Борбад: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
Борбад
 
х таҳрир
Сатри 1:
'''Борбад''' (тақр. 585 – 589, Нисо (Нусай), [[Марв (шаҳр)|Марв]] – 628 – 638, Тайсафун, [[Марв]]), сароянда, навозанда, мусиқидони форс-тоҷик, асосгузори маҷмӯи силсилавии мусиқии устодонаи форсӣ-тоҷикӣ ва Шарқ. Бо номҳои Борбади Марвазӣ, Борбади Ромишгар, Паҳлапат, Фаҳлбад, Фаҳлбоз (Pahlapat, Fahlbad, Fahlbaz) ҳам ёд мешавад.
 
Маънои калимаи «Борбад» дар забони паҳлавӣ (форсӣ-тоҷикии миёна) «ба мартабаи бузург ё ба бори бузург расидан» аст. Сарвари ромишгарони дарбори шоҳаншоҳи сосонӣ Хусрави Парвиз (ҳукмр. 592 – 628). Асосҳои амалию назарии шеъру мусиқиро аз падараш, ки мусиқидону фарҳангии шинохтаи замонаш буд, омӯхтааст.
==Зиндагинома==
Фаъолияти омӯзишӣ ва ҳунарандӯзиаш асосан дар [[Марв (шаҳр)|Марв]] (Марвиҷаҳон), ки аз бузургтарин марказҳои фарҳангии замони [[Сосониён]] буд, ҷараён гирифтааст. Мувофиқи ахбори манобеи хаттии арабизабон, форсии тоҷикӣ, арманӣ (Ал-Ҷоҳиз, 775 – 818; Ибни Хурдбеҳ, ваф. 912; Масъудӣ, ваф. 957; Ибни Муқаффаъ, 721 – 757; Абдулфараҷи Исфаҳонӣ, 897 – 967 ва дигарон) хонаводаи Б.Борбад тақр. с.-ҳои 588 – 90 ба ин шаҳр кӯчидааст. Б.Борбад аз овони ҷавонӣ аз донандагони шеъру мусиқӣ овозхонӣ, сознавозӣ ва асосҳои назарии мусиқиро омӯхта, дар асоси «Готҳо», «Яшт», «Ясно» таронаҳои гуногунмавзӯи мавсимию маросимӣ эҷод менамояд. Дар шаклу анвои шеърию мусиқӣ «транак» (tranak – тарона), «чикамак» (chikamak – чакома), «срут» (srut – суруд), «патвожа» (patwajak) ва ғ. асарҳо меофарад ва чун сароянда, навозанда ва шоири боистеъдод ба камол мерасад. Асари силсилавии мусиқии Б. «Хусравонӣ» («Срот-и Хусравоник» – Xusrawanik, «Хусравонӣ bor» – «Суруди Хусравонӣ»), ки дар манобеи адабию таърихӣ ва мусиқӣ бо номҳои «Дастони Хусравонӣ», «Роҳи Хусравонӣ» ва дар арабӣ бо унвони «Тариқат-ал-мулукия» машҳур аст, бинобар тавзеҳу тавсифи мусиқидонон аз аввалин маҷмӯи мӯҳташами устодонаи созию овозӣ дар таърихи тамаддуни мусиқии мардуми эронӣ ва умуман Шарқ мебошад. Ин асар маҷмӯи ситоишии ҳамосию таърихӣ буда, ба шоҳаншоҳи сосонӣ Хусрави Парвиз (590 – 628) бахшида шудааст. Борбад инчунин силсилаи дигари мусиқиро бо номи «Сраишник» – Srayishnik сохтааст, ки дар сурудҳои он табиат, сиришту тақдири инсон, корнамоии паҳлавонон ва ғ. ситоиш гардидаанд. Дар манобеи хаттӣ («Китоб-ут-тоҷ»-и Ал-Ҷоҳиз) ин силсила бо номи «Сарвад Ҳунавак» – Sarwad hunawak (сурудҳои хушоҳанг, замзамаи сохту таркибан ситоишӣ) бештар ёд шуда, дар ташаккули маҷмӯи мусиқии тавсифии минбаъда нақши муассир доштааст. Б.Борбад дар дарбори шоҳаншоҳони сосонӣ ба мартабаи «сарвар», «шоҳи ромишгарон» мерасад.
