Скандий: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
No edit summary
No edit summary
Сатри 1:
Ска́ндий (лjт. Scandium; бо аломати Sc ишора карда мешавад) — элементи зергурущи иловагии гуруҳи сеюм ва даври чоруми системаи даврии элементҳои кимиёвӣ ба ҳисоб рафта рақами тартибиаш 21 аст. Моддаи соддаи скандий (рақами CAS: 7440-20-2) металли нуқрамонанди сафед буда, тобиши махсуси зард дорад. Дар ду навъи кристаллӣ вуҷуд дорад: α-Sc бо панҷараи гексагоналии шакли магний,β-Sc бо панҷараи ҳаҷман марказонидашудаи кубӣ, температураи гузариши α↔β 1336 °C.
Скандий ба гурўҳи металлҳои нодир дохил мешавад. Аввалин бор дар нимҷазираи Скандинавия кашф шуда, номи он ҷойро гирифтааст. Компоненти асосии хулаҳои сабук буда, дорои 3,2 г/см<sup>3</sup> зичӣ ва дар 1541<sup>0</sup>С гудохта мешавад.
Скандий истифодабарии васеъ дорад, барои хўлаҳои сабуке, ки дар варзиш барои тайёр кардани бейсбол, софтбол, қисмҳои эҳтиётии велосипедҳо, чангакҳои голфқапанда, арматураи хаймаҳо, дар соҳаи аслиҳасозӣ, таҳқиқотҳои металлургӣ, лампаҳои шиддатнокиашон баланд, электроника ва шуоъҳои лазерӣ кор фармуда мешавад.