Азимҷон Аминҷонов: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
Removing "Аминджанов_Азимджон.jpg", it has been deleted from Commons by Ellin Beltz because: Copyright violation; see Commons:Licensing - Using VisualFileChange..
No edit summary
Сатри 3:
|Номи аслӣ= Азимҷон Олимович Аминҷонов
|Акс=
|Зодрӯз= [[13.01.1951]]
|Вафот= [[21.09.2015]]
|Зодгоҳ=
|Даргузашт=
Line 10 ⟶ 11:
''' Азимҷон Аминҷонов''' - олим, доктори илми химия ([[1992]]), [[профессор]] ([[1992]]). Узви вобастаи [[Академияи илмҳои Тоҷикистон|Академияи илмҳои ҶТ]] ([[2008]])<ref>Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон.Ҳайати шахсӣ. – Душанбе: Дониш, 2011. - 216 с. </ref>
==Зиндагинома==
Аминҷонов Азимҷон Олимович 13-уми январи соли 1951 дар ноҳияи Орҷоникидзеобод (ҳоло ноҳияи Ваҳдат) таваллуд шудааст. Соли 1972 Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин (ҳоло ДМТ)-ро бо дипломи аъло хатм намуда, ба аспирантураи Институти технологии ба номи Ленсовети шаҳри Ленинград (ҳоло Санкт-Петербург) дохил шудааст. Ӯ соли 1975 дар шаҳри Ленинград рисолаи номзадиашро дар мавзӯи «Тавлиф ва таҳқиқи пайвастҳои комплексии рений (V) бо лигандҳои сулфурдори қатори азолӣ» аз рӯи ихтисоси «Химияи ғайриузвӣ» дифоъ кардааст. Аз соли 1976 дар ДДМТ ба ҳайси корманди калони илмӣ (то соли 1980), сардори бахши илмӣ-тадқиқотӣ (солҳои 1980-1987), ҷонишини аввали проректор оид ба корҳои илмӣ (солҳои 1987-1990), проректор оид ба корҳои илмӣ (солҳои 1990-1995), мудири кафедраи химияи ғайриузвӣ (солҳои 1992-2003) фаъолият намудааст. Аз соли 1999 то соли 2008 дар вазифаи проректор оид ба корҳои илмии ДДМТ кор кардааст. Моҳи апрели соли 1992 дар Институти химияи маҳлулҳои ғайриобии Академияи илмҳои Федератсияи Россия рисолаи докториро дар мавзӯи «Пайвастҳои комплексии рений (V) бо лигандҳои амидӣ ва тиоамидӣ» аз рӯи ихтисоси «Химияи ғайриузвӣ» дифоъ намудааст. Моҳи октябри соли 1992 ба ӯ унвони профессори кафедраи «Химияи ғайриузвӣ» дода шудааст. Аз соли 2008 то солҳои охир мудири шӯъбаи «Тавлифи химиявӣ ва маводи табиӣ» ИИТ ДМТ ва профессори кафедраи химияи ғайриузвии ДМТ шуда кор кардааст.
Азимҷон Аминҷонов [[Донишгоҳи миллии Тоҷикистон| Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин]]ро хатм кардааст (1972, ихтисос – «химияи ғайриорганикӣ».
 
