Гурӯҳ:Шахсиятҳо аз рӯи алифбо: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
Абдуғаффори Камол - Аз ҷумлаи маъруфтарин таҳлилгарони масоили сиёсӣ
х Ботили нусхаи 739641 аз тарафи 65.49.68.189 (Баҳс)
Сатри 1:
{{Индекси гурӯҳҳо}}
{{Commonscat|People}}
[[Гурӯҳ:Гурӯҳҳо аз рӯи алифбо|Шахсиятҳо аз рӯи алифбо]]
'''Абдуғаффор Камолов'''
Абдуғаффор Камолов
Аз ҷумлаи маъруфтарин таҳлилгарони масоили сиёсӣ, муаллифон ва ровиёни барномаҳо дар шабакаҳои мухталифи телевизиони давлатист. Лаҳни суханаш буррову шунаво, забонаш барои ҳамагон фаҳмост. Ва шояд ягона барандае бошад, ки метавонад соатҳо бидуни коғаз ва матни қаблан омодашуда барандагӣ кунад.
 
Ӯро дар намоишҳои зиёд дидаанд, вай гузоришоти ҷолиберо аз муҳимтарин рӯйдодҳои кишвар таҳия ва барандагӣ кардааст. Ва ҳамеша ҳамин вижагии озодона сухан гуфтану муваффақонаву бесакта бурдани барнома аз ҷониби ҳар мунаққид таъкид шудааст.
 
Абдуғаффори Камол 5-уми июни соли 1969 дар ноҳияи Қубодиён дида ба олам кушодааст. Волидонаш аз ҷумлаи муҳоҷирони қаротегинӣ будаанд, ки миёнаи солҳои 50 дар водии Вахш ҷо гирифтанд ва шӯрзаминҳои ин водиро ба майдонҳои шукуфону боғҳои назаррабо табдил додаанд.
 
Таҳсилоти ибтидоии худро дар мактаби деҳа гирифт. Рағбат ба кори журналистӣ зери таъсири бародари марҳумаш Абдусаттори Камол пайдо шудааст, ки он замон аз журналистони маъруфи бахши хориҷии радиои Тоҷикистон буд.
 
Баъди мактаби миёна ҳанӯз ба Донишгоҳ шомил нашуда, аллакай дар радиои вилоятӣ кор мекард ва гузоришу барномаҳо таҳия менамуд. Ҳамзамон бо кори радио солҳои 1990-1991 «Мактаби журналистони ҷавон»-и назди рӯзномаи «Ҳақиқати Қурғонтеппа», муассиси он журналисти шинохта Гурез Қосимов буд, хатм намуд.
 
Ҷавонии Абдуғаффор ба солҳои пурмоҷарои 90-и арси гузашта рост омад, тӯфони ҳаводис ӯро низ қатори садҳову ҳазорҳо сокинони минтақа ба гирдобаш кашид ва идомаи таҳсилоти олӣ барояш муддате ба таъхир уфтод. Аммо аз шуғли дӯстдоштааш ҳатто барои як рӯз ҳам таътил нашуд. Ва ҷолиб ин аст, ки замони оғози кори журналистӣ дар соли 1989 то ба имрӯз агарчӣ маҳалли кораш тағйир ёфта (ӯ дар расонаҳои хориҷӣ низ кор крадааст), аммо аз шуғлаш канда нашудааст ва инак, дар синни 45-солагсобиқаи муттасили 25-солаи кор дар расонаҳо дорад.
 
Баъди фуру нишастани ғубори дардолуди ҷанги дохилӣ Абдуғаффор ба таҳсил баргашт, Донишгоҳро хатм кард, дар мавзуъи таҳқиқи осори шоири классики форсу-точик Табиби Исфаҳонӣ рисолаи номзадӣ навишт ва зери роҳбарии профессор, донишманди фарзона Худоӣ Шариф се сол пеш онро дифоъ намуд. Акнун ӯ номзади илми филологист, вале аз пешаи рӯзномагорӣ дасту дил нашуст. Ба назар мерасад вай кори илмиро бар журналистӣ тарҷеҳ надод. Баръакс, дар замоне, ки рисолаашро менавишт, симои ӯ дар шабакаҳои телевизионӣ бештар ҳувайдо буд, барномаҳои тозатаъсиси сиёсиву таҳлилиаш миёни мардум шуҳрат ёфта буданд.
 
Абдуғаффори Камол шояд аввалин касе буд, ки пайёми имзои созишномаи сулҳи таърихии тоҷикон дар Маскавро аз тариқи «Садои Хуросон», ки он замон муҳаррири яке аз бахшҳои он буд ва дар ҷараёни имзои Созишнома ширкати бевосита дошт, ба аҳли Тоҷикистон расонд.
 
Вай бо таҳияи барномаҳо дар радио ва телевизион маҳдуд намешуд.
 
Навиштаҳояш «Фазои иттилоотӣ ва амнияти миллӣ» (дар «Нигоҳ»), «Фирори мағзҳо» ва «Амният дар Осиёи Марказӣ» (дар «Миллат»), «17 сол бе СССР» (дар «СССР»), силсиламақолаҳои «Нақши зан дар ҷомеа» ва «Тарбияи фарзанд» (дар «Бонувони Тоҷикистон») хонданиву монданӣ буданд.
 
Вай баъди чанд соли кор дар «Ҷаҳоннамо» бо фармони раиси Кумитаи телевизион ва радио Сармуҳаррири идораи барномаҳои сиёсии шабакаи аввал таъин гардид.
 
Абдуғаффори Камол барандаи ҷоизаи ИЖТ ба номи А Лоҳутӣ дар соли 2012, ғолиби озмуни эҷодии «Радио-расонаи зиндагӣ» дар соли 2009, ғолиби озмуни эҷодии «Чеҳракушоӣ»-и «Бонувони Тоҷикистон» дар соли 2011 мебошад.
 
Аз ҷумлаи пурбинандатарин барномаҳои ӯ метавон «Дидгоҳ»-ро мисол овард, ки дар суҳбат бо афроди гуногун таҳия мешуд. «Мо ва минтақа» бошад таҳлили озод ва бематни рӯйдодҳои минтақа ва ҷаҳон бо забони шевои тоҷикист, ки дар айни ҳол навъе тарвиҷи забони расона ва омӯзиши таҳлилу тафсир барои журналистони ҷавон аст.
 
Абдуғаффори Камол ғайр аз забони тоҷикию русӣ ва тасаллути комил бар шеваҳои дарию форсӣ, бо забонҳои арабӣ ва англисӣ низ ҳарф мезанад.