Исм (дастури забон): Тафовут байни таҳрирҳо
Content deleted Content added
Шухрат Саъдиев (баҳс | ҳисса) х таҳрир |
|||
Сатри 1:
'''Исм''' - ҳиссаи нутқест, ки номи ашё (санг, об, замин, дарахт, моҳӣ, саг,) ва мафҳумҳои ашёшуда (шӯриш,
==Гурӯҳҳои маъноиву грамматикии исм==
Сатри 12:
[[4.Исмҳои воқеӣ ва мафҳум.]]
===Исмҳои шахс ва ғайришахс===
Исмҳои шахс ва ғайришахс аз ҷиҳати маъно, қабули шаклҳои грамматикӣ, калимасозӣ ва мувофиқати хабар бо онҳо аз ҳам фарқ мекунанд. Дар [[забони тоҷикӣ]] танҳо исмҳои шахс ба саволҳои ''кӣ?, киҳо?'' дигар ҳамаи исмҳо ба саволҳои ''чӣ?, чиҳо?'' ҷавоб мешаванд.
[[Хабар]] бо исмҳои шахс, ки [[мубтадо]] шуда омадаанд, одатан мувофиқат мекунад. Агар исм дар шакли танҳо ояд, хабар низ дар шакли танҳо меояд, агар исм дар шакли ҷамъ бошад, хабар ҳам дар шакли ҷамъ воқеъ мешавад. Вале ин қоида ҳангоми мубтадо шуда омадани исмҳои ғайришахс пурра риоя намешавад, зеро бо исмҳои ҷамъи ғайришахс дар шакли танҳо омадани хабар низ дида мешавад:''Шохҳои дарахтон меҷунбид'' ([[Айнӣ]]). Дар шароити алоҳидаи нутқ - ҳангоми бо эҳтиром ном бурдани шахс исм шаклан танҳо бошад ҳам, хабар дар шакли ҷамь меояд:''Устод шахси бузург буданд. Он кас ҳеҷ гоҳ бе далелу бурҳон гап намезаданд'' ([[Ҷалол Икромӣ]]).
===Исмҳои ҷинс ва хос===
Исмҳо ба ду гурӯҳ: исмҳои ҷинс ва хос ҷудо мешаванд.
Исмҳо ба ду гурӯҳ: исмҳои ҷинс ва хос ҷудо мешаванд. Исмҳои ҷинс номи умумии ашёи ҳамҷинс буда, ба кадом гурӯҳ мансуб будани онҳоро далолат мекунад: одам, гул, кӯл, дарё, шаҳр, расм ва ғайра. Исмҳои хос ба шахс, ашё ва ҳодисаю воқеаҳои алоҳида мансубанд, онҳо барои аз ашёи ҳамҷинсашон фарқ кунондан истифода мешаванд. Номи умумии Сир, Зарафшон, Вахш ва ғайра дарё аст, вале ба онҳо номҳои алоҳида гузоштаанд, ки онро исми хос меноманд. Ба ҳамин тариқ, шаҳр исми ҷинс, аммо Москва, Душанбе, Хуҷанд, Самарқанд исмҳои хос, инсон исми ҷинс, вале Зафар, Комрон, Ширин, Зебо исмҳои хос мебошанд.▼
* '''Исмҳои ҷинс''' - номи умумии ашёи ҳамҷинс буда, ба кадом гурӯҳ мансуб будани онҳоро далолат мекунад: ''одам, гул, кӯл, дарё, шаҳр, расм'' ва ғайра.
▲
===Исмҳои ҷомеъ===
'''Исми ҷомеь''' дар шакли танҳо маънои бисёрии ашёи ҳамҷинсро ифода мекунад (мардум, халқ, рама). Дар исми ҷомеъ мафҳуми бисёрӣ чунон равшан аст, ки ҳангоми мубтадо шудани исмҳои ҷомеъ хабар дар шакли ҷамъ меояд:Мардум аз ҷой хестанд.
===Исмҳои воқеӣ ва мафҳум===
Исмҳои воқеӣ ва мафҳум (маьнӣ) гурӯҳи махсусро ташкил медиҳанд.
* Исмҳои мафҳум бештар аз сифат, феьл, исм ва сифати феьлӣ ба воситаи пасвандҳои -ӣ (гӣ) (мардӣ , нестӣ, нависандагӣ); -гарӣ (одамгарӣ, калонгарӣ, ҳомигарӣ) ; -иш (сабзиш, хониш) ; -ор (сӯхтор, куштор) ;-гор (ёдгор); -ос(-ас):аккос,фишшос ва ғ.
===Исмҳои ҷондор ва беҷон===
Ҳамаи исмҳо ба ду гурӯҳи калон ҷондор ва беҷон таксим мешаванд
* Ба гурӯҳи исмҳои ҷондор исмҳои ифодакунандаи номи одамон, ҳайвонот ва ҷонварон дохил мешавад: мард, коргар, асп, хирс, моҳӣ, мӯрча.
* Номи ҳамаи ашеи дигар, ҳодисаву воқеаҳо ба исмҳои беҷон дохил мешаванд: санг, замин, об, ҳарос, ханда ва ғ.
Исм категорияҳои махсуси сарфӣ (морфологӣ) дорад : категорияҳои муайяниву номуайянӣ ва шумора.▼
==Категорияҳои исм==
===Исмҳои муайян ва номуайян===
Исм дорои категорияи сарфии муайяниву номуайянӣ мебошад,ки воситаи асосии ифодаи он артикли ''-е'' ба шумор меравад
===Исмҳои танҳо ва ҷамъ===
Аломати грамматикии шумораи ҷамъи исм пасвандҳои ҷамъбандии тоҷикии ''-ҳо'', ''-он'' ( ''-ён'',
==Калимасозии исм==
Исмҳо аз ҷиҳати таркиби сарфиашон сода, сохта
* '''Исмҳои сода''' танҳо аз реша иборат мебошанд:''хона, дарс, гул, нон'' ва ғ. * '''Исмҳои сохта''' аз реша ва пасванду пешванд таркиб ёфтаанд. * Пасвандҳои исмсоз зиёданд: ''хизматчӣ, оҳангар, омӯзгор, мизбон, харидор, нонвой, хонавода, сӯзанак, тӯёна, пӯшок,дастпона,ангуштарин, чангол, тарсакӣ, шамьдон, сайдгоҳ, лолазор, Тоҷикистон,кӯҳсор, санглох, ҷӯйбор, ганҷина, гулшан,паҳно, донишкада, зебоӣ, одамгарӣ, хониш, рафтор, сармо, зиндагонӣ''. * Дар исмсозӣ танҳо пешванди ''ҳам'' - иштирок менамояд:''ҳамроҳ,ҳамсоя,ҳамдиёр,ҳамшаҳр'' ва ғайра.
* '''Исмҳои мураккаб''' аз ҷузъҳое иборатанд,ки дар натиҷаи васлшавӣ ба асос табдил ёфта , ҳамчун морфема воқеь мешаванд:гап-гап, сарупо,давутоз,сарлавҳа, хамиртуруш, ошхона,салоҳдид,дурбин,шашмақомхон.
* '''Исмҳои омехта''' аз ибора ва таркибҳои гуногун ба воситаи пасвандҳо сохта мешаванд:шабнишинӣ,тозакунӣ,мондашавӣ ва ғ.
== Манбаъ ==
|