Муҳаммадҷон Шакурӣ: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
AryanBot (баҳс | ҳисса)
х →‎Пайвандҳои беруна: бот кор карда истодааст., replaced: хои → ҳои
No edit summary
Сатри 47:
Узви Созмони байнулмилалии кумиссиюни таснифи тамаддун дар Осиёи Марказӣ, узви Шӯрои тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон, академисийуни Фарҳангистони Ирон ва Тоҷикистон, барандаи ҷоизаи давлатии Рӯдакӣ ва нишони «Дӯстии халқҳо» ва намояндаи охирон хонаводаи Қозии Бухорои Шариф, Садри Зиё дар Тоҷикистон, пайвандгари наслҳо ва пуле миёни тамаддунҳо - ин накҳате аз чаманзори гулистони умри бобаракоти Муҳаммадҷон Шакурӣ будаанд.<ref>http://www.ozodi.org/content/article/606823.html</ref>
 
Ӯ яке аз муаллифони пешнависи Қонуни забони давлатии тоҷик дар соли 1989-ум аст. Писарони ӯ Рустам ва Шариф ҳарду доктори улуми таърих ва филология дар Маскав ва Лондон кору фаъолият мекунанд. Муҳаммадҷон Шакурӣ барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакист.
 
Донишманди саршиноси тоҷик устод Муҳаммадҷон Шакурӣ субҳи якшанбе, 16-уми сентябр соли 2012 дар синни ҳаштоду ҳафтсолагӣ даргузашт.<ref>http://www.ozodi.org/content/article/24709185.html</ref>