Афғонистон: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
No edit summary
No edit summary
Сатри 100:
== Мардум ==
[[Акс:Tajik people.jpg|alt[[Тоҷикон]]и Афғонистон|thumb|320x320px|[[Мардуми тоҷик|[[Тоҷикон]] Афғонистон]]
Афғонистон мамлакати сермиллат аст. Дар он беш аз 20 миллату халқият зиндагӣ доранд. Ҳайати аҳолии Афғонистон дақиқан омӯхта нашудааст, вале мутобиқи маълумоти омории соли 2009 аҳолии Афғонистон 28,4 млн. нафарро ташкил дода, аз ҷумла 2 млн кӯчиҳо. Дар ҳайати он паштунҳо 40%, [[тоҷикон]] 44 %, ҳазораҳо 10%, [[ӯзбкҳоӯзбакҳо]] 6%, туркманҳо 2,5% ва боқӣ, қазоқ, қирғиз, араб, балуҷ, аймоқ, лӯлӣ ва дигарон халқиятҳои хурд дохиланд. Афзоиши миёнаи солонаи аҳолӣ 2,6% буда, зичии миёна дар 1 км² 38 нафар мебошад; дарозумрӣ ба ҳисоби миёна 44,6 сол (мардҳо 44,2 ва занҳо 47,8). Зичии бештари аҳолӣ дар Ҷалолобод, Ҳирот, Қандаҳор, Балх мушоҳида шуда, ба ҳар як км² то 250–400 нафар рост меояд. Мутобиқи маълумоти расонаҳои итти­лоотӣ, дар давоми 25 соли нобасомониҳо (аз соли 1985 ба баъд) дар Афғонистон бештар аз 2 млн нафар нобуд шуда, қариб 4 млн нафар тарки ватан кардаанд. Тамоми сокинони Афғонистон мусулмонанд.
 
=== Забон ===
Дар Афғонистон бештар аз 30 забон роиҷ аст, ки ба чунин гурӯҳ тақсим мешаванд: забони дарӣ(забони [[тоҷикон]]) (дар минтақаҳои шимол, ғарб ва марказ ва умуман дар тамоми кишвар), пашту (дар ҷануб, шаҳри ва ҷанубу ғарбӣ); балуҷӣ (дар ҷануб) – Ҳилманд, инчунин ҳиндӣ, туркӣ, сомӣ, дравидӣ, муғулӣ, озарӣ, арабӣ, қирғизӣ; забонҳои помирӣ – шуғнонӣ, язгуломӣ, вахӣ, санглечӣ, зебокӣ ва ғайра
 
== Таърих ==