==Эҷодиёт==
Фаъолияти эҷодии Борбад дар дарбор дар ҳамкорӣ бо мусиқидонон, ҳунарвароне чун Накисо, Саркаб, Бомшод, Ромтин, Озодвори Ҷангӣ, Гесӯи Навогар рангину пурбор гузашта, маҷмӯи зиёди суруду оҳангҳои маросимию мавсимӣ эҷод менамояд. Дар адабиёти илмии мусиқии форсии тоҷикӣ ва арабизабон (Форобӣ, Котибии Хоразмӣ, Ибни Зайла, Насируддини Тусӣ ва дигарон) намунаи барҷастаи таснифоти устодонаи мусиқиро дар мисоли маҷмӯаи силсилаи Б.Борбад «Тариқат-ул-қадимия», «Тариқат-ал-фаҳлизия», «Форсиёт», «Форсивонсуруд» натиҷагирӣ кардаанд.
Оид ба зиндагӣ ва эҷодиёти Борбад дар манобеи хаттии тоисломӣ, давраи исломии асрҳои миёна тавсифоти зиёд зикр ёфта, аз шӯҳрат ва маҳорати эҷодию иҷроиаш бисёр сухан меравад. Ӯро муаллифи 30 лаҳн, 365 оҳангу тарона, 7 дастони «Хусравонӣ», бунёдгузори сабки «Марвисраишних» (марвихонӣ), муассису танзимгари «тақвими мусиқӣ» дар тамаддуни мусиқии мардуми Шарқи Миёнаю Наздик, тадвингари аввалин мактаб, равияи устодонаи иҷроӣ ва ғ. донистаанд. Ихтирооти мусиқии Б. воқеан дар шаклгирии бисёр жанру анвои на фақат мусиқии мардуми эронӣ, балки дигар халқҳои Шарқ заминаи асосӣ гузошт. Хусусан 30 лаҳни Б. аз ихтирооти нодири созию овозӣ маҳсуб ёфта, минбаъд асоси шӯъба, гӯша, шохаҳои созию овозии мақомҳо (12 мақом, 12 парда, ҳафтдастгоҳ, шашмақом) гардидаанд. Дар сарчашмаҳои хаттии таърихию адабӣ (фарҳангҳои форсии тоҷикӣ, достони “Хусрав ва Ширин”-и Низомии Ганҷавӣ ва ғ.) ному адади сӣ лаҳни Б. ба таври гуногун омада ва номҳои асосии он тибқи манобеи хаттии мусиқӣ ва манзумаи маликушшуаро Баҳор чунин аст: “Ороиши Хуршед”, “Оини Ҷамшед”, “Аврангӣ”, “Боғи Ширин”. “Тахти Тоқдис”, “Ҳуққаи Ковус”, “Роҳу рӯҳ”, “Фаррухрӯз”, “Ромиши ҷон”, “Сабз дар сабз”, “Сарвистон”, “Сарви сиҳӣ”, “Шодурвони Марворид”, “Шабдиз”, “Қуфли румӣ”, “Ганҷи бодовард”, “Ганҷи сӯхта”, “Кини Эраҷ”, “Кини Сиёвуш”, “Моҳ бар кӯҳон”, “Мушкдона”, “Марвои нек”, “Мушкмолӣ”, “Меҳргонӣ”, “Ноқус”, “Навбаҳорӣ”, “Нӯшинлабон”, “Нимрӯз”, “Нахчиргон”, “Ганҷи гов”. Сӣ лаҳн ва дигар таснифоти Б. воқеоти таърихӣ, фарҳангӣ, ҷашну маросимҳо, корномаю ҷаҳонкушоиҳо, саргузашти родмардони таърихи бостони мардуми эрониро баён намудаанд. Борбад ба сифати устоди фарҳангистони ( ramishsray) ҳунари Сосониён дар табақабандии даста, гурӯҳҳои ҳунарӣ, коргузории гурӯҳҳо (мусиқии дарборӣ, мусиқии ҳарбӣ, мусиқии маросимӣ, мусиқии размӣ, мусиқии базмӣ ва ғ.) хидмати шоиста намуда, барои ҳар гурӯҳи ҳунарӣ таснифоти мусиқӣ сохтааст. Ҳар дастаи тартибдодаи Б.Борбад худ роҳбаре дошт, ки онро «хуррамбош» (xwarambach) ва ё «хуниёкиҳ» (huniyakih), «хуниёакар» (huniyakar – роҳбари мусиқӣ) мегуфтанд. « Сарпарастии ҳамаи дастаҳои созию овозиро Б.