Нӯҳи II: Тафовут байни таҳрирҳо

1 байт хориҷ карда шуд ,  7 сол пеш
х
хулосаи таҳрир нест
х (илова)
хNo edit summary
'''Нӯҳи II ибни Мансур''' (976-997) - амири [[Давлати Сомониён]]
 
Пас аз марги [[Мансури I ибни Нӯҳ]] (961-976) писари хурдсоли ӯ Нӯҳи II ибни Мансур (976-997) амири [[Сомониён]] гардид. Аз хурдсолии ӯ истифода карда, вазирону дарбориён ва модараш ба корҳои давлатдорӣ дахолат мекарданд. Мушкили дигари хонадони сомонӣ ин шахсияти Абулҳасани Симҷурӣ сипаҳсолори [[Хуросон]] ва саркашиҳои ӯву қудрати рӯзафзунаш дар дарбори Бухоро буд. Ӯ аҳолии Хуросонро тороҷ карда, дар якҷоягӣ бо саркардаи дигари турки дарбори сомонӣCомонӣ Фоиқ соли 982 вазир [[АбулҳасаниАбулҳусайн УтбиУтбӣ]]ро ба қатл мерасонад. Марги ин вазир сабаби нооромӣ ва ошуфта гаштани муҳити дарбор гардид.
 
Дар солҳои 90-уми асри X ба арсаи қудрати давлати сомонӣ ду турки дигар афзуд мешавад. Инҳо Бектузун ва Инонҷ буданд, ки амир Нӯҳи II онҳоро барои бартараф кардани Фоиқ фиристод. Пас аз шикаст хӯрдани Фоиқ аз Бектузун ва Инонҷ (соли 990) ӯ барои қасд гирифтан аз амири сомонӣ ва дарбори Бухоро ба хони [[Давлати Қарохониён]] муроҷиат намуд. Қарохониён то ин дам бар шаҳри Исфиҷоб соҳиб гашта буданд.