Осорхонаи миллии бостоншиносии Тоҷикистон: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
AryanBot (баҳс | ҳисса)
х бот кор карда истодааст., replaced: хои → ҳои
Сатри 8:
Дар бойгонии осорхона зиёда аз 100 ҳазор бозёфтҳои бостоншиносӣ мавҷуд аст, ки аз аҳди давраи санг то охири асрҳои миёнаро дар бар мегирад.
 
Дар толорҳои осорхона изи одамони ибтидоӣ, ки аз нишемангохҳои [[Кулдара]] (800 ҳазор сол пеш аз мелод), [[Қаратоғ]], Лоҳутӣ (600 ҳазор сол пеш аз мелод), [[Оби мазор]] (500-400 ҳазор сол пеш аз мелод) ба даст омадаанд ва инчунин ёдгориҳои маданияти неолитии [[Маданияти Ҳисор]], ки аз тамоми манотиқи чумҳурӣ кашф шудаанд, гузошта шудааст.
 
Ба нахустин марказҳои тамаддун бошад ёдгории аҳди энеолит ва биринҷии [[Саразм]], ки дар болооби [[Зарафшон]] ҳаффорӣ шудааст, алоқаманд мебошад. Инчунин дар толорҳои осорхона теъдоди зиёди бозёфтҳои аҳди биринҷӣ (маданиятҳои бостоншиносии [[Қайроқум]], [[Вахш]], [[Бишкент]]) гузошта шудаанд, ки ба тамаддуни мардуми кишоварз ва саҳронишин мансубанд. Тақдири таърихии одамони аҳди бостон, ки дар [[Тоҷикистон]]и имрӯзӣ зиндагӣ кардаанд мушкил ва фоҷианок будааст. Дар асрҳои VI-IV пеш аз мелод [[Осиёи Миёна]] дар ҳайати шоҳаншоҳии [[Ҳахоманишиён]] буд. Солҳои 30-юми асри IV пеш аз мелод ин шоҳаншоҳӣ аз тарафи [[Искандари Мақдунӣ]], ки бо як ғолибият Осиёи Хурд, [[Миср]], давлатҳои Шарқи Наздикро тасарруф кард, шикаста шуд. Танҳо 100 сол баъд, дар нимаи дуюми асрни III пеш аз мелод, замони мавҷудияти шоҳигарии [[Давлати Юнону Бохтар|Юнону Бохтар]] мардуми [[Осиёи Миёна]] ба тамаддуни гуногунҷабҳа ва боҳашамати элинӣ шинос шудаанд.
Сатри 15:
 
Осори замони тохарӣ-юеҷӣ дар ҳудуди [[Тоҷикистон]] асосан аз қургонҳо ва қабристонҳои асрҳои I пеш аз мелодӣ - III мелод ба даст омадаанд. Муҳаққиқони ёдгориҳои ибтидои асри миёнаро кашфиётҳои беҳамто интизор буданд: боқимондаҳои меъморӣ, чубкорӣ, муҷассамаҳо, гаҷкорӣ, деворнигораҳо ва ғайра, ки дар [[Суғд]], [[Истаравшан]], [[Тахористон]]и Шимолӣ, аз қасрҳо, маъбадҳо, хонаҳои сарватмандон, тоҷирон, дайрҳои будоӣ ва ғайра ёфта шудаанд. Ҳар бозёфти нави санъати тасвирӣ моро ба фаҳмиш ва дарки маънавиёт ва адабиёти ниёгони тоҷикон наздик месозад. Дар пешрафти маданияти ноҳияҳои мухталифи [[Осиёи Миёна]]и ибтидоӣ асри миёна ягонагии умумии тараққиёт дида мешавад.
 
==Шоҳкориҳои тамаддуни ҷаҳонӣ==
Муҷассама ва деворнигораҳои [[Шаҳраки Панҷакенти қадим]], [[Шаҳри Шаҳристони қадим – Қаҳқаҳа|Бунҷикат]] шоҳкориҳои тамаддуни ҷаҳонӣ мебошанд. Дар осорхона бозёфтҳои [[Буддо дар ҳолати нирвана|дайри будоии]] "[[Буддо дар ҳолати нирвана]]" дар [[Аҷинатеппа]] мақоми махсусро доранд, ки аз ҳама машҳураш муҷассамаи 12 метраи «Буддо дар нирвана» мебошад, ки ба асрҳои VII-VIII мелодӣ мансуб аст.