Борбад ба ӯҳда дошт ва ин рутбаро “гасангуфт” (qasanqoft), гасанрийшниҳ» (qasansrayishnih, яъне сарвару раҳнамои сурудгӯён, навозандагон) меномиданд. Борбад дар вусъати ҳунарии дастаҳои касбии иҷроии беруназдарбории замони Сосониён бо номи «гасаник» – qasanik (сурудгӯён), «гасангуфт» (qasanqoft), «гавасан» (qavasan), гавасансроишан (qavasansrayishan – мутрибон, устодони сароянда, мусанниф), «равиустадан» (raviystadan – гӯяндагони достонҳои таърихию ҳамосӣ), «нивакустадан» (nivaqystfdan – сознавозон, оҳангсозон, сароянда – навозанда) ва дигар табақаю гурӯҳҳои мусиқӣ низ саҳми хоси эҷодию иҷроӣ доштааст. Низоми мусиқии мураттабнамудаи Б. дар рушди пояҳои касбияти мусиқӣ, мавқеи иҷтимоӣ ва масъуляти аҳли мусиқӣ дар ҷомеа нақши муҳим бозидааст. Б. инчунин дар табақабандии овозҳои иҷроӣ, яъне занона (зананик– zananik) ва мардона (марикавач – mardikawach) асарҳои созию овозӣ тасниф кардааст. Мас., барои занони овозхон бо номи «Таҳнис» (Tahnis) асарҳо офаридааст. Образ, шахсият ва мероси мусиқии Б. дар осори хаттии форсию арабизабон зиёд ба қалам омада (достонҳои Фирдавсӣ, Низомӣ, Амир Хусрав, ғазалу қасоиди классикони форс-тоҷик ва араб), рисолаҳои назариявӣ, таълифоти қомусӣ (Форобӣ, Котибии Хоразмӣ, Ибни Зайла, Насируддини Тӯсӣ, Қайси Розӣ ва дигарон) ба нақши ӯ дар поягузории мусиқии классикии мардуми Шарқ баҳои баланд додаанд. Ҳамчунин дар донишномаҳою тадқиқоти назариявии замони шӯравӣ, пажӯҳишгарони Европа доир ба саҳми Борбад дар бунёди маҷмӯи силсилавии мусиқӣ, хоса санъати мақомхонӣ натиҷагириҳои ҷолиб рӯи кор омадаанд, ки ин хулосаҳо бар пояи ахбори мӯътамади хаттии замони Сосониён ва баъдӣ тавзеҳ шудаанд. Баробари дар санъати мусиқии устодона (мақомҳо) таъсир доштани осори Б.Борбад, инчунин яке аз сабк, шакли иҷроию эҷодии хеле қадимии мусиқӣ, ки дар анъаноти эҷодиёти бадеии тоҷикон нақши муассир дорад ва он бо номи «марвӣ» (мавригӣ), «Марвича», «Марвихонӣ» маъруф аст, бо шахсияти ин устоди мусиқӣ иртибот дорад. Ин сабки эҷодию иҷроӣ то имрӯз дар анъаноти мусиқии тоҷикон барҷост.
==Некдошти Борбад==
Шахсият ва осори Борбад чун хориқаи бузурги ҳунарӣ мавриди баррасии аҳли таҳқиқ, ҳунару адаби ҳар давру замон будааст. [[Соли 1985]] дар ш. [[Душанбе]] 1400-солагии зодрӯзи Борбад ҷашн гирифта шуд. Ба хотири абадигардонии шахсияти Борбад дар ҷумҳурӣ коху хиёбонҳо ба номи Борбад номгузорӣ ва доир ба дастовардҳои мусиқӣ Ҷоизаи ба номи Борбад таъсис дода шудааст.
==Адабиёт==
* Визго Т., Музыкальные инструменти Средней Азии,. М., 1980;
* Винаградов В., Классические традиции иранской музыки,. М., 1982;
* Абдулло Ориёпур,. Борбади ромишгар, Д. Душанбе, 1989;
* Борбад,. эпоха и традиции культуры, Д. Душанбе, 1989;
* Борбаднома, Д. Душанбе, 1989;
* Раҷабов А., Сарнавишти хунёгар, Д. Душанбе, 1989;
* Раҷабов А.., Борбад ва замони ӯ,. Д.Душанбе, 2004;
* Раҷабов А., Традиции классической музыкальной културы эпохи Сасанидов, Д.Душанбе, 2005;
* Борбад: эпоха, традиции и наваторство, Д. Душанбе, 2010;
* ДонишномаиҷаҳониДонишномаи ҷаҳони ислом, ҳарфи бБ , ҷузваи дуввум, Т. Теҳрон,1371.
*
==Манбаъ==
Баргирифта аз "https://tg.wikipedia.org/wiki/Борбад"