Рений: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
Саҳифаи нав: Рений – номашро дар Олмон (с.1925) аз номи рўди Рейн гирифтааст. Металл хокистари сафедчатоб, ваз...
(бе тафовут)

Нусха 09:14, 29 сентябри 2015

Рений – номашро дар Олмон (с.1925) аз номи рўди Рейн гирифтааст. Металл хокистари сафедчатоб, вазнин (зичиаш 21,03 г/см3), душворгудоз буда, дар ҳарорати 31900С гудохта мешавад. Дар табиат ба шакли парахшонда (афшонда) вомехўрад. Хўлаҳои рений бо волфрам, молибден, тантал ба ҳарорати аз ҳад зиёд тобоваранд ва барои сохтани қисмҳои асосии тайёра (самолёт)-ҳои суръаташон аз суръати садо баландтар, ракетаҳо ва риштасимҳои сурхшаванда ва термобуғҳо истифода мешаванд. Агар сатҳи металлро бо рений моланд, онро аз зангзанӣ ва фарсудашавӣ ҳифз медорад. Катализаторҳое, ки аз суперхўлаҳои рений тайёр мекунанд, 20%-аш барои коркарди маҳсулоти нафтӣ ва 60% барои турбинҳои реактивӣ (двигателҳо) истифода мешаванд. Рений дар ҳарорати баланд (10000С) устувории суперхўлаҳои никелро баланд месозад; аз он барои сохтани тигелҳо, қубурҳои электронӣ барои мошинаҳо, асбобҳои гармидиҳанда, масс-спектрографҳо истифода мебаранд.

Адабиёт

Сбор и обработка вторичного сырья цветных металлов : Учебник для вузов по специальности "Металлургия металлов" / Г. А. Колобов, В. Н. Бредихин, В. М. Чернобаев . – М. : Металлургия, 1993 . – 288 с.

Инҷоро ҳам бингаред

 
Викианбор маводҳои вобаста ба мавзӯи
Рений дорад