Волфрам: Тафовут байни таҳрирҳо
Content deleted Content added
Сатри 12:
Волфрам металли нуқрагуни сафед, вазнин (зичиаш 19,3 г/см<sup>3</sup>), ёзанда, кашанда (дар ҳарорати 1600<sup>0</sup>С аз вай «риштаи борик» 0,002 мм ё аз 250 гр.100 км «ришта» (симмўй) тайёр кардан мумкин аст), ба туршаҳо тобовар аст, хосияти магнитӣ дошта, дар 5930<sup>0</sup>С меҷўшад. Чароғакҳои барқӣ ба мо хидмат мекунанд, буғи риштаҳои спирал то 2000<sup>0</sup>С сурху гарм шуда, ба оксиген ва ҳидроген таҷзия мешаванд. Оксиген бо заррачаҳои волфрам пайваст шуда, оксид ҳосил мешавад ва дар танадевори шишагӣ таҳшин мешавад, аз он ҷо ҳидроген оксигенро ба худ мегирад, волфрам барқарор мешавад. Ҳамин тавр, спирал оҳиста-оҳиста борик шуда, равшаниаш паст, танаи шишагӣ бо «дуд»-и волфрам пардапўш шуда, месўзад.
Волфрамро бо пўлод омехта намуда, барои тайёр кардани рўпўши аз тиру снарядҳо муҳофизи танкҳо, аслиҳаи ҷангӣ, милтиқ, автомат, пружина, бронеплит ва хўлаҳои сахт истифода мешавад. Баъдтар (с.1907) аз хўлаҳои волфрам бо хром, кобалт-стеллит, ки дар
Волфрами тоза ва пўлоди он дар электротехника ва тиб истифода мешавад.
Волфрам дар саноат ҳамчун металли моланда ва маводи ҳарбӣ васеъ истифода мешавад. Дар саноати кимиё волфрам ба сифати катализаторҳо, ашё барои истеҳсоли пигментҳои ғайриорганикӣ, маводи моландаи баландҳарорат истифодаи хешро дорад.
|