Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
No edit summary
No edit summary
Сатри 11:
=== Ҳолнома ===
Беҳбудӣ Маҳмудхоҷа соли [[1875]], д. Бахшитеппаи н. Тайлоқи вилояти [[Самарқанд]] ба дунё омадааст. [[Мадраса]]ро хатм кардааст, касбаш аввал муфтӣ буд. Ба [[Миср]], [[Туркия]] (1900-1914) ва [[Қазон]]у [[Уфа]] (1903-1904) сафар кардааст. Барои [[Мактабҳои усули ҷадид]] китобҳои дарсӣ ва дастурҳои «Мунтахаби ҷуғрофияи умумӣ», «Китоб-ул-атфол», «Мухтасари таърихи ислом», «Амалиёти ислом», «Мадхали ҷуғрофияи имронӣ», «Мухтасари ҷуғрофияи Русия» ва намоишномаи “Падаркуш”-ро таълиф намудааст, ки он соли [[1913]] нашр шуд ва моҳи январи с.[[1914]] онро ҳаваскорони театри ш. [[Самарқанд]] ба саҳна гузоштанд. Мураттиб ва ношири асари «Туркистон, Бухоро ва Хива харитаси» («Харитаи Туркистон, Бухоро ва Хива»), муҳаррир ва ношири рӯзномаи «Самарқанд» (1913-1914) ва маҷаллаи “Оина”“Ойна” (1914-1915). Барои нашри китоб ва дастурҳои дарсӣ дар ш. [[Самарқанд]] “Нашриёти Беҳбудӣ”-ро таъсис додааст. Ҳамчунин дар ш. [[Самарқанд]] барои аҳолии маҳаллӣ нахустин [[китобхона]] ва қироатхона кушодааст. Ба қавли [[Саидризо Ализода]], “ин мутафаккири ягона ва файласуфи фарзонаро душманони маданият ва ваҳшиёни шаҳид намуда, риши муборакашро ба хуни покаш рангин сохтанд”. Гимназияи № 1 ш. [[Хуҷанд]] ба номаш гузошта шудааст. То соли [[1936]] ш. Қаршии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба номи ӯ буд.<ref>[http://www.hrono.ru/biograf/bio_b/behbudi.php Бехбуди Махмуд Ходжа<!-- Заголовок добавлен ботом -->]</ref>
 
== Манобеъ ==