Мис: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
No edit summary
No edit summary
Сатри 16:
Дар баробари миси тоза хўлаҳои он: латун (то 30% руҳ дорад), биринҷӣ ё бронза (то 5-30% қалъагӣ), бронзаи алюминӣ (то 5-10 % алюминий), хўлаи сурбӣ (то 30% сурб дорад), хўлаи кремнигӣ (то 5 % кремний, хўлаи бериллий (то 3% бериллий) ва бо никел (мелхиор, нейзилбер ва Константин) дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ истифода мешаванд. Аз ҷумла латун барои тайёр кардани қубурҳо, тунука, механизмҳои соат, асбобҳои амиқ; биринҷии алюминий барои сохтани қисмҳои асосии ҳаракатдиҳанда (двигателҳо)-и авиатсионӣ, приборсозӣ, истеҳсоли соат, ҷавоҳирот, асбобҳои ҷарроҳӣ дар тиб истифода мешавад.
Аз биринҷии қалъагӣ ҳайкал мерезанд, баррелеф, кандакорӣ ва зарубориро иҷро мекунанд. Масалан, 2,3 ҳаз. сол муқаддам ҳайкалтарош Харес Колосс Родосский ҳайкалчаи Худои офтоб Гелиофо, ки 32 метр баландӣ дошт, аз хўлаи мису қалъагӣ рехт, вале баъд аз 50 сол ҳангоми заминларза вай афтид ва аз нав бо хўлаи мису алюминий ҳайкалро барқарор карданд. Ҳамин тавр 1200 сол пеш буддои вазнаш 400 т. дар Тадайзӣ ва баъдтар дар Санкт-Петербург «Медный всадник» рехта шуданд.
Дар асрҳои гузашта (а.15-18) аз хўлаи биринҷӣ аслиҳаи ҷангӣ (тўп) ва барои мазҳаби славияниҳо зангўлаҳо месохтанд, аз ҷумла зангўлаҳои 40 тонна - Шоҳ-Пушка (с.1586) ва аз 200 тонн биринҷӣ Шоҳ-Зангўларо (с.1755) Андрей Чохов ва падару писар Маторинҳо бо муваффақият рехтанд, ки ҳоло дар Кремли Москав маҳфузанд. Пётри 1 дар ҷанги Полтава ба муқобили 4 танки свидҳо 72 танкҳоеро истифода бурд, ки аз зангўлаҳои мазҳаби славиянҳо сохта буданд. Мутахассисон аслиҳаи ҷанги (а.6 пеш аз милод) дар Ирон, Туркия ва Месопотомия аз биринҷӣ сохташударо дарёфт намуда, ба хулосае омаданд, ки калимаи «бронза» (биринҷӣ), ба сифати истилоҳ баъд аз истеҳсоли хўла пайдо шудааст. Дар ибтидо «бронза» маънои мис аз Брундизия («медь из Брундизия)-ро дошт. Брундизӣ деҳаи портӣ дар соҳили баҳри Адриа воқеъ аст, ки дар он ҷо металли мис савдо мекарданд ва металлургҳои брундизӣ истеҳсоли биринҷиро аз худ намуданд. Номи биринҷӣ аз калимаи таѓйирёфтаитағйирёфтаи туркӣ, номи маҳаллаи Брундизӣ пайдо шудааст.
Дар он вақт маркази металлургия дар шаҳрҳои Аврупо ва Осиё дари хешро боз намуда, гудохтани биринҷӣ авҷ мегирифт ва аслиҳаи ҷангӣ, табар, досу болѓаболға, корд ва асбобҳои лозими дигар месохтанд.
Аз 240 минерали мис миси асил (100% мис), халкопирит-CuFeS<sub>2</sub> (34-35%), ковеллин-CuS (66,4%), борнит-Cu<sub>5</sub>FeS<sub>4</sub> (55-69%), халкозии –Cu<sub>2</sub>S (80%), куприт-Cu<sub>2</sub>S (89%), малахит-Cu<sub>2</sub>(OH)<sub>2</sub>CO<sub>3</sub> (57%), азурит – Cu<sub>3</sub>(OH)<sub>2</sub> [CO<sub>3</sub>]<sub>2</sub> (56-69%), хризоколла-Cu<sub>8</sub>(OH)<sub>8</sub>(H<sub>2</sub>O)<sub>4</sub> [Si<sub>8</sub>O<sub>2</sub>0]•8 H<sub>2</sub>O (36%), сулфосолҳо (56-69%) дар таркибашон мис доранд.
Аз конҳои ҷаҳонии мис аз 95 мамлакат 1,6 млрд.т. (01.01.2005 с.) ошкор шуда, 75% онҳо ба 11 мамлакат рост меояд: Чилӣ (24,6%), ИМА (6,4%), Перу (6,1%), Русия (5,8%), Хитой (5,7%), Замбиё (5,2%), Австралия (4,2%), Мексика (4,1%), Индонезия (3,7%), Полша (3,6%) ва Қазоқистон (3,1%).
Сатри 28:
Заминаи ашёи минералии саноати Русия аз рўи сифат аз саноати Аврупо монданӣ надорад ва ба талабот ҷавобгў мебошад. Захираҳои дурнамои мис 9,8 млн.т. мебошад.
Дар Русия мисро асосан аз конҳои сулфиди мису никел (70-75%), комплекси полиметаллҳо, колчедани мис ва мису руҳ (20-25%) истихроҷ мекунанд. Истихроҷи мис дар Русия 5% аз истихроҷи ҷаҳонӣ бартарӣ дорад, аз кони Норилс ки 62%, региони Урал (Туринское) 34,5% мис истихроҷ намуда, 37 конро дар бар мегирад. Никели Норилск 61% истеҳсоли мис ва гудохтани миси тоза 54% дар Урал ва Таймир ба қайд гирифта шудааст. Содироти никели Норилск 85% содироти миси Русияро дар бар мегирад.
Захираи бойи маъданҳои миси минтақаи Урал коҳиш хўрда истодааст, дар навбат конҳои нави Урал ва Сибир (Удоканское) мебошанд. Кони Удокан дар вилояти Чита 22,7% захира дошта, миқдори миёнаи мис 1,56%-ро ташкил мекунад.
 
 
== Инҷоро ҳам бингаред ==
Баргирифта аз "https://tg.wikipedia.org/wiki/Мис"