Скандий: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
No edit summary
No edit summary
Сатри 3:
Скандий истифодабарии васеъ дорад, барои хўлаҳои сабуке, ки дар варзиш барои тайёр кардани бейсбол, софтбол, қисмҳои эҳтиётии велосипедҳо, чангакҳои голфқапанда, арматураи хаймаҳо, дар соҳаи аслиҳасозӣ, таҳқиқотҳои металлургӣ, лампаҳои шиддатнокиашон баланд, электроника ва шуоъҳои лазерӣ кор фармуда мешавад.
Ҳарчанд скандий элементи парешон набошад, ҳам бо силикатҳои оҳану магний (пироксенҳо, биотит ва амфиболҳо) омехтаи муқаррарӣ ва паҳншуда дорад, вале дар таркиби онҳо миқдори камро дар бар мегирад ва консентратсияи Sc<sub>2</sub>O<sub>3</sub> аз 5 то 10 г/т-ро ташкил мекунад. Скандий дар Австралия, Хитой, Қазоқистон, Норвегия, Украина, Русия ва Мадагаскар захира дорад, ба шакли комплексӣ чун омехта истеҳсол мешавад. консентратсияи скандий дар оби баҳр 0,00004 мг/л мебошад. Скандий аз рӯи хосиятҳои кимиёвиаш ба алюминий шабоҳат дорад.
 
* [[Ҷадвали даврии элементҳои химиявӣ]]