Афсона: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
No edit summary
No edit summary
Сатри 1:
'''Афсонá''' — яке аз навъҳои (жанрҳои) эҷодиёти шифоҳи (фолклор)-и мардуми тоҷик ва халқҳои гуногуни дунё. Афсонаро мардуми минтақаҳои [[Тоҷикистон]], [[Мардуми тоҷик|тоҷикони]] [[Осиёи Марказӣ]], тоҷикон ва форсизабонони кишварҳои дунё авсона, авсуна, кампирафсона, байдак, матал, мақал, суринчик, сӯг, шуг, ушуг, шавқот, шабгуфт ва ғайра талаффуз мекунанд.
 
Афсона аз жанрҳои қадими фолклорист. Нишонаҳо, пораҳои ба афсона монандро дар [[Авесто]], осори адабиёти паҳлавӣ («Ёдгори Зарирон», «Дарахти асурик», «Худойнома», «Бундаҳиш» ва ғайра) мушоҳида метавон кард. Дар идомаи анъанаи адабиёти паҳлавӣ, тақрибан дар асрҳои 8–9 китобе ба  номи «Ҳазор афсона» вуҷуд доштааст, ки баъдан он заминае барои пайдоиши «Ҳазору як шаб» гардид. Дар осори манзуму мансури адабиёти гузаштаи форс-тоҷик аз аспи 9 то ба асри 20 ва дар адабиёти муосири тоҷик афсонаҳои дар дохили осори бадеӣ – «Калили ва Димна», «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ, «Таърихи Табарӣ», достонҳои Аттор, Саноӣ, Низомии Ганҷавӣ, Абдурраҳмони Ҷомӣ, маҷмӯаҳои «Ҷомеъ-ул-ҳикоёт» ва ғайра ба назар мерасанд. Дар «Ёддоштҳо»-и С. Айнӣ, баъзе асарҳои А. Лоҳутӣ, М. Турсунзода (либретои «Тоҳир ва Зуҳро»), М. Миршакар (достони «Қишлоқи тиллоӣ») ва ғайра афсонаҳо оварда шудаанд.
== Таърих ==
Афсона аз жанрҳои қадими фолклорист. Нишонаҳо, пораҳои ба афсона монандро дар [[Авесто]], осори адабиёти паҳлавӣ («Ёдгори Зарирон», «Дарахти асурик», «Худойнома», «Бундаҳиш» ва ғайра) мушоҳида метавон кард. Дар идомаи анъанаи адабиёти паҳлавӣ, тақрибан дар асрҳои 8–9 китобе ба  номи «Ҳазор афсона» вуҷуд доштааст, ки баъдан он заминае барои пайдоиши «Ҳазору як шаб» гардид. Дар осори манзуму мансури адабиёти гузаштаи форс-тоҷик аз аспи 9 то ба асри 20 ва дар адабиёти муосири тоҷик афсонаҳои дар дохили осори бадеӣ – «Калили[[Калила ва Димна]]», «[[Шоҳнома]]»-и [[Фирдавсӣ]], «Таърихи Табарӣ», достонҳои [[Аттори Нишопурӣ|Аттор]], [[Саноӣ]], [[Низомии Ганҷавӣ]], [[Абдураҳмони Ҷомӣ|Абдурраҳмони Ҷомӣ]], маҷмӯаҳои «Ҷомеъ-ул-ҳикоёт» ва ғайра ба назар мерасанд. Дар «Ёддоштҳо»-и [[Садриддин Айнӣ|С. Айнӣ]], баъзе асарҳои [[Абулқосим Лоҳутӣ|А. Лоҳутӣ]], [[Мирзо Турсунзода|М. Турсунзода]] (либретои «Тоҳир ва Зуҳро»), [[Мирсаид Миршакар|М. Миршакар]] (достони «Қишлоқи тиллоӣ») ва ғайра афсонаҳо оварда шудаанд.
 
Афсона дар эҷодиёти шифоҳии халқи тоҷик дорои сохтори махсусест: он аз ибтидо («Буд, набуд, як подшоҳ буд…», «Рӯзе аз рӯзҳо…», «Дар як замоне, дар як маконе…»), гузариш («Акун бачаро ин ҷо монем, гапро аз духтар шунавем…»), интиҳо («Онҳо ба муроду мақсадашон расиданд…») иборат аст. Баъзе афсонаҳо танҳо ибтидо ва интиҳо доранд. Дар афсонаҳо тахайюли бадеии гӯянда зоҳир мешавад, қаҳрамонҳо ва шахсиятҳои хос амал мекунанд, онҳо барои саргарм, машғул ва тарбия кардани шунаванда аҳаммият доранд. Ҷалолуддини Румӣ сирру панди дар афсона нуҳуфтаро ганҷ донистааст:
''Кӯдакон афсонаҳо меоваранд,''
Line 6 ⟶ 9:
''Ҳазлҳо гӯянд дар афсонаҳо,''
''Ганҷ меҷӯ дар ҳама вайронаҳо.''
 
