Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
х илова
х Маводи бе манбаъ (огоҳи шаблон "манбаъ")
Сатри 25:
Ин ҳизб дар ду интихоботи порлумонӣ дар солҳои 2000, 2005 ва 2010 муваффақ шуд дунафарӣ аз намояндагони худро вориди порлумон кунад.
== Протоколи 32-20 ==
{{манбаъ}}
24 ноябри соли 2012 таҳти роҳбарии [[Эмомалӣ Pаҳмон]] ҷаласа бо иштироки роҳбарони ургонҳои қудратӣ ва дахлдор гузашт, ки нусхаҳои протоколи махфии ин ҷаласа дар сомонаи русии "Звезда.ру" нашр шуданд. Дар матни ин нусхаҳо, ки асил буданашон тасдиқ нашудааст, омадааст:"...Вазорати корҳои дохила- Қаҳҳоров А.А, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ - Ятимов С.С, Кумитаи оид ба корҳои дин - Холиқов А.Г якҷо бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва ҷалби имкониятҳои соҳибкорону фаъолони маҳалҳо харитаҳои сиёсии минтақаву маҳалҳои мамлакатро таҳия карда, фаъолияти Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон, хусусан роҳбарону масъулони сохторҳои ибтидоии онротаҳти назорати қатъӣ ва доимӣ қарор дода, доир ба муайян кардани рӯйхати пурраи аъзои ҳизб ва маҳаллу суроғаи зисти онҳо, ошкор намудани тарзу усули кори таблиғотти ҳизб, инчунин ба пешбурди кори ҷиддӣ, аз ҷумла бо роҳи ҳавасмандгардонӣ аз сафҳои ҳизб кашидани онҳо чораҷӯӣ намояд." "…доир ба гузаронидани санҷиши низоми шиносномаи шахрвандони мамлакат,хусусан пойтахти он, муайян кардани он, ки онхо аз кучо ва чи вакт омадаанд, инчунин мансубияти хизбии онхо, бо дарназардошти масъалаи торафт аз хисоби занон афзудани шумораи аъзои ХНИТ фаъолияти муназзам ва мунтазамро ба рох монанд»,“...Ҷиҳати дар ВАО (расонаҳо) таҳия ва нашр намудани маводди фошкунандаи фаъолияти ғайриқонунии ҲНИТ чораҷӯӣ намоянд.”
Дар вокунишҳои нахустин масъулини баландпояи ҳукумат ин ҳуҷҷати ба нашррасидаро тақаллубӣ номиданд. Ду намояндаи мардумии ҲНИТ дар Парлумони кишвар ба унвони Додситони куллӣ ҷумҳурӣ Шерхон Салимзода дархост фиристода аз ӯ хоҳиш карданд, ки дар масъалаи «Протоколи 32-20» расман ибрози нуқтаи назар кунад.Додситони кулли ҷумҳурӣ дар посухи худ ба ин дархост эълон дошт, ки дар ҳақиқат, дар санаи мазкур дар ҳукумат чунин як ҷаласае таҳти раҳбарии Президент баргузор гардидааст. Вале санаде, ки дар ин ҷаласа қабул шудааст, аз он «Протоколи 32-20» ба куллӣ фарқ мекунад. Шерхон Салимзода «Протоколи 32-20»-ро, ки дар матбуот ба нашр расид, тақаллубӣ ва бепоя хонд.
 
==Теъдоди аъзои ҲНИТ==
Бино ба гузориши Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, дар анҷумани ин ҳизб дар авохири моҳи декабри 2014 теъдоди аъзои ин ҳизб болиғ ба 40 ҳазор нафар аст.Аммо бояд гуфт,ки теъдоди ҳаводорон ва мухлисон он аз марзи миллион гузаштаанд.
 
== Нашриёт ==
Ҳафтаномаи “Наҷот” ва маҷаллаи “Сафинаи умед” аз ҷумлаи нашрияҳои Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон маҳсуб мешаванд.