Африқои Шимолӣ: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
Саҳифаи нав: '''Áфриқои шимолӣ''' — ноҳияи табиии Африқо, ки масоҳаташ тақрибан 10 млн км буда, қисми зиёди ҳ...
 
No edit summary
Сатри 1:
{{refimprove|date=May 2015}}
[[File:North Africa (orthographic projection).svg|right|thumb|
{{legend|#346733|Африқои Шимолӣ}}
{{legend|#088733|Ҷуғрофӣ, аз ҷумла дар боло}}]]
'''Áфриқои шимолӣ''' — ноҳияи табиии [[Африқо]], ки масоҳаташ тақрибан 10 млн км буда, қисми зиёди ҳудуди онро биёбони Саҳрои Кабир иҳота кардааст. Дар Африқои Шимолӣ давлатҳои ҳудудан бузурги Алҷазоир, Миср, Марокаш, Судон, Либиё, Мавритания, Саҳрои Кабири Ғарбӣ, Тунис ва Судони Ҷанубӣ ҷой гирифтаанд. Африқои Шимолӣ минтақаи табии баҳримиёназаминӣ буда, ҳудуди он дар соҳили ҷанубии Баҳри Миёназамин воқеъ гаштааст ва гармтарин минтақаи олам аст. Ҳарорати миёнаи гармои тобистон дар қис­ми шимолӣ 25–300 С, дар ҳамвориҳои Саҳрои Кабир, ҳатто дар соя ба 580 С мерасад. Дар Саҳрои Кабир бориш ба назар намерасад, аммо аҳёнан борони сел борида, боиси обхезӣ мешавад. Дар қисми ҷанубии Африқои Шимолӣ даштҳои беобу биёбонгашта вомехуранд. Аз сабаби беборишӣ имкони киштукор вуҷуд надорад ва зиндагии мардум душвор аст. Биёбонҳои Африқои Шимолӣ регзору санглоханд, набототашон аз рустаниҳои хушкидӯст иборат аст. Ба иқлими Саҳрои Кабир гиёҳҳои хӯшадори бебарг, буттаҳои паст хоссанд. Дар даштҳо гиёҳҳои хӯшадору дарахтони калон, монанди нахлу зайтун, булуту хурмо ва ақоқиёву ғор мерӯянд. Ҷанубтари онро даштҳои сералаф фаро гирифтаанд. Сарватҳои зеризаминии Африқои Шимолӣ асосан фосфорит, нафт, гази табиӣ (Алҷазоир, Либиё, Тунис) ва тило (Судони Ғарбӣ) мебошанд. Олами ҳайвоноти Африқои Шимолӣ ғанӣ ва гуногун аст. Дар ин ҷо хояндаҳо зиёданд, якчанд навъи бузи ваҳшӣ, ғизоли кӯҳӣ, шағол, кафтор вомехуранд. Дар Африқои Шимолӣ шутур, ки ҳайвони дар шароити биёбон мувофиқ аст ва масофаи зиёдро метавонад бе об тай намояд, парвариш карда мешавад ва маҳз ба шарофати шутурҳо дар биёбонҳои ин ҷо қабилаҳои туарег ва барбарӣ зиндагӣ мекунанд.
Аксари аҳолии Африқои Шимолӣ ба забони арабӣ ҳарф зада, муътақиди дини исломанд. Бинобар ин, адабиёт, санъати меъморӣ ва дигар навъҳои фарҳанги ин давлатҳо бо умумияти сабк тавсиф мешаванд (услуби исломӣ хос аст). Дар мамлакатҳои ҷануби Саҳрои Кабир қавму қабила ва мардумони гуногунмиллат маскунанд, ки ба чандин забон ҳарф мезананд, фарҳанг, анъанаҳои миллӣ ва эътиқоди диниашон аз ҳамдигар ба куллӣ фарқ мекунад. Масалан, дар Ҳабашистон 70 забон муравваҷ аст. Дар баъзе аз мамлакатҳо ба сифати забони расмӣ, яке аз забонҳои аврупоӣ истифода мешавад, ки барои мардумони гуногунмиллат имкони муоширатро фароҳам меоварад. Дар аксари мамлакатҳои Африқои Шимолӣ забони фаронсавӣ ба сифати забони расмӣ ва байналмилалӣ мавриди истифода аст. Дар биёбони Калахари мардумони койсан маскунанд. Зичии аҳолӣ дар 1 км2 аз 0,3 то 100 нафар ва бештар (дар водии дарёи Нил то 550 нафар). Шаҳрҳои калонтаринаш Қоҳира (аз ҷумлаи бузургтарин шаҳрҳои ҷаҳон, аҳолиаш беш аз 9 млн), Искандария, Касабланка, Киншаса, Лагос, Алҷазира, Аддис-Абеба, Йоҳаннесбург ва ғайра Қисми асосии аҳолӣ сокини деҳотанд.