Абдувалӣ Абдурашидов: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
AryanBot (баҳс | ҳисса)
х →‎Ҳолнома: Бот кор карда истодааст, replaced: байналмилалӣ → байналмиллалӣ
х илова
Сатри 13:
Соли 1981 А. Абдурашидов шӯъбаи Мусиқии Шарқи Консерваторияи давлатии Тошканд ба номи М. Ашрафиро бо ихтисоси рубоб хатм намудааст. Солҳои 1981-1987 омӯзгори кафедраи Мусиқии Шарқ ва солҳои 1987–1992 дар кафедраи мусиқии анъанавии [[Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода]] кор кардааст. Дар Консерваторияи давлатии Озарбойҷон ба номи У. Гаҷибеков (1985) савияи касбиашро такмил додааст.
А. Абдурашидов лауреати озмунҳои [[Шашмақом]] ([[Душанбе]], 1989; [[Тошканд]], 1991) буда, фаъолияти навозандагиашро пайваста инкишоф медиҳад. Соли 1991 рисолаи номзадиро дар мавзӯи «Танбӯр ва истифодаи он дар омӯзиши системаи Шашмақом» бомуваффақият дифоъ намуд. Солҳои 1993 – 1995 ба ҳайси ноиби президенти [[Академияи мусиқии Ҷумҳурии Тоҷикистон]] ([[Хуҷанд]]), Баъди табдил додани ин Академия ба [[факултети санъати ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров]], дар ин Донишгоҳ вазифаи омӯзгор ва мудири кафедраи [[факултети санъати ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров]] адо мекунад. 1996 – 2002 – мудири шӯъбаи санъати Пажӯҳишгоҳи илмию таҳқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон кор карда, дар ҷараёни фаъолият маҳорати касбиашро дар [[Донишгоҳи Миллии Теҳрон]] (1999) такмил медиҳад.
Солҳои 2002 – 2004 – роҳбари бадеии [[Ансамбли давлатии "Шашмақом"}Ансамбли давлатии шашмақомсароёни ба номи Фазлиддин ШаҳобовиШаҳобов]]и Кумитаи давлатии телевизион ва радиошунавонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, айни замон ҳамчун дотсенти кафедраи навозандагии суннатии Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т. Сатторов фаъолият дорад. Ҳамаи фаъолияти илмӣ, эҷодӣ ва омӯзгории Абдувалӣ Абдурашидов ба омӯзиш ва таҳлилу таҳқиқи санъати классикии Шашмақом марбут аст. ӯ муассис ва директори Академияи мақом (2002) мебошад. Дар ҳалли бисёр масъалаҳои мураккаб оид ба нигаҳдориву рушди минбаъдаи ин мероси гаронбаҳои миллати тоҷик, аз ҷумла эҳёву нумӯи санъати Шашмақом саҳми арзанда дорад.
Солҳои 2002–2011 Абдувалӣ Абдурашидов бо дастаи шогирдони худ аз Академияи мақом дар бештари ҷашнвораҳои байналмиллалӣ, аз ҷумла давлатҳои [[Хитой]], [[Германия]], [[Франсия]], [[Белгия]], [[Норвегия]], [[Шветсия]], [[Англия]], [[Италия]], [[Испания]], [[ИМА]], [[Юнон]], [[Ҳиндустон]], [[Эрон]], [[Покистон]], [[Сурия]], [[Марокаш]] ва чандин кишварҳои дигар санъати [[Шашмақом]]и тоҷикро сарбаландона муаррифӣ ва тарғиб намуда, сазовори ҷоизаҳову дипломҳои сатҳи байналхалқӣ гардидааст.
== Эҷодиёт ==