Самтҳои асосии фаъолияти илмӣ: синтез, тадқиқ ва озмоиши таркибҳои координатсионии металлҳои интиқолӣ бо лигандаҳои органикӣ.
Профессор Аминҷонов А.О. дар илми муосири «Химияи ғайриузвӣ» яке аз олимони варзидаи соҳаи «Химияи пайвастҳои координатсионӣ» эътироф гардида, бо тадқиқотҳои илмӣ, татбиқи амалии натиҷаҳои илмиаш дар истеҳсолот ва усулҳои пешниҳоднамудааш доир ба тавлифу таҳқиқи таркиб ва сохти пайвастҳои комплексӣ дар байни олимони соҳаи химияи координатсионии ватанӣ ва хориҷӣ шинохта шудааст. Аз ҷониби ӯ усулҳои ҳосилкунӣ ва таҳқиқи таркиб ва сохти бештар аз 2300 пайвастҳои нави комплексии филизҳои интиқолӣ бо лигандҳои узвӣ омӯхта ва пешниҳод гардидааст. Аввалин маротиба барои химияи пайвастҳои координатсионии рений (V) ӯ қатори баҳамивазшавии лигандҳо ва лабилнокии атсидолигандҳои доираи дохилии комплексҳоро муқаррар намуда, механизми термолизи ин пайвастҳоро пешниҳод намудааст. Аз ҷониби профессор Аминҷонов А.О. 20 номгӯй электродҳои нави оксиду барқароркунандаи лигандӣ коркард шудааст, ки онҳоро метавон дар раванди таҳқиқи комплексҳосилкунии ионҳои филизоти гуногун дар маҳлулҳо васеъ истифода намуд.
Сардори шӯъбаи илмиву тадқиқотӣ (1980-1987), дотсенти кафедраи химияи ғайриорганикӣ ва ҳамзамон муовини ноиби ректор оид ба корҳои илмии [[Донишгоҳи миллии Тоҷикистон| Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин]] (1987-1990), ноиби ректор оид ба корҳои илмии ДДМТ (1990-1995; 1999-2008), мудири кафедраи химияи ғайриорганикии ДМТ (1992-2003), мудири шӯъбаи «Синтези химиявӣ ва маводи табиӣ»-и Институти илмию тадқиқотии назди [[Донишгоҳи миллии Тоҷикистон]] ва профессори кафедраи химияи ғайриорганикии [[Донишгоҳи миллии Тоҷикистон]] (2008 – то имрӯз).
 
==Мукофот==
Аз ҷониби профессор Аминҷонов А.О. аввалин маротиба доир ба таъсири пайвастҳои комплексии рений (V) ба устувории радиатсионӣ ва электризатсияшавии як қатор полимерҳо таҳқиқотҳои васеъ гузаронида шуда муқаррар карда шудааст, ки ҳангоми зиёдшавии адади молекулаҳои лигандҳои тиоамидӣ хосияти антирадии комплексҳо меафзояд.
* Ихтироъкори шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон (1994).
 
* Узви пайвастаи Академияи байналмилалии мактабҳои олӣ (1994).
Мавсуф дар коркарди асосҳои илмии технологияи ваккумӣ ва автоклав-ваккумии ҳосилшавии маводи композитсионии дорои хосиятҳои худхомӯшкунӣ, нисбати коррозия ва аз ҷиҳати механикию диэлектрикӣ устувор, ки ба талаботи соҳаҳои мошина ва ракетасозӣ, электроника, авиатсия ва сохтмон ҷавобгӯ мебошанд, саҳми калон гузоштааст. Аз ҷониби профессор Аминҷонов А.О. нишон дода шудааст, ки пайвастҳои координатсионии баъзе филизҳои интиқолӣ дар ғализатҳои ниҳоят паст баҳри мақсаднок тағйир додани структура ва хосиятҳои системаҳои олигомерӣ ва полимерҳои хаттии калонмолекулӣ истифода шуданашон мумкин аст. Дар ин маврид на танҳо раванди шаклгирии полимер мукаммал мегардад, балки сикли коркарди термикии онҳо низ ихтисор мегардад.
 
Коркардҳои илмии ӯ дар истеҳсолот барои таъмин намудани назорати раванди сахтшавии маводи композитсионӣ дар асоси ЛБС-4 дар ДНИИТМ (Днепропетровск), барои кӯтоҳ намудани вақти коркарди ҳарорати маводи композитсионӣ дар асоси ВСО-200 дар Ки АПО, КМЗ (Киев), барои дароз намудани муҳлати истифодаи қубурҳои филизӣ дар шаҳри Селиноград ва инчунин дар раванди илму таълим васеъ истифода бурда мешаванд.
 
Профессор Аминҷонов А.О. аз рӯи натиҷаҳои илмии ба даст овардааш борҳо дар конференсияҳои байналмилалӣ, умумииттифоқӣ, минтақавӣ ва ҷумҳуриявӣ бо маърӯзаҳои илмӣ баромад намудааст. Ӯ муаллифи зиёда аз 500 номгӯй асарҳои илмӣ, аз ҷумла 5 монографияю васоити таълимӣ ва қариб 40 ихтирооту патентҳо мебошад. Теъдоди зиёди асарҳои илмиаш дар маҷаллаҳои бонуфузи илмии мамолики гуногуни дунё чоп шудааст.
 
