Афғонистон: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
No edit summary
Сатри 125:
Январи 1965 аз тарафи намояндагони зиёии Афғонистон Ҳизби халқӣ-демократии Афғонистон (ҲХДА) таъсис ёфт ва дар муддати кӯтоҳ ба ду ҷаноҳ – «Халқ» ва «Парчам» тақсим шуд. 17 июли 1973 бар асари табаддулоти мусаллаҳона монархия барҳам дода ва республика эълом дошта шуд; Зоҳиршоҳ аз кишвар берун шуд. Муҳаммад Довуд, ки ҳамзамон вазири дифоъ низ буд, сарвари давлат ва ҳукумат эълон гардид. Вале М. Довуд барои ба эътидол овардани масоили мушкилписанди иқтисодию иҷтимоии кишвар қудрат надошт. Пас аз он ки М. Довуд саркардагони ҲХДА-ро маҳбус кард, афсарони низомии узви ҲХДА 27 апрели 1978 табаддулоти низомӣ карданд, ки дар натиҷа Довуд, хешу ақрабо ва бисёре аз ҳаммаслаконаш ба ҳалокат расиданд. Ба сари давлат Шӯрои инқилобӣ омад ва 30 апр. 1978 Афғонистонро Ҷумҳурии Демократии Афғонистон ва сарвари ҳизб Нурмуҳаммад Таракиро Раиси шӯрои инқилобӣ эълом дошт. Ислоҳоти густардадомони сотсиалистимаобе, ки иҷборан ҲХДА ба тақлиди таҷрибаи Иттиҳоди Шӯравӣ мехост дар Афғонистон роҳандозӣ кунад, ба мушкилоти сахте мувоҷеҳ шуд. Чунин иқдомот махсусан аз тарафи рӯҳониён хуш пазируфта нашуд. Тад­риҷан дар байни омма норозигиҳо ба вуҷуд омаданд ва ҳукумат ҷавобан нияти ҳал кардани онро бо амали дурушт пеш гирифт. Ин буд, ки шӯришҳои зиддидавлатӣ сар зада, ба ҷанги шаҳрвандӣ табдил ёфтанд. Ҳукумат қудрат ва чораи ҳалли мушкилоти Афғонистонро наёфта, оқибат ба роҳбарияти Иттиҳоди Шӯравӣ барои мадади низомӣ муроҷиат кард. Таракӣ сентябри 1979 аз тарафи ҳаммаслаки наздикаш – Ҳафизуллоҳ Амин ба қатл расид. Амин ҷазодиҳии мухолифонро боз ҳам шадидтар кард. Аз сиёсати дохилӣ ва хориҷии Амин роҳбарияти Иттиҳоди Шӯравӣ норозӣ буд. Ба хоки Афғонистон лашкари шӯравӣ (ба ном қувваҳои маҳдуди низомӣ) ворид гардид ва 27 декабри 1979 Амин ба қатл расида, ҳукуматаш аз байн рафт. Ба сари қудрат Бабрак Кормал омад ва тадриҷан ҷанги шаҳрвандӣ ба ҷанги зидди Артиши Шӯравӣ табдил ёфта, онро мухолифини давлати шӯравӣ дар миқёси байналмилалӣ ҳамчун андешаи умумибашарӣ савқ доданд. Вуруди Иттиҳоди Шӯравиро ба Афғонистон ҳатто СММ маҳкум намуд. Гурӯҳҳои зид­дишӯравӣ, ки худро «муҷоҳидин» қаламдод карда буданд, аз Арабистони Саудӣ ва дигарон мамолики араб, Покистон, ИМА, Хитой ва Эрон ҳар навъ мадад мегирифтанд. Ҳатто баъзе ҷузъу томҳои артиш ба тарафи онҳо мегузаштанд; бисёр афсарҳои артиш бо онҳо иртиботи махфӣ доштанд. Артиши Шӯравӣ ин нооромиҳои дохилӣ ва мудохилаҳои хориҷиёнро ба эътидол оварда натавонист. Ҳарчанд Бабрак Кормалро доктор Муҳаммад Наҷибуллоҳ (майи 1986) иваз карда бошад ҳам, вале мушкилоти ҳалношуда боқӣ монданд ва роҳбарияти нави Иттиҳоди Шӯравӣ мувофиқи созишномаи Женева тасмим гирифт, ки Артиши Шӯравиро аз Афғонистон хориҷ созад (оғоз 15 майи 1986, анҷом 15 феврали 1989). Ҳамзамон пас аз пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ (1991) тамоми анвои кумакҳо барои Афғонистон қатъ карда шуданд. Соли 1992 ҲХДА ҳам аз байн рафт. Аз ин ба баъд ҳазорон аъзои ҲХДА мамлакат­ро тарк намуданд ва апрели 1992 Ҳукумати интиқолии