== Мавзуъ, мазмун ва мундариҷа ==
Афсонаҳоро аз ҷиҳати мавзӯъ, мазмун, мундариҷа ба афсонаҳои сеҳромез, тамсилӣ (афсонамасал, афсонаҳо дар бораи ҳайвонот), маишӣ, ишқӣ ва ғайра ҷудо мекунанд. Дар афсонаҳои сеҳромез қаҳрамонон бо ёрии сеҳру ҷоду, дуд кардани мӯй ва пари ҷонварон, кордчаи сеҳрнок ва ғайра ба мақсад мерасанд. Намунаҳои афсонаҳои сеҳромез «Подшоҳ ва духтари оҳангар», «Духтари ҷасур», «Заркокулу Маҳпешонӣ», «Салимпаҳлавон», «Булбули саргашта», «Чил кафтар» ва ғайра мебошанд. Дар афсонаҳои тамсилӣ ҳайвонот, ҳашарот, хазандаҳо, парандаҳо ва баъзе ашёи беҷон амал мекунанд. Сарчашмаи ин қабил афсонаҳо тасаввуроти мардум дар бораи ҷондор пиндоштани олами мавҷудот (анимизм), парастиши ҳайвонот, рустаниҳо, ки баъзе қабилаҳо онҳоро ҳомии худ мепиндоштанд (тотемизм), ба чизҳои беҷон хислатҳои одамиро нисбат додан (антропоморфизм) мебошанд. Намунаи афсонаҳои тамсилӣ: «Гунҷишки гапнодаро», «Кайкак ва канаяк», «Гург ва рӯбоҳ», «Рӯбоҳ ва паланг», «Бузаки ҷингилапо», «Акка ва мусича» «Момогамбусак» ва ғайра Дар афсонаҳои маишӣ муносибаҳои маишӣ ва иҷтимоии одамон, зиндагии мардум инъикос меёбад. Баъзе афсонаҳои маишӣ хусусияти ҳаҷвӣ доранд. Намунаи афсонаҳои маишӣ: «Тадбири Бибихонум», «Ятимча ва хоҷа», «Ақлам ҳасту пулам нест», «Ишқи духтари бой ва ятим», «Ин рӯзоям мегузараду меравад», «Лаку Пак», «Алдаркӯса», «Писари нодони шоҳи Бухоро», «Қиссаи кали Аҳматак» ва ғайра афсонаҳои дар байни мардуми Шарқ машҳуру паҳншуда афсонаҳои ишқӣ мебошанд, ки ҳам дар варианти асари адабӣ-бадеӣ ва ҳам дар эҷодиёти шифоҳии халқ вомехӯранд: «Лайлӣ ва Маҷнун», «Фарҳод ва Ширин», «Юсуф ва Зулайхо», «Тоҳир ва Зуҳро», «Давлатхотун», «Наҷмо», «Муғулдухтар» ва ғайра афсона аз эҷодиёти шифоҳии халқ ба адабиёти бадеӣ (хаттӣ) роҳ ёфт. Дар адабиёти Шарқу Ғарб шоирону нависандагонеро, аз қабили А. С. Пушкин, А. М. Горкий, А. Н. Толстой, С. Я. Маршак метавон ном бурд, ки дар баробари осори гуногуни бадеӣ афсонаҳо навиштаанд ва ё нависандагоне ҳастанд, ки чун афсонанавис машҳуранд: Ҳ. К. Андерсен, В. Ҳауф, Ш. Перро ва дигар Адибони тоҷик Ҳ. Карим, Б. Раҳимзода, П. Толис, А. Шукӯҳӣ, Гулчеҳра, У. Раҷаб, Ғ. Мирзо, Б. Ҳоҷӣ, Азизи Азиз, Ҷ. Ҳошимӣ, Н. Бақозода, А. Баҳорӣ, А. Шарифӣ, Латофат, Н. София, Б. Ортиқов, Н. Розиқ ва дигарон на танҳо афсонаҳои халқиро бозгӯ кардаанд ё ба назм даровардаанд, балки худашон афсона навиштаанд.
 