Устод Аминҷонов А.О. мактаби илмии «Химияи пайвастҳои координатсионӣ»-ро таъсис дода, роҳбарии онро ба уҳда дошт. Номбурда ташкилкунандаи лабораторияи илмии «Синтез ва озмоиши пайвастҳои координатсионӣ» мебошад, ки фаъолияти он на танҳо дар ҷумҳурӣ, балки берун аз он ҳам маълум аст. Дар лабораторияи мазкур феълан кормандон, устодон, докторантон, аспирантон, унвонҷӯён ва донишҷӯён пурмаҳсул фаъолият менамоянд.
 
Саҳми профессор Аминҷонов А.О. дар тайёр кардани кадрҳои илмӣ-педагогии баландихтисос низ калон аст. Таҳти роҳбарии ӯ 4 нафар рисолаи докторӣ ва 18 нафар рисолаи номзадӣ ҳимоя кардаанд. Хизматҳои бисёрсолаи пурсамари профессор Аминҷонов А.О.-ро дар соҳаи илм, татбиқи амалии натиҷаҳои корҳои илмиаш дар истеҳсолот ва тайёр кардани кадрҳои баландихтисоси илмӣ-педагогӣ ба ҳисоб гирифта, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ӯро соли 1994 бо унвони «Корманди шоистаи Тоҷикистон» сарфароз гардонидааст.
 
Ҳамчун олими варзидаи соҳаи химия, профессор Аминҷонов А.О. дар миқёси байналхалқӣ низ эътироф карда шудааст. Ӯ узви ҳақиқии Академияи илмҳои шаҳри Нию-Ёрк ва академики Академияи байналхалқии мактабҳои олӣ интихоб гардидааст. Барои дастовардҳои илмиаш соли 2005 бо нишони нуқрагии Маркази байналхалқии тарҷумаҳолӣ «LEADING Educators of the World» (Кембриҷ, Англия) сарфароз гардонида шудааст. Ӯ соли 1989 директори Намоишгоҳи байналмилалии «Маорифи халқи Тоҷикистони Шӯравӣ - ба хоҷагии халқ» таъйн шуда буд. Ин намоишгоҳ дар шаҳри Улан-Батор (Ҷумҳурии халқии Муғулистон) бомуваффақият ва дар сатҳи баланд ба маърази тамошои бинандагон расонида шуда буд.
 
Профессор Аминҷонов А.О. дар баробари корҳои илмӣ-омӯзгорӣ бомуваффақият ба фаъолияти илмӣ-ташкилӣ машғул буд. Саҳми ӯ дар мукаммалсозии сохтори қисми илмии ДМТ басо калон аст. Бо ташаббуси ӯ солҳои гуногун дар сохтори қисми илмии донишгоҳ чандин шуъбаҳо ташкил карда шуда буданд, ки онҳо то ҳол пурмаҳсул фаъолият доранд. Ӯ барои ба роҳ мондани нашри маҷаллаи илмии «Паёми ДМТ» ва дар назди донишгоҳ ташкил намудани Институти илмҳои табиатшиносӣ саҳми босазо гузоштааст. Бо ташаббуси ӯ тайи солҳои охир ҳаҷми корҳои илмӣ-тадқиқотии аз ҳисоби буҷаи давлатӣ иҷрошаванда хело зиёд шуда, иҷрои корҳои илмӣ-шартномавӣ аз нав ба роҳ монда шуд.
 
Профессор Аминҷонов А.О. дар корҳои ҷамъиятии донишгоҳ ва Академияи илмҳо фаъолона иштирок менамуд. Ӯ вазифаҳои ҷонишини раиси Шӯрои олимони ДМТ, аъзои Шӯрои диссертатсионии Институти химияи ба номи В.И.Никитини АИ ҶТ, раиси комиссияи ташхисии ДМТ, ҷонишини сармуҳаррири маҷаллаи илмии «Паёми ДМТ»-ро ба зимма дошт.
== Манобеъ ==
<references/>
http://anrt.tj/index.php/tj/khabar-o/632-jodat-ba-khajr
 
{{bio-stub}}