Давлати Шервоншоҳон: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
#‎100vikigün‬ ‪#‎100wikidays‬ multilingual üçün
(бе тафовут)

Нусха 15:52, 3 октябри 2015

Давлати Шервоншоҳон (озарбойҷонӣ: Şirvanşahlar dövləti) — Бо суст гаштани таъсири хилофати Араб дар Қафқози Ҷанубӣ дар асрҳои IX—X пешравии сиёсии наве оғоз ёфт: дар минтақаи Озарбойҷони ҳозира давлатҳои Шервоншоҳон ташкил ёфтанд, ва дертар давлати Шаддодиён (Аморати Ганҷа) барпо шуд, ки он қисман ба аморатҳои сулолаҳои исломии эронии Солориён ва Раводиён дохил мешуд. Дар асри VIII қисми асосии аҳолии шоҳигарии Албани Қафқоз аз тарафи Хилофат ба ислом гардонида шуд. Ворид шудани туркон ба шарқи Қафқози ҷанубӣ ба туркишавии қисми калони аҳолии таҳҷоя оварда расонд, ва дар асрҳои XI—XIII шаклгирии миллатҳои туркзабони Озарбойҷонро оғоз бахшид. Дар равиши этногенези озарбойҷониҳо миллатҳои эронӣ, ва инчунин, албанҳои қафқозӣ ва дигар миллатҳои қафқозизабон иштирок кардаанд. Шаклгирии миллати озарбойҷонӣ асосан дар охири асри XV ба охир расида аст [1].

Пайнавиштҳо

  1. История Востока. В 6 т. Т. 2. Восток в средние века. М., «Восточная литература», 2002.