавриди истифода аст. Онро дар шакли хока, хамира ва марҳам барои табобати бемориҳои пӯст, реш, шалҳидагӣ, сӯхтагӣ кор мефармоянд. Меъёри истеъмоли он барои калонсолон аз 20 – 30 то 100 г (дар як шабонарӯз), барои кӯдакон 5 – 10 г аст. Ҳамчунин гили сафедро ба қурсу ҳабҳое, ки дар таркибашон маводи зудвайрон дошта бошанд, илова мекунанд. Дар Тоҷикистон истеҳсоли алюминий дар Заводи алюминии тоҷик дар шаҳри Турсунзода ба роҳ монда шудааст.
 
Аз рӯйи ҳаҷми истеҳсолот ин металл пас аз оҳан дар ҷаҳон дар ҷойи дуюм аст, ҳарчанд таърихи истихроҷи 200-сола дорад. То солҳои наздик онро металли қанотӣ меномиданд, вале роҳи тайкардаи инсон то ба алюминий тӯлонӣ мебошад. Зиёда аз 1920 сол муқаддам Плинии Калонӣ зок ё замчеро, ки барои ранг кардани матоъҳо истифода мебурданд, «алумен» номид. Пас аз 1500 сол натуралисти Швейтсарӣ Параселс исбот намуд, ки дар таркиби «Зок ё Замч» туршаи алюминий мавҷуд буда, онро глинозём ном бурд.
Дар асри ХVII кимиёшиноси Инглис бо сарварии Г.Деви хӯлаи алюминиро бо оҳан ба даст овард, онро алюминий ном дод.
Бозори ҷаҳонии алюминий дар заминаи истеҳсоли маъдани боксит тараққӣ кард. Аввалин бор алюминийи тозаро Г.Эрстед (с.1825) аз боксит ҳосил кард. Соли 1854 кимиёшиноси Фаронса Сент Клер Девилл технологияи коркарди саноати алюминийро пешниҳод намуд ва кимиёшиноси Русия Н.Н.Бекетов (с.1865) онро такмил дод. Ба кашфиёти алюминий нигоҳ накарда солҳои 60-ми асри ХIХ арзиши он аз тилло баландтар буд. Истеҳсоли алюминий пас аз кашфиёти усули электролитӣ (электролиз) аз тарафи фарансуз П.Эру (с. 1886) ва амрикоӣ Ч.Холл бо роҳи саноатӣ гузошта шуда буд.
Соли 1890 дар ҷаҳон 193 т. алюминий гудохта, бо арзиши 45000 суми тиллоӣ барои 1 тонна буд. Дар аввали солҳои ХХ глинозём барои электролизи алюминий аз ҳисоби конҳои карстии маъдани боксит ва солҳои 1930-1940 аз конҳои боксити латеритӣ истеҳсол мекарданд. Дар замони ҳозира алюминий аз латеритҳои минерали бекварси пур аз глинозёми минтақаҳои назди экваторӣ ва ашёи нефелину алунит гирифта мешавад.
Дар таркиби бокситҳо то 28-70% глинозём иборат аст; онҳо аз минералҳои диаспор, бёмит (то 85%), гидраргиллит (65,4% глинозём) ташаккул ёфтаанд. Номи диаспор аз юнонӣ гирифта шуда, маънои рехтан (ҳангоми гарм кардан тарқишчаҳо пайдо мекунад)-ро дорад; бёмит номи олими олмонӣ И.Бёмаро гирифтааст, ки аввалин бор ин минералро таҳқиқот намудааст.
Боксит аввалин бор дар маҳаллаи Ле-Бо, Провансеи Франсия дарёфт шуда, номи он ҷоро гирифтааст. Алунит (сулфати алюминий) дар ибтидо санги алюминий (алюминилит) ном гирифта, ба алюнит ва баъдтар ба алунит табдил ёфт.
Манбаи дигари алюминий нефелинҳо – ҷинсҳои магматикии ишқорӣ ва алунитҳо – ҷинсҳои зуҳуроти вулканӣ доштаи минтақаҳои ҷавони алпӣ, инчунин ҷинсҳои метаморфӣ, ки дистен, силлиманит, андалузит ва слюдаҳо бо онҳо алоқа доранд, мебошанд.
 
* [[Ҷадвали даврии элементҳои химиявӣ]]