Фарқият байни намунаҳои "Камоли Хуҷандӣ"

(Commonscat)
Барчасбҳо: вироиш тавассути телефони ҳамроҳ вироиш тавассути мурургари телефони ҳамроҳ
'''Камолиддин Масъуди Хуҷандӣ''' ({{забон-фа|کمال‌الدین مسعود خُجندی}}) ([[соли 1321]] - [[соли 1401]]) – маъруф ба Шайх Камол аз орифон ва шоирони порсигӯи садаи XIV милодӣ аст.
== Тарҷумаи ҳол ==
Камоли Хуҷандӣ дар [[соли 1321]] дар шаҳри [[Хуҷанд]] дида ба ҷаҳон гушодакушода аст. Ҷавонияш дар зодгоҳаш гузашта ва маълумоти ибтидоиро низ дар он ҷо омӯхтааст. Сипас таҳсили улумро дар шаҳрҳои [[Самарқанд]]у [[Тошканд|Шош]] давом додааст. Вай дар ҳузури устодон аз китоби машҳури Саккокӣ «Мифтоҳ», ки дар он айём асоси таълими забон ва адабиёт ба шумор мерафт, «Алкашшоф»-и Замахшарӣ, «Матолеъ», «Мисбоҳ» ва ғайра дарс омӯхтааст. Камол яке аз донишмандони бузурги замони худ буд.
 
Камол пас аз сафари [[ҳаҷ]] ба [[Макка]], дар шаҳри [[Табрез]] монд ва дигар ба зодгоҳаш барнагашт. Вай дар Табрез зиндагии ороме ёфта ва вопасин рӯзҳояшро низ дар ин шаҳр гузарондааст. Ба дастури султон Увайс барои шоир дар доманаи хушбоду ҳавои Волиёнкӯҳ хона ва боғ сохта шуд ва хонагоҳи Камол маҷлисгоҳи шоирону орифон шуд.