Исм (дастури забон): Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
Исправлено правописание
Барчасбҳо: вироиш тавассути телефони ҳамроҳ вироиш аз барномаи мобилӣ
No edit summary
Барчасбҳо: вироиш тавассути телефони ҳамроҳ вироиш аз барномаи мобилӣ
Сатри 17:
 
Хабар бо исмҳои шахс,ки мубтадо шуда омадаанд,одатан мувофиқат мекунад.Агар исм дар шакли танҳо ояд,хабар низ дар шакли танҳо меояд,агар исм дар шакли ҷамъ бошад,хабар ҳам дар шакли ҷамъ воқеъ мешавад.Вале ин қоида ҳангоми мубтадо шуда омадани исмҳои ғайришахс пурра риоя намешавад,зеро бо исмҳои ҷамъи ғайришахс дар шакли танҳо омадани хабар низ дида мешавад:Шохҳои дарахтон меҷунбид (Айнӣ).Дар шароити алоҳидаи нутқ-ҳангоми бо эҳтиром ном бурдани шахс исм шаклан танҳо бошад ҳам,хабар дар шакли ҷамь меояд:Устод шахси бузург буданд.Он кас ҳеҷ гоҳ бе далелу бурҳон гап намезаданд(Икромӣ).
===Исмхои чинс ва хос===
 
Исмҳо ба ду гурӯҳ: исмҳои ҷинс ва хос ҷудо мешаванд.Исмҳои ҷинс номи умумии ашёи ҳамҷинс буда, ба кадом гурӯҳ мансуб будани онҳоро далолат мекунад: одам, гул, кӯл, дарё, шаҳр, расм ва ғайра. Исмҳои хос ба шахс, ашё ва ҳодисаю воқеаҳои алоҳида мансубанд, онҳо барои аз ашёи ҳамҷинсашон фарқ кунондан истифода мешаванд. Номи умумии Сир, Зарафшон, Вахш ва ғайра дарё аст, вале ба онхо номҳои алоҳида гузоштаанд, ки онро исми хос меноманд.Ба ҳамин тарик , шаҳр исми ҷинс, аммо Москва, Душанбе, Хуҷанд, Самарқанд исмҳои хос, инсон исми ҷинс, вале Зафар, Комрон, Ширин, Зебо исмҳои хос мебошанд.