Галлий: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
Саҳифаи нав: Галлий – металли сафеди нуқрагун ба шакли сахт 5,9 г/см<sup>3</sup> – моеъ 6,1 г/см<sup>3</sup> зичӣ дошта, д...
(бе тафовут)

Нусха 05:15, 29 сентябри 2015

Галлий – металли сафеди нуқрагун ба шакли сахт 5,9 г/см3 – моеъ 6,1 г/см3 зичӣ дошта, дар 29,80С об шуда, дар ҳарорати 22050С меҷўшад ва парахшанда аст. Металли саноати ҳозиразамон ба шумор меравад. Арсениди галлий (GaAs), нитриди галлий (GaN) 98% истеҳсоли металлро дар бар мегирад; аз ҷумла: 63% галлий барои тайёр кардани нақшаҳои интегралӣ, компютерҳои ҳозиразамони баландэффект, васоити телекоммуникатсия; 20%-аш дар дастгоҳҳои электронӣ – оптикӣ ва диодҳои равшанидиҳанда, лазерӣ, расмнишондиҳанда, панҷараҳои офтобӣ, барои талаботи таҷҳизоти тиб ва саноат ва 15% дар корҳои таҳқиқотӣ ва хўлаҳои махсус истифода мешаванд. Галлий аксар мавридҳо бо алюминий вомехўрад, агар миқдори он дар гилхок (глинезём) 50 г/тоннро ташкил кунад, ҷинсҳои галлийдор кондитсионӣ – саноатӣ ба шумор мераванд. Ҳамин тавр, дар конҳо захираи ҷаҳонии галлий дар гилхок 1 млрд. кг ба захираи конҳои руҳ рост меояд.

Адабиёт

Сбор и обработка вторичного сырья цветных металлов : Учебник для вузов по специальности "Металлургия металлов" / Г. А. Колобов, В. Н. Бредихин, В. М. Чернобаев . – М. : Металлургия, 1993 . – 288 с.

Инҷоро ҳам бингаред

 
Викианбор маводҳои вобаста ба мавзӯи
Галлий дорад