Исм (дастури забон): Тафовут байни таҳрирҳо

No edit summary
Барчасбҳо: вироиш тавассути телефони ҳамроҳ вироиш аз барномаи мобилӣ
 
==Гурӯҳҳои маъноиву грамматикии исм==
Исм дар [[забони тоҷикӣ]] ба гурӯҳҳои маъноиву грамматикии зерин ҷудо мешавад:
 
 
 
Исм дар забони тоҷикӣ ба гурӯҳҳои маъноиву грамматикии зерин ҷудо мешавад:
[[1.Исмҳои шахс ва ғайришахс;]]
 
[[4.Исмҳои воқеӣ ва мафҳум.]]
===Исмҳои шахс ва ғайришахс===
Исмҳои шахс ва ғайришахс аз ҷиҳати маъно, қабули шаклҳои грамматикӣ , калимасозӣ ва мувофиқати хабар бо онҳо аз ҳам фарқ мекунанд. Дар забони тоҷикӣ танҳо исмҳои шахс ба савохоисаволҳои кӣ, киҳо дигар ҳамаи исмҳо ба саволҳои чӣ, чиҳо ҷавоб мешаванд.
 
[[Хабар]] бо исмҳои шахс, ки [[мубтадо]] шуда омадаанд, одатан мувофиқат мекунад. Агар исм дар шакли танҳо ояд, хабар низ дар шакли танҳо меояд, агар исм дар шакли ҷамъ бошад, хабар ҳам дар шакли ҷамъ воқеъ мешавад. Вале ин қоида ҳангоми мубтадо шуда омадани исмҳои ғайришахс пурра риоя намешавад, зеро бо исмҳои ҷамъи ғайришахс дар шакли танҳо омадани хабар низ дида мешавад:Шохҳои дарахтон меҷунбид ([[Айнӣ]]). Дар шароити алоҳидаи нутқ-ҳангоми бо эҳтиром ном бурдани шахс исм шаклан танҳо бошад ҳам, хабар дар шакли ҷамь меояд:Устод шахси бузург буданд.Он кас ҳеҷ гоҳ бе далелу бурҳон гап намезаданд ([[Ҷалол Икромӣ]]).
===Исмҳои ҷинс ва хос===
Исмҳо ба ду гурӯҳ: исмҳои ҷинс ва хос ҷудо мешаванд. Исмҳои ҷинс номи умумии ашёи ҳамҷинс буда, ба кадом гурӯҳ мансуб будани онҳоро далолат мекунад: одам, гул, кӯл, дарё, шаҳр, расм ва ғайра. Исмҳои хос ба шахс, ашё ва ҳодисаю воқеаҳои алоҳида мансубанд, онҳо барои аз ашёи ҳамҷинсашон фарқ кунондан истифода мешаванд. Номи умумии Сир, Зарафшон, Вахш ва ғайра дарё аст, вале ба онхоонҳо номҳои алоҳида гузоштаанд, ки онро исми хос меноманд. Ба ҳамин тарик тариқ, шаҳр исми ҷинс, аммо Москва, Душанбе, Хуҷанд, Самарқанд исмҳои хос, инсон исми ҷинс, вале Зафар, Комрон, Ширин, Зебо исмҳои хос мебошанд.
===Исмҳои ҷомеъ===
Исми ҷомеь дар шакли танҳо маънои бисёрии ашёи ҳамҷинсро ифода мекунад (мардум,халк халқ, рама).. Дар исми ҷомеъ мафҳуми бисёрӣ чунон равшан аст, ки ҳангоми мубтадо шудани исмҳои ҷомеъ хабар дар шакли ҷамъ меояд:Мардум аз ҷой хестанд.
===Исмҳои воқеӣ ва мафҳум===
Исмхои воқеӣ ва мафҳум (маьнӣ) гурӯҳи махсусро ташкил медиҳанд. Исмҳое, ки инсон ва ашеи олами ҳастиро ифода менамоянд, воқеӣ ном доранд: модар, донишҷӯ,хона, даст ва ғайра. Исмҳои воқеӣ шумурдашаванда буда, миқдори онхо бо адад низ таъин карда мешавад: як муаллим, ду хона, панҷ китоб.Исмҳои мафҳум мафҳумхои амал, аломат ва ҳолатро номбар мекунанд: шӯҳрат, хониш, некӣ, тайерӣ ва ғ. Исмҳои мафҳум бештар аз сифат, феьл, исм ва сифати феьлӣ ба воситаи пасвандҳои -ӣ (гӣ) (мардӣ , нестӣ, нависандагӣ);-гарӣ (одамгарӣ, калонгарӣ, ҳомигарӣ) ; -иш (сабзиш, хониш) ; -ор(сӯхтор, куштор) ;-гор (едгор); -ос(-ас):аккос,фишшос ва ғ.
Исмхои воқеӣ ва мафҳум (маьнӣ)гурӯҳи
махсусро ташкил медиҳанд.Исмҳое, ки инсон ва ашеи олами ҳастиро ифода менамоянд, воқеӣ ном доранд: модар, донишҷӯ,хона, даст ва ғайра. Исмҳои воқеӣ шумурдашаванда буда, миқдори онхо бо адад низ таъин карда мешавад: як муаллим, ду хона, панҷ китоб.Исмҳои мафҳум мафҳумхои амал, аломат ва ҳолатро номбар мекунанд: шӯҳрат, хониш, некӣ, тайерӣ ва ғ. Исмҳои мафҳум бештар аз сифат, феьл, исм ва сифати феьлӣ ба воситаи пасвандҳои -ӣ (гӣ) (мардӣ , нестӣ, нависандагӣ);-гарӣ (одамгарӣ, калонгарӣ, ҳомигарӣ) ; -иш (сабзиш, хониш) ; -ор(сӯхтор, куштор) ;-гор (едгор); -ос(-ас):аккос,фишшос ва ғ.
===Исмҳои ҷондор ва беҷон===
Ҳамаи исмҳо ба ду гурӯҳи калон ҷондор ва беҷон таксим мешаванд Ба гурӯҳи исмҳои ҷондор исмҳои ифодакунандаи номи одамон, ҳайвонот ва ҷонварон дохил мешавад: мард, коргар, асп, хирс, моҳӣ, мӯрча,. Номи ҳамаи ашеи дигар, ҳодисаву воқеаҳо ба исмҳои беҷон дохил мешаванд: санг, замин, об, ҳарос, ханда ва ғ.
 
==Категорияхои исм==
Anonymous user