муҷоҳиддини мамлакат унвони Давлати Исломии Афғонистонро гирифт. Вале Ҳукумати интиқолии муҷоҳиддин, ки дар Пешовар ташкил шуда буд, ҳокимиятро ба даст гирифт, ҷанги шаҳрвандӣ ҳамоно давом мекард; тадриҷан миёнаи солҳои 90-ум, ҳамчун мухолифи ашаддии ҳукумати мавҷуда, ташкилоти бунёдгароии мусулмонӣ – «Толибон» арзи вуҷуд кард. То соли 1996 Толибон, ки дар ихтиёри худ сарбози бисёр ва аслиҳаи фаровон доштанд, қисмати бештари Афғонистонро (ба шу­мули Кобул) тасарруф намуданд. Бо ишғоли Кобул Толибон Наҷибуллоҳро, ки дар бинои СММ паноҳ ёфта буд, ба қатл расонданд. Аз ин ҳудуд танҳо баъзе вилҳои шим. Афғонистон истисно гардида, дар он ҷо қувваҳои давлати собиқа ҷамъ омада буданд (Иттиҳоди Шимол). Дар мамлакат тартиботи сахту иртиҷоии мутаассибона ҷорӣ гардид: тамоми ашёву маънавиёти марбут ба зиндагии навин ва дунявӣ аз байн бурда мешуданд; ҳатто ёдгори нодиртарини олам–маҷмааи будоии Бомиён ваҳшиёна тарконда шуд. 9 сентябри 2001 фармондеҳи аршади низомӣ, вазири дифои Афғонистон Аҳмадшоҳи Масъуд, ки ба рамзи қаҳрамонӣ ва шуҷоату ватандӯстӣ табдил гардида, ба муттаҳид намудани нерӯҳои муқовимат камар баста буд, аз тарафи ду террористи араб, ки дар либоси хабарнигор ба Афғонистон омада буданд, ба шаҳодат расид. 11 сентябри 2001 дар ИМА фурӯшгоҳи бузурги Манхеттен тарконда шуд ва бо истифода аз ин ҳодиса ИМА, муттаҳидини онҳо ва Иттиҳоди Шимол муқобили «Толибон» амалиёти шаддиди ҳарбӣ шурӯъ карда, асоситарин нерӯҳои онҳоро нобуд сохтанд. Охири соли 2001 сарварони гурӯҳҳои мухолифин ва ақвому қабоил дар Бонн (Олмон) гирд омада, масъалаи сохтори нави давлатдории Афғонистонро матраҳ карданд ва раиси Ҳуку­мати муваққатии исломии Афғонистон [[Ҳомид Карзай]] (22 декабри 2001) интихоб шуд. Моҳи июни соли 2002 дар Луи Ҷирга интихоби раиси Ҳукумати муваққатӣ сурат гирифт ва Ҳ. Карзай ба ин мақом интихоб шуд. Ваколати Карзайро июни 2002 Луи Ҷирга тасдиқ кард. 4 январи 2004 Конститутсияи нави Афғонистон қабул шуд. Худи ҳамин сол интихоботи парламенти дупалатагӣ доир гардид. Октябри 2004 дар интихоботи президентӣ Карзай Сарвари давлат интихоб гардид. Ба ҳамин тартиб дар интихоботи соли 2010 низ Ҳомид Карзай ғолиб омада, Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон интихоб шуд.[[Акс:Afghan President Ashraf Ghani December 2014 (cropped).jpg|alt=Райиси ҷумҳури Афғонистон Ашраф Ғанӣ Аҳмадзай|thumb|315x315px|Райиси ҷумҳури Афғонистон [[Ашраф Ғанӣ Аҳмадзай]]]]Савумин интихоботи Афғонистон дар 5 апрели соли 2014, ки ба даври дувум кашида шуд, аҷобатҳои зиёде дошт. Нахуст ин ки бар асоси иродаи нухбагони қудрат (на иродаи мардум) бидуни ин ки касе дар даври дувум барандаи интихобот эълом шавад ба ташкили ҳукумати ваҳдати миллӣ пардохта шуд. Албатта дар ибтидо мехостанд, [[Муҳаммад Ашраф Ғанӣ]] (он замон Ашраф Ғанӣ Аҳмадзай)-ро баранда эълом кунанд. Аммо пойфишорӣ ва бархӯрдҳои ғайри қобили интизори тарафдорони тими [[Абдуллоҳ Абдуллоҳ]], аз ҳамсангарони [[Аҳмадшоҳи Масъуд|Аҳмадшоҳ Масъуд]] ва чеҳраҳои таъсиргузори тоҷикон дар Афғонистони имрӯз сабаб шуданд, баҳси ҷудо кардани орои поку нопок ба миён биёяд.
