Ҳисори Шодмон: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
Ҳисори Шодмон
(бе тафовут)

Нусха 15:26, 2 октябри 2015

Ҳисори Шодмон (Ҳисор) - ба ҷойи вожаи “Шумон” баъди истилои араб ба лафзи арабӣ тарҷума шуда, шакли «Ҳисор»-ро мегирад, аммо калимаи Шумон барҳам нахӯрда, бо тағйири андаки овозҳо ба шакли Ҳисори Шодмон ва баъдтар (аз асри XI дар адабиёти бадеӣ ва аз асри ХУ дар таърихнигорӣ) танҳо шакли Ҳисор мавзеи ҷуғрофии водӣ, мамлакати алоҳида ё вассали ҳокимиятҳои марказии минтақа ва сипас қисмати Бухорои Шарқӣ ва ниҳоят номи ноҳияро ифода кардааст.

Ҳисори Шодмон - ба маънои мулки шодию хурсандӣ (аҷаб таҷдиди овозӣ, ки Шумони маънои қалъа, баландӣ, дунгӣ дошта маънои нав касб кардааст!) ва Ҳисори зарнисор ба маънои макони файзовар, серу пур хеле маълуму маъмулу машҳур ва мавзеъ яке аз ноҳияҳои калону пурбаракати тобеи маркази Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол аст. [1]

Пайнавиштҳо

  1. Донишномаи Ҳисор. - Душанбе: "Ирфон", 2015, - с. 8 - 9