== Ҷамъоварии афсонаҳо ==
Дар байни навъҳои эҷодиёти даҳанакии халқ аз ҳама бештар афсона мавриди таваҷҷуҳи донишмандони фолклоршинос қарор гирифтааст. Фаъолияти қиссахонон, ноқилон, афсонагӯён, ки дар таърихи илму фарҳанги тоҷик дар асрҳои миёна оғоз ёфтааст, як навъ ҷамъоварии афсонаҳо ва ба мардум расондани онҳо буд. Дар асри 17 адиб Мирзо Бархурдори Фароҳӣ мутахаллис ба «Мумтоз» тақрибан 400 афсонаро ҷамъ оварда, дар асараш «Маҳбуб-ул-қулуб» ҷой додаст. Ҷамъоварию таҳқиқи афсонаҳои тоҷикӣ дар охири асри 19 – ибтидои асри 20 ва минбаъд идома ёфт. Дар ин кор саҳми мардумшиносон, таърихнависон, забоншиносон – омӯзандагони лаҳҷаҳо ва фолклоршиносони тоҷику рус А. А. Семёнов, М. С. Андреев, О. А. Сухарева, С. Айнӣ, А. Деҳотӣ, Ҷ. Икромӣ, Б. Ниёзмуҳаммадов, К. Улуғзода, Р. Аминов, А. З. Розенфелд, Б. Шермуҳаммадов, Д. Обидов, И. М. Стеблин-Каменский, А. Л. Грюнберг, Д. Карамшоев, Ҷ. Рабиев, Гулрухсор, Р. Раҳмонӣ ва дигарон арзанда аст. Дар маҷмӯаҳои «Фолклори сокинони саргаҳи Зарафшон» (1960), «Фолклори Норак» (1963), «Афсонаҳои Самарқанд» (1965), «Фолклори водии Қаротегин» (1986), «Афсонаҳои Ӯротеппа» (1992), «Фолклори тоҷикони Қашқадарё. Афсонаҳо» (ҷилдҳои 1–2, 1998), «Шугҳои Бухоро дар сабти Равшан Раҳмонӣ» (1997) ва ғайра ба табъ расидаанд.
 
== Афсонашиносӣ ==
Гирдоварии афсона ва афсонашиносӣ дар тамоми дунё густариш ёфтааст. Дар асри 19 бародарон Гримм афсонаҳои мардуми Олмонро гирдоварӣ ва нашр намуданд. Муҳаққиқи Финландия Аарне ба омӯзиши афсонаҳои халқҳои ҷаҳон аз ҷиҳати типологӣ оғоз намуд. Кори Аарнеро фолклоршиноси амрикоӣ С. Томпсон, баъдан муҳаққиқи олмонӣ Ҳанс Ҷорҷ Утҳер идома доданд. Ҷилди якуми «Куллиёти фолклори тоҷик. Масалҳо ва афсонаҳо» (М., 1981), ки дар таҳияи он И. Левин, Ҷ. Рабиев, М. Явич иштирок кардаанд, дар асоси усули кори Аарне таҳия шудааст. Дар шаҳри Гутингени Олмон «Энсиклопедияи афсона» таҳия шуда истодааст, ки 14 ҷилди он (аз 50 ҷилди ба нақша гирифташуда) ба табъ расид. <ref>[[Энсиклопедияи Миллии Тоҷик]], Ҷилди 2. АСОС-БОЗ – Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2013, - с.126 / Р. Раҳмонӣ
* Обидов Д. Афсонаҳои ҳаҷвии маишии тоҷикӣ. Д., 1978;
Line 16 ⟶ 25:
* Кербелите Б. Историческое развитие структур и семантики сказок. Вилнюс, 1991;
* MarzolphU.TypologiedesPersischenVolksmärchens(TypologyofPersianFolkTales). Wiesbaden, 1984;
* Uther H-J. The Types of International Folktales. A Classification and Bibliography. Based in the System of Antti Aarne and Stith Thompson. Part 1–3. Helsinki, 2004. </ref>          
          
 
'''Афсона''' [[қисса]], шӯг. Жанри ҳамосавии фолклори тоҷик. Як навъ ҳикояҳои насри шифоҳӣ, ки мазмунҳои рамзию тамсилӣ,сеҳромезӣ ва саргузаштию маишӣ доранд ва бунёди сужети онҳоро одисаҳои бофтаю хаёлӣ ва тасвирҳои фантастикию ғайриоддӣ ташкил медиҳанд. Афсона навъҳои сеҳромез, тамсилӣ, ҳаҷвӣ, маишӣ, ишқӣ-романтикӣ ва саргузаштӣ дорад. Дар саросари кишвар фаъол аст<ref>Феҳристи миллии намунаҳои мероси фарҳангии ғайримоддӣ./ Пажӯшиҳгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги ҶТ - Душанбе: "Ирфон", 2014, - С. 64</ref> <ref>[http://www.pitfi.tj/files/txt/Fehristi_MFG_tj.pdf ПИТФИ Феҳристи миллии намунаҳои мероси фарҳангии ғайримоддӣ]</ref>
Баргирифта аз "https://tg.wikipedia.org/wiki/Афсона"