 
==== Имзои тавофуқномаи чорсаҳифаӣ миёни [[Абдуллоҳ Абдуллоҳ]] ва Ашрафғанӣ Аҳмадзай ====
[[Акс:Abdullah Abdullah December 2014.jpg|alt= Раиси ҳукумати ваҳдати миллии Афғонистон доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳ|thumb|Раиси ҳукумати ваҳдати миллии Афғонистон доктор [[Абдуллоҳ Абдуллоҳ]]]]
Комиссияи мустақили интихоботии Афғонистон Ашраф Ғанӣ Аҳмадзайро барандаи интихоботи раёсатҷумҳурии ин кишвар эълон кард. Аҳмадюсуфи Нуристонӣ, раҳбари ин ниҳод бидуни ифшои натиҷаи овоздиҳии даври дувум гуфт, натиҷаро дар ихтиёри ҳарду номзад - доктор Абдуллоҳ ва Аҳмадзай гузоштааст. Доктор Абдуллоҳ ва Ашраф Ғанӣ Аҳмадзай 21 сентябр дар Арг ё Кохи раёсатҷумҳурии Афғонистон зери тавофуқномаи ташкили давлати ваҳдати миллӣ имзо гузоштанд. Бар асоси ин санад, ки иборат аз чор саҳифа аст, оқои Аҳмадзай ба унвони райиси ҷумҳур эълон шуда, доктор Абдуллоҳ симмати раёсати иҷроиро дар ихтиёр хоҳад дошт. Ин тавофуқнома сиёсӣ аз ҳафт бахш иборат буда бар асоси бахши дувуми тавофуқнома, райиси ҷумҳур раёсати кобинаро бар уҳда хоҳад дошт. Тибқи таърифи ин санад, кобина аз райиси ҷумҳур, муовинони ӯ, садри аъзами иҷроӣ, муовинони садри аъзами иҷроӣ, мушовири аршади райиси ҷумҳур ва вазирон иборат аст. Ин бахш аз тавофуқнома, раёсати шӯрои вазиронро ба уҳдаи райиси иҷроӣ гузоштааст. Шӯрои вазирон шомили вазирон ва мутамоиз аз кабина аст. Райиси иҷроӣ маҷолиси фаръии кобинаро ба уҳда хоҳад дошт.  [[Акс:Secretary Kerry meets Abdullah and Ghani 2014.jpg|alt=Аз чап ба рост: Абдуллоҳ Абдуллоҳ, Ҷон Керрӣ ва Ашраф Ғанӣ Аҳмадзай. Интихоботи президентии Афғонистон, 2014|left|thumb|300x300px|''Аз чап ба рост:'' [[Абдуллоҳ Абдуллоҳ]], Ҷон Керрӣ ва Ашраф Ғанӣ Аҳмадзай. Интихоботи президентии Афғонистон, [[2014]]]]Аз ин тавофуқи сиёсӣ бисёре аз чеҳраҳои саршиноси Афғонистон, бо шумули Ато Муҳаммади Нур, волии Балх ва аз пуштибонҳои аслии Абдуллоҳ Абдуллоҳ истиқбол кардаанд. Намояндаҳои бархе кишварҳо ва созмонҳои байналмилалӣ ҳам аз ин тавофуқ изҳори хушнудӣ карданд. Ҳомид Карзай, райиси ҷумҳури феълии Афғонистон зимни суханронӣ дар расми имзои тавофуқнома гуфт, "Худованд ба шумо, ҳар ду бародар, комёбӣ насиб кунад, саодат насиб кунад, то шумо шабу рӯз дар хидмати миллати Афғонистон бошед ва корҳое, ки аз мо нашуд ва боқӣ монд, онҳоро шумо анҷом бидиҳед ва такмил кунед то мо орому хушҳол зиндагии худро пеш бибарем".