Фарқият байни намунаҳои "Афродита"

no edit summary
х (Bot: Removing Link FA template)
[[File:Statue of Venus - Статуя Венеры.jpg|thumb|200px]]
'''Афродѝта''' — дар асотири Юнони Қадим илоҳаи ишқу зебоӣ, духтари Зевс ва Диана. Мувофиқи ривоятҳои асотирии дигар аз кафки баҳр пайдо шудааст. Афродита дар шакли зебоиҳои баҳору табиат падидор мегардад, дар байни гулҳои садбарг, шақоиқу нуъмон, бунафшаву наргис, савсану сунбул тасвир ёфтааст. Афродита нигаҳбони ҳосили фаровон, баҳрнавардон, зебоибахши замин, ақди никоҳ, кӯҳсорон, дарёҳо ва ғайра мебошад. Афродита дар дили ошиқон ҳарорати меҳру муҳаббатро афзун менамояд ва худаш низ бо эзадон Анхес, Арес ишқварзӣ мекунад. Афродита дар устураҳо хеле зебо, соҳибҷамол, дилрабо тасвир ёфтааст. Камарбанде дошт, ки аз миён боло мебаст ва бо ин зебоии андоми ӯ зиёдтар мегашт. Ҳамин гуна камарбанд­ро дар асотири ориёӣ Аредвисура Аноҳита – илоҳаи ишқу зебоӣ, илоҳаи обҳо дорад. Афродита ба илоҳаҳои финиқиҳо Астарта, бобилиҳо Иштар, мисриҳо Исида монанд аст. Ин илоҳаҳо дар тасвироти боқимонда якҷоя бо тӯдаи ҳай­во­ноти ваҳшии ромшуда – шер, гург, хирс ва ғайра пайдо мешаванд. Дар баъзе нигораҳо Афродита низ ба ҳамин шакл тасвир ёфтааст. Ба ғайр аз Юнон, дар кишварҳои дигар – Рим, Сурия, Форс, Арабистон маъбадҳои Афродита вуҷуд доштанд. Дар осори адибону файласуфон Лукретсий, Эсхил, Афлотун, шоира Сапфо ва дигар Афродита чун илоҳаву зани зебо тасвир ёфтааст. Машҳуртарин муҷассамаи Афродита, ки дар он тамоми назокату латофат, зебоии зан таҷассум ёфтааст, ба муҷассамасози Юнон Приксител (тақрибан 390–330 то м.) тааллуқ дорад. Яке аз муҷассамаҳои қадимии Афродита дар осорхонаи Луври Париж маҳфуз аст. Дар таърихи санъати тасвирӣ беҳтарин асар тимсол (портрет)-и Афродита (офаридаи Апеллес) эътироф гардидааст.
'''Афродита''' дар асотири [[Юнони Қадим]] олиҳаи [[ишқ]] ва зебои.Афродита [[духтар]]и [[Зевс]] ва Диана буда,аз рӯи ривояти атиқа аз кафки баҳр пайдо шудааст. Дар ибтидо ҳамчун олиҳаи фаровонҳосилӣ парастида мешуд,ки аз ҷиҳати моҳият пайдоиши худ ба олиҳаи Финикия Астарта наздик буд.Афродита инчунин дар Осиёи Хурд, соҳили Эгей ва дар мулкҳои юнонии наздик б. Сиёҳ мепарастиданд. Ба Венераи (зӯҳраи)асотира Рими Қадим айният дошт.
<ref>[[Энсиклопедияи Миллии Тоҷик]], Ҷилди 2. АСОС-БОЗ – Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2013, - с.122-123</ref> / М. Диловаров.
 
 
{{ҷавона}}
== Манбаъ ==
<references />
*Саъдуллоҳи Наим. Қомуси асотир ва ишороти фарҳангӣ. Д., 2006.
[[Гурӯҳ:Энсиклопедияи Миллии Тоҷик]]
[[Гурӯҳ:Асотир]]
[[Гурӯҳ:Таърих]]
[[Гурӯҳ:Олиҳаҳои Юнони Қадим]]